DataLife Engine > Чахон, Иктисодиёт > Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шуд

Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шуд


16-03-2020, 11:30. Разместил: orifi Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шудҚурби доллар дар Қазоқистон рӯзи душанбе, пас аз изҳороти Бонки миллии ин кишвар (БМҚ), ки гуфт, арзиши тангаро нигаҳ намедорад, якбора гаронтар шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Kurs.kz, имрӯз 1 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон 440 танга хариду фурӯш мешавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта қурби 1 доллар дар ин кишвар 405,46 тангаро ташкил медод.
Бонки миллии Қазоқистон ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки ба хотири пешгирӣ аз поинравии арзиши танга ба бозори асъор дахолат кард. Ба гуфтаи бонк, ҳадаф аз чораҳои андешида пешгирии беқурбшавии аз ҳад зиёди арзиши танга ба ҳисоб мерафт.
Қурби тангаи қазоқӣ дар баробари арзиши нафт 11 март баъд аз он поин рафт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ коронавирусро фарогир эълом кард. Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён ба ин вирус дар Қазоқистон ба 9 нафар расидааст. Вируси нав дар онҳое ошкор шудааст, ки аз хориҷ баргаштанд.
Вернуться назад