Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Назарбоев: калавиши қурби танга ба некӯҳолии аҳолӣ таъсир намерасонад

Назарбоев: калавиши қурби танга ба некӯҳолии аҳолӣ таъсир намерасонад

17-07-2018, 11:04
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Назарбоев: калавиши қурби танга ба некӯҳолии аҳолӣ таъсир намерасонад

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 16 июл раиси Бонки миллии ин кишвар Дониёр Акишевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қазоқистон иттилоъ додааст.

Назарбоев гуфт, дар ҳоли ҳозир, дар Қазоқистон барои устувор нигаҳ доштани бозори асъор ва рушди минбаъдаи иқтисоди ин кишвар шароити лозимӣ фароҳам карда шудааст.

"Дар нимсолаи аввал иқтисоди кишвар 4% рушд кардааст. Гузариш ба қурби озоди асъор кори дуруст буд. Бояд ба пасту баландшавии асъор одат кард, вале он бояд дар маҳдудаи муайян бошад. Ин ба беҳбудии аҳолии кишвар таъсир намерасонад", - изҳор дошт Назарбоев.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, барои дастгирии бонкҳои ин кишвар се триллион танга ҷудо карда шудааст. Назарбоев аз раиси Бонки миллии Қазоқистон хост, бо ҳадафи ҳимояти амонатҳои сокинон аз қаллобиҳои саҳмдорон бахши бонкии кишвараш бодиққат танзим шавад.

Раиси Бонки миллии Қазоқистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, вазъ дар бозори молии ин кишвар муътадил аст. "Бар пояи нишондодҳои охири моҳи июни соли 2018 сатҳи таваррум 5,9%-ро ташкил медиҳад. Ин поинтарин нишондод тайи се соли ахир аст. Бонки миллӣ дар назди худ вазифа гузоштааст, ки онро то ба соли 2020 ба 4% бирасонад", - афзуд Акишев.

Се моҳ пеш, моҳи марти соли равон қурби як доллар дар Қазоқистон 318 танга буд. Бонки миллии ин кишвар 16 июл қурби расмии як долларро 343,45 танга нишон додааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: