Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СЕҲРИ БОЗИҲОИ КОМПУТЕРӢ ё омилҳои манфии таъсиррасонӣ ба ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон

СЕҲРИ БОЗИҲОИ КОМПУТЕРӢ ё омилҳои манфии таъсиррасонӣ ба ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон

18-01-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
СЕҲРИ БОЗИҲОИ КОМПУТЕРӢ ё омилҳои манфии таъсиррасонӣ ба ташаккули шахсияти кӯдакону наврасонКӣ? Чаро? Барои чӣ? Чӣ навъ? Ба чӣ васила? Ва билохира чӣ бояд кард? Ин суолҳоро имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамарӯза ба худ ва атрофиён медиҳад. Ҳар яки мо ба хотири ояндаи дурахшон ва ҷомеаи солимфикру солимандеша, ки наслҳои оянда, яъне фарзандони мову шумо дар он зиндагӣ хоҳанд кард, бояд андешаронӣ кунем ва ба ин суолҳо ҷавоби амиқ дарёбем, то ин ки аз ҳалли ин мушкилот баромада тавонем.

Камина мехоҳам яке аз масъалаҳои доғи рӯз – майл намудани наврасону ҷавонон ба зӯроварӣ, зуҳуроти бераҳмӣ ва қонуншиканиву беэҳтиромӣ ба атрофиёнро мавриди таҳлил қарор бидиҳам ва баъзе андешаҳои худро ҷиҳати пешгирии ин масоил ба падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва мақомоти мухталиф пешниҳод намоям.

Чанде пеш тариқи оинаи нилгун навореро намоиш доданд, ки дар он зодаи шаҳри Ноябрскии Федератсияи Россия Анатолий Землянка шаҳрванди дигари Россия-Магомед Хасиеви 23-соларо ба қатл расонида, тариқи расонаҳои интернетӣ ба мардум муроҷиати таҳдидомез намудааст. Анатолий Землянка аз соли 2013 ба ДИИШ гаравида, ба сафи сарбозони он мепайвандад.

Омӯзгорон ва нафароне, ки ӯро мешинохтанд мегӯянд, ки «Анатолий гарчанде дониши хуб надошт, вале бисёр оромтабиат буда, бо касе ҷанҷолу хархаша намекард. Агар насаби ғайриоддӣ намедошт, шояд, ки ба ёд оварда ҳам наметавонистем».

Мураббии ӯ дар клуби «Байлун» Олег Зиннер низ мегӯяд: «Анатолий бисёр хушмуомила, ботарбия ва оромтабиат буд».

Аз ин ҷо суоле ба миён меояд, чаро ҷавоне, ки ба қавле пашшаро озор намедод, яку якбора қотилиро пешаи худ мекунад? Ба ғайр аз ӯ дигар нафароне низ ҳастанд, ки пеш аз ба ДИИШ пайвастан одобу ахлоқи хуб доштаанд. Бисёриҳо ҳайрон мондаанд, барои чӣ ҷавонони боодоб ҳам ба ин гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Шояд онҳоро сеҳр мекарда бошанд?

Барои инро фаҳмидан мо кӯдакӣ ва наврасии онҳоро бояд таҳлил бикунем ва омилҳои таъсиррасониро ба шуури кӯдакону наврасон муайян созем. Ман намедонам барои чӣ рӯҳшиносони варзидаи мо оид ба ин масоил хомӯш ҳастанд. Мо медонем, ки шахсияти кӯдакону наврасон дар зери таъсироти гуногун, аз ҷумла оила, мактаб, кӯча, радио ва телевизион ташаккул меёбад ва кадом таъсироте манфӣ ё мусбӣ зиёдтар бошад, ҳамон хел шахс ба камол мерасад.

Як таъсироте, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯҳияи кӯдакону наврасони моро ба бераҳмӣ, зӯроварӣ, қонуншиканӣ ва беэҳтиромӣ моил мекунад, ин бозиҳои компутерӣ мебошад. Кӯдакону наврасони мо баъзан соатҳо дар назди компутер бо бозиҳое машғул мешаванд, ки саропо сифатҳои бадтарини инсониро аз қабили куштор, қонуншиканӣ ва ғайраро ташвиқу тарғиб менамоянд. Мо бошад даст меафшонем, ки «Кӯдак аст бигузор бозӣ кунад». Ҳамзамон боре андеша кардаем, ки оё рӯҳи равони нафаре, ки аз кӯдакӣ тариқи компутер ба куштор машғул мешавад чӣ гуна инкишоф меёбад? Магар ин бозиҳо мактаби зӯровариву бераҳмӣ ва қонуншиканӣ нестанд? Магар худи мо тавассути ин бозиҳои бо ном «шавқовар» фарзандонамонро барои гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ омода намесозем? Магар сабабгори паст рафтани одобу ахлоқ дар байни наврасону ҷавонон маҳз ҳамин бозиҳо нестанд?

Омили дигар ин филмҳои ба қавле «Боевик» мебошад, ки низ ба ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон бетаъсир буда наметавонад. Худ қазоват кунед, ки кӯдаки дар зери ин таъсиротҳо ба воя расида, бераҳм шуда, рӯҳан носолим мешавад. Чунинҳо ба мисли «Зомбӣ» дар ҳолати мувофиқ бо ҳар ки бошад мепайванданд то ин ки ба мисли он бозиҳои компутерӣ ғизои худро бигиранд. Чунки талаботи онҳо зиёд шуда, аллакай дар доираи компутер намеғунҷад. Ин нафаронро вақте ки тариқи сомонаи интернетӣ ба ҷангу куштор даъват мекунанд, беихтиёр ба мисли сеҳршудагон падару модар, ватан ва дигар муқаддасотро фаромӯш карда, бо ифротиён мепайванданд. То ин ки он дарсеро, ки тариқи бозиҳои компутерӣ гирифтаанд, дар дар амал иҷро кунанд. Агар ин хел давом кунад ояндаи ҷавонон ва ҷомеа чӣ мешуда бошад? Он ахлоқу одоби ҳамида, ки тоҷиконро ҳазорсолаҳо дар тамоми дунё маъруфу машҳур карда буд оё аз даст намеравад?
©Абдуқаҳҳори Қосим, мудири Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, узви ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: