Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Набояд муҳраи бозӣ бошем

Набояд муҳраи бозӣ бошем

9-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Набояд муҳраи бозӣ бошемЁ андешаҳо дар ҳошияи мақолаи доктори улуми сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ.
(Шуури муқаррарӣ)»


Мо бояд чӣ кор кунем?

Замон ва ҷаҳон ба марҳилаи наву ҳассос ва таърихию сарнавиштсоз ворид шуда ва акнун метавон гуфт башарият ба вартаи хатарноку даҳшатборе омада расида. Гӯё ҳама ва дар чор гӯшаи олам роҳи бурунрафт аз ин бунбастро меҷӯянд, аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз буҳрон то ҳанӯз пайдо нест. Аз чорсӯи дунё ҳар рӯзу ҳар соат маргу тахриб, таъзиқу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангу ноамнӣ, террор, муноқиша, одамкушӣ бо шевахои гӯшношуниду муҷозот бо усулҳои дақёнусиро мешунавему мехонем. Барои қудратҳои зӯргӯ ва ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ дар миёни миллатҳо ва дар ақсои олам як кори маъмулӣ шуда. Кишварҳои амну ороми олам, ба хусус давлатҳои мусалмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ноамнӣ гирифтор мегарданд. Бо баҳонаи маккоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо ва демократикунонии ҷомеъаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ аз ҷумлаи занону кӯдакону мӯйсафедонро қатл мекунанд, миллионҳо миллатҳои бумиро бехонаву дар месозанд, ба Аврупо иҷборан муҳоҷирашон мекунанду баъдан кадом кишвари аврупоӣ чӣ миқдор гурезаи мусалмон пазируфтанро миёни ҳам машварату маслиҳат мекунанд, яъне як масхарабозии сиёсӣ дар ҷараён аст. Дар чунин шароити мушкил ва нобасомон, ки қудратҳои бузургу гуруснаи ҷаҳонӣ туъмаҳои наву тоза мехоҳанд мо тоҷикон ва Давлати миллии навпои мо бояд чӣ кор кунем? Саволест, ки бояд ҳама якҷо посухи онро биҷӯем ва аз ин вартаи пурхатар ҷон ба саломат бубарем, давлатдории миллии хешро таҳким бубахшем, дар тахтаи шоҳмоти олам дар муқобили гроссмейстерҳои маккори озмуда хуб бозӣ карда тавонем, то мот нашавем, ҳадди ақал маккорона бозиро давомдор намоем ва ба дарозо бикашем. Роҳи халосӣ ва наҷот аз таҳоҷум, таҷовуз, зулму истисмор ва барбод додани нақшаҳои сиёҳи ғосибону истеъморгарони дунёсӯзи индунёӣ куҷост? Ин андеша чун як тоҷики ватандӯст хеле боз маро нигарон кардаву зеҳни маро машғул медорад ва акнун, ки ду қутби мусалмонони ҷаҳон, ду қудрати дунёи Ислом Арабистони Саъудӣ ва Эрон дар муқобили ҳам дар ҳолати ҷангу хушунату хусумат қарор гирифтаанд, изтироби ботиниам дучанд афзудааст. Олами Ғарб дар андешаи ба ду блоки низомӣ-сиёсӣ; ҷонибдорони Эрон ва ҳампаймонони Арабистон тақсим намудани кишварҳои мусалмонӣ рӯз мебарад, то дар лаҳзаи барои худашон мувофиқ ва мусоид оташи ҷанги наву гӯшношунидро миёни мусалмонон барафрӯзанд. Куриёи Шимолӣ ҳам чанд рӯз қабл силоҳи ҳастаиашро озмоиш кард, ки ҳатто Чину Ҳинд, Русияву Ҷопонро талхакаф кард. Аз интернет хондам, ки соли равон зӯргӯёни ҷаҳон мехоҳанд дар 10 нуктаи мухталифи олам оташи ҷангу ноамниро фурӯзон намоянд. Кош намехондам, зеро эҳсоси мағшуш ва муҳлике вуҷудамро фаро гирифт. Бори дигар сулҳ, осоиштагӣ ва осудагии дар кишвари азизам хукмрон буда чун як неъмати беназир, беҳтарин ва ширинтарин ба ҷилва омад. Ва бори дигар ба ин қарор омадам, ки ин давлат, ин ҳукумат, ин сулҳу сафо, ин оромишу осудагиро бо баҳои ҷон ҳам агар лозим ояд, бояд ҳифз кард.

Ҳушдоре, ки сабақ нашуд
Чун дар ин мавзуъ чанд рӯз қабл бо бародари журналистам Раҳматкарими Давлат суҳбат кардам ӯ ҳам аз зарурияти бедории шуури ҷомеъа ва таҳкими давлатдории миллӣ гуфт ва илова намуд, ки агар матлабе дар ин бора иншо кардан мехоҳам мақолаи доктори улуми сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимовро аз «Ҷумҳурият» бихонам ва аз он истифода намоям. Ва аз сомонаи «Ҷумҳурият» навиштаи устоди донишманд Саймумин Ятимовро зери унвони «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ. (Шуури муқаррарӣ)» пайдо ва мутолаа кардам. Бемуҳобо, бисёр хушам омад, бемуболиға ва бетамаллуқ бояд зикр намоям, ки чанд матлаби навиштаи устод С. Ятимовро, ки мебинам, воқеъан хонданӣ ҳастанд. Инсони огоҳро ба тафаккур намудан таҳрик медиҳад ва зеҳни касро ба зовияи фикр кардан мебарад. Инро на ба он хотир мегӯям, ки муаллифи мақола шахсияти шинохта аст, на, балки ӯро ба хотири озодандешӣ, соҳибсухан буданаш, дарси худшиносӣ доданаш, иршоду раҳнамоиҳояш дар самти худогоҳӣ ва бедории миллӣ бояд арҷ гузошт ва эҳтиром кард. Ёдам ҳаст, соли пор ҳамин шабу рӯз буд, ки назарамро дар ҳошияи мақолаи устод, ки зери номи «Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ» ба нашр расида буд, дар «Миллат» рӯйи чоп оварда будам. Тайи ин як сол дар ҷаҳон, минтақа ва аз ҷумла дар ҷумҳурии мо ҳам ҳаводису иттифоқоти зиёде гузашт, ки дар шуури ҷомеъа ва сиёсатҳои дохилии мо бетаъсир набуданд. Ҷойи афсӯс аст, ки ҳушдори як сол пеши ин огоҳмарди давлат барои бархе афрод ва гурӯҳҳои сиёсӣ сабақ нашуд. Ҳаводиси хунбори авоили сентябри соли гузашта дар кишвар рухдода, ҷомеъаи моро такон дод. Ин ҳодиса дар назар хеле ногаҳонӣ, ғайримунтазира ва барои оммаи бехабар аз бозиҳои геополитикӣ то ҷое ҳам боварнокарданӣ буд, ки муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим бо дастгирии молиявии ҳизби имрӯз аз ҷониби Додгоҳи олӣ террористӣ шинохташудаи наҳзати исломӣ даст ба чунин аъмоли хунину нангин мезананд. Аммо чунин як кори наҳсу нафратоваре сурат гирифт ва дар замини сабзи пойтахти солҳо амну орому гулпӯши кишвари азизамон боз хуни тоҷик рехта шуд. Мо имрӯз бо гузашти фурсате ба он рӯйдоди хунин менигарем ва ба умқи он ҳодиса сар мехалем, чунин хулоса мешавад, ки иддае аз афроду гурӯҳҳои сиёсӣ, аз амсоли назарзодаҳову кабириҳо, ки аз чанд сол қабл дар «системаи нақшаҳои бозигарони бузург ва дар тахтаи шоҳмоти геополитикӣ чун донаҳо ва бозичаву абзори дасти онон хизмат мекарданд» ба ислоҳу салоҳ наомаданд. Ҳушдори ҳукумат ҳам ба ин нерӯҳои омода ба бароварда сохтани мақсадҳои нопоки «душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар» бетаъсир монд. Ҳамин буд, ки давлат ба хотири дифоъ аз худ ва аз амнияту оромии мардум, барои аз байн бурдани хатари рӯзада ҷиддӣ иқдом кард. Бо устод С. Ятимов дар масъалаи «бозтоби воқеъаҳои глобалӣ, минтақаӣ ва баъзе протсесҳои диалектикӣ - идомаи мантиқии равандҳои геополитикӣ, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рух медиҳанд, ниёз ба таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарории дақиқ доранд» комилан мувофиқам. Ва бояд ҳар воқеъоту иттифоқоти марбут ба масоили амниятӣ ва зери хатар бурдани давлатдории миллӣ қабл аз вуқуъ пешгирӣ ва иқдомоту тасмимоти анҷомшудаи давлат дар ростои шиносоӣ ва муҳокимаву муҷозот шудани омилони бесаботӣ дақиқ таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ шуда ба мардум пешкаш шавад.

Навиштаи устод Саймумин Ятимов дар масоили бозиҳои хатарноки геополитикӣ, нақшаву барномаҳои сиёҳи қудратҳои бузурги манфиатҷӯ, бедории шуури миллӣ ва ҳифзу таҳкими давлатдорӣ, ки аз тариқи матбуот пешкаши мардум мегардад, ҷойи таҳсин аст.

Одамро шайтон фирефт, Назарзодаро чӣ?
Акнун биёем сари мақола ва андешаҳои устод С. Ятимов Донишманди миллатдӯст менависад, «дар оламе, ки бунёдаш таърихан бар рақобати носолим асос ёфтааст, чунин муносибат байни давлатҳо боиси тааҷҷуб нест». Яъне давлатҳои муқтадир кишварҳои хурду заифро нописандӣ мекунанд. Ба андешаи ман ҳамон муносибат ва бархӯрде, ки дар масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик ва нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби мақомот ва бархе аз давлатмардони рус бо шаҳрвандони кишвари мо сурат мегирад, намунаи ҳамон рақобати носолим аст, ки ин навъ муносибати номатлуб боиси нигаронӣ ва хашми ҷомеъаи шаҳрвандии мо мешавад. Ва дуруст мегӯяд ҷаноби устод, ки ин «як падидаи одӣ, маъмулӣ ва дар доираи қонуниятҳои муносибати байналмилалӣ мебошад, ки инро доиман интизор бояд буд». Он чӣ устод мегӯяд, бунёди олам бар рақобати носолим асос ёфтааст, мешавад, ки як далелаш ҳамон офариниши Одам аз ҷониби Худованд ва дар баробари Шайтони солхӯрдаву ҳилагару корозмуда қарор додани он бобои навпову навомӯзи содаи мо буд, ки дар нахустин мулоқот он маккор фиребаш кард. Ҳарчанд Худованд таъкидаш ҳам карда буд, ки Шайтон душмани ошкоро аст. Чуноне гуфтанд, таъкид карданд, аммо нафаҳмиданд. Шояд ин қиёс мавриди қабул набошад, аммо чун ин ҷо қиссаи хилқат ёдам омад, гуфтам. Устод С. Ятимов оид ба таҳдиду хатарҳои нави рӯ ба рӯи мо истода ҳушдор дода мегӯяд «дар ин шароит ҳушёрии миллӣ дар мадди аввал меистад», яъне ҳамон нуктаи муҳиме, ки Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта буд. Бузургӣ ва хираду фаросати воло доштани Президенти мо, ки акнун расман Пешвои миллат аст (Табрикаш бод!) дар он зоҳир мегардад, ки дар ин ҷаҳони пурталотум, дар миёни шоҳмотбозони айёру маккор медонад, ки кадом донаро ва кай пеш гузорад, то давлату миллаташро аз мот нигаҳ дорад. Ва ҳалолаш бод сарварӣ! Мо медонем дар дунёи имрӯз, ки шабеҳи як ҷангали анбӯҳ аст дар миёни шеру палангони сиёсӣ бабр бояд буд, то рӯят панҷа накашанд. Нуктаи дигаре, ки дар мақолаи ҷаноби устод таъкид шуда ва посухашро меҷустам ин аст, ки чаро «аз тарафи шахсони маълуми сарватманди ҷомеаи мо, ки аз ҷиҳати молӣ дар пояи чандин маротиба зиёдтар аз қаноатмандӣ қарор доштанд», хиёнат ба сарзамини аҷдодӣ, ба миллату давлат ва ҳам як кори ба фоидаи бадхоҳони мо ва аҷнабиён сурат гирифт? Воқеъан чаро Назарзода ошӯб кард? Оё дар ба раҳгумӣ бурдани ин мақоми пешини Вазорати дифоъи кишвар чӣ омиле нақш бозид; бозигарони геополитикӣ тавонистанд ба шууру андешаи ӯ таъсир гузоранд ё ин ситезаҷӯии ӯ ба қавли донишманд С. Ятимов мансуб ба хислати худсарии инсон буд? Ё ҳарду?!

Ва чаро Кабирӣ ва ёронаш манзурам аъзои садорати ҳизбаш, ки сад бор барояшон гуфтанд мавҷудияти ҳизби динӣ дар ҷомеъаи дунявӣ метавонад омили хатар ва бесуботӣ бошад, напазируфтанд, инро нодида гирифтанд ва гӯш ба карӣ заданд? Чаро онҳо то охирин рӯзи фаъолияти қонунии худ ба дарки ин нукта нарасиданд ва нахостанд эътироф кунанд, ки бозичаву абзори дасти бозигарони геополитикӣ шудаву дар тахтаи шоҳмоти бозиҳои сиёҳи қудратҳои ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд?

Толибон дар сар ҳавои Тоҷикистон доранд
Соле қабл дар он мақолаам навишта будам, ки ҷангҷӯёни ба ном «Давлати исломӣ» дар Сарипул (вилояте дар Афғонистон) хайма зада ва метавонанд омили бесуботии бештари ин кишвар ва минтақа гарданд. Ва инак соҳибони парчамҳои сиёҳ дар Ҳилманд, дигар як вилояти Афғонистон озод гаштугузор доранд ва дар Ҷалолобод радиои онҳо гӯши мардумро кар кардааст. Ин ба ном размандагони исломӣ ними уммати Пайғамбарро ҳукм ба куфр кардан доранд. Вазъият дар се вилояти ҳамҷавор бо кишвари мо; Қундуз, Тахор ва Бадахшон низ нигаронкунанда аст. Устод С. Ятимов бисёр бамаврид ва огоҳона қайд мекунад, ки «дар структураи шуури рӯзмарра (яъне дар кору зиндагии ҳаррӯзаи мо - Т.С.) ҳам акнун беш аз пеш ҷузъиёти хориҷӣ, бегона (таблиғоти зидимиллӣ ва зиддидавлатӣ - Т.С.) қувват мегирад. Аз бозе, ки асбобе бо номи радио, баъдан телевизион, ҳамакнун васоити ахбор ва алоқаи электронӣ пайдо гаштааст, шаклгирии ҷузъиёти шуури рӯзмарра мансуб ба ононест, ки маблағҳои ҳангуфти нафту газ ва ононе, ки аз ин хазинаҳо дар ҳарду шакл бархурдоранд, вобастагӣ дорад». Болотар гуфтам, ки садои радиои террористони байналмилалӣ гӯши мардуми як вилоятро кар карда ва чун сарварони ин гурӯҳи одамхор ва ташнаи ҷаҳонгирӣ дар болои чоҳҳои нафту гази Ироқу Сурия нишастаанд ва пуштибонони қавие ҳам дар гӯшаҳои мухталифи дунё доранд кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо мо дар хонаи худ нишаста садои як аҷнабии хунхорро, ки миллати мусалмону давлати миллии моро нафрин мегӯяд, нахоҳем шунид. Онҳо ҳеч ин андешаро аз сари худ дур накардаанд, ки ба афсонапардозиҳои дурӯғини худ дар ишқи мо иқдом кунанд, шуури муқаррариву рӯзмарраи моро, ки акнун шакл мегирад, тахриб намоянд, ватани амну орому ободи моро ба коми оташи ҷанг бикашанд. Чуноне устод С. Ятимов менависад «дар ин таҳдидҳои воқеъӣ, таъмини амнияти миллӣ дар доираи шуури рӯзмарра аз душвортарин ва масъулноктарин вазифаҳост». Оре, ин хеле вазифаи душвор аст, аммо дар ин самт ҷиддӣ бояд иқдом кард. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ - журналисти соҳибноми тоҷик дар Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи 16 январ дар Душанбе баргузор гардид, дар бораи таъсиси як шабакаи радиоӣ дар минтақаи Кӯлоб ва халои иттилоотии хатарбор ба амнияти миллии дар минтақа ба вуҷуд омада, бисёр дилсӯзона ҳарф зад.

Журналистони миллатдӯстро бояд арҷ гузошт!
Ба зудии зуд бояд радио ва телевизионҳои миллиро дар дурдастарин нукоти кишвар фаъол кард, матбуоти хусусӣ ва мустақил, ки кормандонашон дарку диду андешаи баланди миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ доранд ва усулу масири фаъолияташон милливу тоҷикона аст, бояд дар ҳамин марҳилаи ҳассоси давлатсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон зери сарпарастии молӣ ва маънавӣ гирифта шаванд. Рӯзноманигорони худшиносу миллатдӯсти мо бояд бо ваҷҳи аҳсан аз ҷониби давлати Тоҷикистон қадрдонӣ гарданд. Дар радио ва телевизионҳои миллӣ беҳтарин журналистон ҷамъ оварда шаванд, сифат, муҳтаво ва мазмуни барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ диданӣ ва замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони имрӯз таҳия гарданд. Дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби афроду донишманду худшинос ташкил гарданд, андешаи миллӣ доштан, ба қадри давлати миллӣ, дастовардҳои Истиқлол, сулҳу ваҳдат расидан, садоқат ба Ватан ба роҳбарияти давлат доштанро бояд дар зеҳну шуури мардум таблиғу талқин кард. Ва ин гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд аз ҷониби давлат пуштибонии молӣ шаванд. Ҳеҷ гуна маблағро барои таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат набояд дареғ дошт, зеро мавҷудият ва бақои мудавоми давлати миллӣ ва саботу оромиши саросарӣ худ давлатест бузург ва сарватест бебаҳо, ки агар Худое нахоста халале ворид гардад, онро ба миллиардҳо наметавон ҷуброн ё барқарор кард. Ҳамлаи мусаллаҳона аз ҷониби гурӯҳи Толибон ва тахриб шудани консулгариҳои Тоҷикистон дар вилоятҳои Қундуз ва Бадахшон аз ҷониби ин тӯдаи хуношом аз чӣ дарак медиҳад? Ин ҳамла ба ҳарими поки Тоҷикистон аст. Ин паёмест ба мо, ба давлати мо, онҳо бо мо сари оштиву дӯстӣ надоранд ва ному нишонашон гум бод, ки агар рӯзе аз хоҷагонашон амр бигиранд, корашон ҳамин аст: тахрибу қатлу чаповул. Пас чӣ бояд кард? Боз ҳам ин ҷо истифода кардан аз нирӯ ва дониши журналистони ватандӯст барои мубориза бо душмани хунхори миллат дар мадди аввал бояд бошад.

Чаро ҷомеъаи ҷаҳонӣ хомӯш аст?
Ман аз тариқи телевизион Паёми Президенти кишварамро гӯш кардам. Паёми прагматикӣ ва бозгӯи вазъияти имрӯзӣ аст. Нуқтаи ҷолиб он аст, ки чаро воқеъан агар ин Толибону Давлати исломӣ, Ан-Нусра, Ал-Қойида, Боко Ҳарам ва сад дигар гурӯҳҳои исломии террористу даҳшатафкан ба амнияти ҷаҳон, аз ҷумла ба қудратҳое чун Амрико, Инглистон, Покистон, Арабистон, Эрон, Олмон, Фаронса ва Чину Ҳинд хатар доранд, ин давлатҳо қодир нестанд, ки саркардагону сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳи даҳшатафкани исломиро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашанд ва ҷиноёти онҳо сахт муҳокима шавад? Ва Раҳбари муҳтарами давлатамон ҳини ироаи Паёми хеш суоли хубе ҳам пеш гузошт, ки Чаро дар қиболи ин ҳама террору куштор, муҳоҷирати миллионҳо мардуми бегуноҳ ҷомеъаи ҷаҳонӣ лаб фурӯ баста? Воқеъан чаро?!!! Чунки дигар маълум аст, ки пушти ин ҳама қатлу ноамнӣ қудратҳое ҳастанд, ки суд мебаранд. Аз ин хотир мо бояд сахт ҳушёру ҳушманд бошем, дониста ва фаҳмидаву санҷида пой гузорем, зеро тақсимоти нави ҷаҳон акнун оғоз шуда. Бисёр бамаврид фармудааст устод С. Ятимов, ки «системаи таъмини иттилоотӣ дар тавозун бо тахрибкорӣ нисбати шуури миллӣ, на танҳо баробар, балки зарур аст чандин зина болотар биистад. Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст». Ҳақ ба ҷониби ӯст вақте мегӯяд «дар ҷомеъаи мо, ки ҳанӯз шуури назариявӣ- систематикунондашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, такмил, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси рушди рақобатпазири миллӣ ташкил кунад» ва бо таассуф меафзояд «ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон ҳисси парастиши афкори теологӣ-догматикӣ, ғайриилмӣ боло рафтааст». Назари банда ин аст, ки дар радифи тарғиби омӯзиши илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ тарғиби осори ҷавҳари худшиносӣ ва ҷанбаи илмӣ доштаи нухбагони пешини бошарафамон амсоли Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ ва Носири Хусрав васеъ роҳандозӣ шавад. Чуноне соле пеш гуфтам, имом- хатибонро бояд тавсия дод, ки дар хутбаҳои намози ҷумъа ва мавъизаҳои хеш барои боло бурдани эҳсоси худшиносии миллии мардум аз ашъори Фирдавсӣ ва Носири Хусрав низ гоҳ-гоҳе бояд замзама кунанд, то ин ки ба қавли устод С. Ятимов «шуури рӯзмарра фарогири танҳо ғояҳои бегона намонад, амалкарди анъанавӣ позитиви шуурро заъиф насозад ва давлати миллиро осебпазир накунад, ки ин хатарноктарин раванди ҷомеъаи имрӯзӣ мебошад». Ва дар такмили шуури рӯзмарра ва боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ аз созмонҳои ба қавли донишманд С. Ятимов «ба ном ғайридавлатие, ки дар Тоҷикистон озодона, муваффақона амал ва миллионҳо доллар барои фаҳми шуури рӯзмарраи мо сарф мекунанд» давлат бояд истифодаи босамар ва бар суди миллату давлатдории миллӣ дошта бошад. Яъне агар ин созмонҳои ғайридавлатӣ аз ин миллатанд ва хайри ин давлатро мехоҳанд, он маблағҳоеро, ки аз ҳар куҷои дунё, аз дӯст ё душмани аҷнабие дарёфт мекунанд, сарфи ободии ин Ватан ва барои бедории шуури миллӣ сарф кунанд.

Ба ҳеч кас умед набандем
Ба масъалаи таълимоти динӣ гирифтани кӯдакон донишманд С. Ятимов дахл намуда, воқеъбинона менависад: «Одамон бештар бо нияти нек фарзандони худро аз хурдсолӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб мекунанд. Бо қисме аз пасандози ночизи худ онҳоро барои гирифтани таълимоти динӣ ба хориҷи кишвар мефиристанд. Дар назари волидон ин иқдом безарар менамояд». Устоди фозил бо таассуф дарҷ мекунад, ки ай кош ин кӯдакон дар хориҷ ба омӯзиши техника ва технологияи муосир, илмҳои тиб ва муҳандисӣ ҷалб мешуданд. Бачаҳои миллати моро дар макотиби динии хориҷӣ мағзшӯӣ мекунанд, афкору идеологияи зиёнбори бегонаро дар майнаашон ҷой мекунанд. Ва натиҷаи таҳсили ин кӯдакон барои ҷомеъаи мо мусибату фоҷеъа меорад, яъне аз онҳо террорист месозанд, ки ҳатто намоишкорона сар буридани модари хешро ризои Худо ва барои худ ифтихор медонанд. Ин таъкиди устод С. Ятимовро бояд хуб дар хотир дошт, «ҳеч кас набояд умед бандад, ки қаҳрамонони тахтаи шоҳмоти геополитикӣ рӯзе ҷиҳати дар иқлими мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла сарзамини мо- тоҷикон сохтани шуури назариявии систематикунонидашудаи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва илмсолорӣ ғамхорӣ менамояд». Ним аср боз стратегия- барномае таҳия шуда, ки дар асоси он аввал руҳияи миллӣ, андешаи миллиро мешикананд, ки ин оқибат ба шикасти давлати миллӣ анҷом мешавад ва баъдан роҳ ба сӯйи сохтани давлати исломии мақбули хосташон ҳамвор мешавад. Генерал дуруст қайд мекунад, ки «чунин таҷриба фаъолона идома дорад, ки мақсадашон ба манфиати хеш тағйир додани сохти давлатдории кишварҳо мебошад». Хулоса ин аст, ки як барномаи хуб тарҳрезишудаи таблиғоти зиддимиллӣ дар ҳоли татбиқ аст, ки он ба майнаи инсонҳо ва гурӯҳҳои ҷомеъа сару кор дорад. Ончунон ба майна ва шуури объекти худ таъсир мерасонанд, ки онро ба қавли С. Ятимов «оила, авлод, сохторҳои марбут ба давлат наметавонанд аз он берун созанд». Дар инсон вобастагии пурраи руҳӣ, маънавӣ ва зиддимиллӣ шакл мегирад, ки сарфи назар аз мақому ҷоҳу ҷалол манфиати миллии чунин афроду гурӯҳҳо дар вобастагии кулл ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ- динӣ мемонад. Оре, бо ин хулосаи донишманд розӣ бояд шуд, яъне як тоҷик, ки дар ҳамин хокдон бузург шуда, ҳамин ҷо кору зиндагӣ дорад, нону оби ҳамин сарзаминро мехӯрад, баъди мағзшӯӣ зидди ҳаммиллату ҳамватан, зидди тоҷику давлати Тоҷик амалу андеша мекунад. Ба қавли устод С. Ятимов «дар либоси дӯст кори душман мекунад». Ин бисёр хатарнок аст.

То фардо чун фирдавсӣ насӯзему нанолем…
Фирдавсии сухандону ватандӯст аз забони қаҳрамонаш бо ҳасрату дард арабро «шири шутуру сусморхор» мегӯяд, ки устод С.Ятимов ҳам инро дар мақолааш ёд кардааст. Воқеъан чаро як лашкари иборат аз 60 ҳазор нафар ба қавли Фирдавсӣ шири шутуру сусморхори биёбонӣ 1377 сол қабл бар болои артиши муназзами 600 ҳазорнафараи Форс пирӯз гардид, як имперотурии бузург ба ҳам рехт ва ҳашмату ҷалоли Сосониён моли таърих шуд? Посухи ин суолро устод С. Ятимов медонад ва гуфта: «структура, муҳтаво ва вазифаҳои функсионалии шуури рӯзмарраро зарур аст тарзе ташкил кард, муайян намуд, ки арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ асоси идеявии онро дар бар бигирад». Ва Ҳазрати Муҳаммад (Дуруд бар ӯ ва бар хонадони ӯ бод!) ана ҳамин нуктаро хуб фаҳмида буд ва хамирмояву ҷавҳари сиёсату давлатсозиашро низ аз ҳамон рӯзи нахустини даъваташ (соли 610) бар пояи ҳамин усул, яъне таъсир расонидан бар шуури муқаррариву рӯзмарраи мардум бунёд ниҳод. Бо бутпарасту атеист, бо мушрику маҷус ва габру яҳудӣ аз ҳамин усул кор гирифт, комёб шуд ва дину идеологияаш дар сӣ сол ними дунёи онрӯзро тасхир кард, ду имперотурии бузурги олам - Форсу Румро бар зону нишонд. Ва таърих шаҳодат медиҳад, ки дар як фурсати андак саҳронавардони сусморхор дар кӯшкҳои Анӯшервону Ихшид босалобат даврон меронданду авлоди Сосон барояшон шири гову ангубин ва гӯшти кабку нахчир меовард. Ва дигар ба Фирдавсиву Дақиқӣ нолаҳои ҷонсӯз аз ҷигари бирён кашидан монду бас. Имрӯз шукр мегӯем, ки соҳиби Истиқлол ва давлати миллӣ ҳастем. То фардо чун бузургони пешини хеш нолаи ҷигарсӯз накашем, дар ҳимояи ин давлату Истиқлоли он бояд зиракона гом бардорем ва ба қавли устод С. Ятимов «ҳадафи аслӣ имрӯз бояд шаклгирии шуури муқаррарӣ бошад, инро ба инобат нагирифтан, аз дараҷаи мувофиқат кардани он ба мақсадҳои таъмини амнияти ҷомеъа огоҳ набудан оқибат ба заволи низоми давлатдорӣ ва худи давлат анҷом хоҳад ёфт». Имрӯз аҳли ҷомеъаро зарур аст, ки барои хуб шакл гирифтани шуури рӯзмарра саъйу кӯшиши беандоза дошта бошанд, зеро ба қавли устод С. Ятимов «айни вақт аст таъкид гардад, ки омилҳои аслии таъсиргузор маҳз дар ҳамин пояи шуури ҷамъиятӣ барои манфиатхоҳони зид ба манфиатҳои миллӣ истифода мешаванд. Ин хулоса масъулияти илмӣ ва зиёиёни миллиро дар самти кор бо ҷаҳонбинӣ ва шуури рӯзмарра даҳчанд мегардонад».

Ҳама муттаҳид бошем, беҳтар аст
Банда омӯзгор ҳастам ва масъулияти сарварии як муассисаи таълимиро дар ноҳияи Рӯдакӣ бар дӯш дорам, бо дарки вазъият ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз давлату Ватани хеш мазмун ва муҳтавои ин мақолаи устоди огоҳу донишмандро ба омӯзгорону шогирдон расонидам. Ин нуқтаи зикршудаи устод С. Ятимов бояд дастури ҳаррӯзаи мо омӯзгорон бошад, ки «майдони навкорами майнаи инсон барои коштани ҳама гуна тухми маънӣ, мафҳум ва ҷаҳонбинӣ мувофиқ аст». Аз ин рӯ дар зеҳну майнаи кӯдак бояд шакл гирифтан ва боло рафтани андешаи миллӣ ва шуури муқаррариро доиман бояд талқин кард, то насли ояндасози мо худшиносу миллатдӯст ва ватанпараст ба воя бирасад. Устод С. Ятимов изҳор медорад «нафароне, ки имконоти таъсир ба ҷаҳонбинӣ ва шаклгирии шуури рӯзмарраро доранд аз лиҳози таъмини идеявии манфиатҳои миллӣ зарур ба он ҳуқуқи маънавидошта бошанд, эҳсоси бузурги масъулият кунанд». Оре, давлат вазифадор аст дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ чунин нафарони «имконоти таъсир ба шаклгирии шуури рӯзмарра» доштаро ҳифз кунад, аз дониш, таҷриба, қудрат, имконот, ҷойгоҳ, нуфуз ва таъсиргузор будани онҳо ба ҷомеъа ба хотири пойдории саботи миллӣ, мубориза бо терроризм, тундгароӣ ва барои боло рафтани эҳсоси худшиносии мардум бо ваҷҳи аҳсан истифода намояд. Ҷомеаро аз бемории хавфноки гирифтории вируси идеологияи афроду гурӯҳҳои тундрав, ифротӣ ва назару ақоиди зиддимиллӣ дошта бояд мунтазам эм кард. Дар масири ҳифзи манофеъи миллат, таҳкими сулҳу саботи саросарӣ ва бақои давлатдории миллӣ ба қавли устод С. Ятимов «бояд устодона ва устокорона» амал намуд. Ва дар фарҷом даъвати банда аз ҳама афроди огоҳу худшиноси миллат дар ин замони барои ҷаҳон нобасомон ва дар ин даврони ҳассосу сарнавиштсоз он аст, ки мо бояд дар атрофи раҳбарияти сиёсии давлатамон муттаҳид бошем, иттиҳоди миллӣ моро ба пирӯзии бештар ва шукуфоӣ хоҳад бурд, нозу қаҳри сиёсӣ, кинаву кудурат, амбитсияҳои шахсӣ, орзуҳои қудратхоҳӣ ва ғаразҳои худро фаромӯш кунем ва гирди давлату ҳукумат басич шавем. Мавлонои бузург ҳам агар имрӯз зинда будӣ, шояд чунин мегуфт:

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,
Паркандагӣ аз нифоқ хезад.
Ту ноз кунӣ, ёри ту ноз,
Чун ноз ду шуд, талоқ хезад.


Худо моро, миллат ва давлати моро ҳифз кунад!!!

Толибшоҳи Сайидзода, омӯзгор, узви ИЖТ
Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат» №4 (539) аз 27.01.2016 с.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: