Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем10-11-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 681 нафар
Назарҳо: 2
Муовини якуми Раиси Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқ мушовири давлатии Президент Саидмурод Фаттоҳзода дар зимни як мусоҳиба бо мухбири нашрияи “Азия плюс” дар бораи сиёсишавии ислом ва оқибатҳои он, дигаргуниҳои назариёти Нурӣ, ришу ҳиҷоб, хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим, қумондони собиқи ОМОН ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ибрози назар намуд.
- Қариб як сол мешавад, ки шумо масруфи кори ҳизбӣ ҳастед. Оё дар ин давра дар фаъолияти ҳизб ягон тағйирот ба амал омад? Оё ягон пешрафти қобили мулоҳиза ба мушоҳида мерасад? - Дар ин маврид пешрафтҳои мо агар гӯем, ки қобили мулоҳизаанд, хато намекунем. Чуноне ки хонандаи арҷманд огаҳӣ дорад, ба таърихи 13 декабри соли 2014 ҳизби мо Анҷумани навбатии XII худро доир намуд. Дар он бештар аз 1200 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Рӯйдоди муҳими Анҷумани мазкур суханронии пешвои ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ барои беҳдошти фаъолияти ҳизб дар ҳамаи зинаҳо дар назди кулли ҳизбиён вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар маърӯза ҳамзамон таъкид гардид, ки тамоми кӯшишу ғайрати ҳизб, фраксия, гурӯҳҳои он дар парламент ва маҷлисҳои минтақавӣ бояд ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии сокинони мамлакат равона карда шавад. Дар Анҷуман корҳои анҷомдодашуда ҳамаҷониба таҳлил гардида, барои фаъолияти самараноки минбаъда такони нав дода шуд. Ман ба сифати Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар ин марҳила бо дастури Раиси муаззами ҳизб бо командаи нав корҳои анҷомёфтаро аз нав дида баромада, бо назардошти воқеияти кунунӣ дар назди худ вазифаҳои нав гузоштем. Дар ҳамин замина имкониятҳои худро барои муваффақона гузарондани интихобот сафарбар намуда, дар муборизаи рақобатнок ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштем. ҲХДТ на танҳо дар парлумон аксарияти курсиҳоро соҳиб гашт, балки дар тамоми маҷлисҳои маҳаллӣ бештарини ҷойҳоро ба даст овард. Ҳамчунин мо ба он ноил гаштем, ки фаъолияти ҳизбамон расонаӣ ва оммавӣ гардад. Робитаҳои мо бо матбуот хеле қавӣ гашт. Дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбамон аз бисёр муқаррароти кӯҳнашуда ва технологияҳои қолабӣ даст кашидем. - Ба кори ҳизб дар миёни мардум чӣ гуна баҳо медиҳед? Оё камбудиҳое низ ҷой доранд, ки онҳоро мебояд ислоҳ кард? - Барои ҳар кадои ҳизб маҳаки асосии баҳо додан ин боварии халқ аст. Дар интихоботи гузашта маҳз ҳамин меъёр, яъне боварии халқ ба мо имкон дод, ки ба пирӯзӣ бирасем. Албатта, ин боиси хурсандӣ аст, вале набояд аз чунин комёбӣ хотирҷамъ гардем. Гузашта аз ин набояд аз камбудиҳо чашм пӯшем. Дар ҳама давру замон ҳизби ҳоким объекти интиқоди шаддиди мухолифон буд. Мо инро ба таври муқаррарӣ қабул мекунем, зеро ки ҳама гуна танқиди беғараз ва одилона омилҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти худ аз паҳлу баҳо диҳӣ. Рақобати сиёсии солим ҳизбро бештар қавӣ мегардонад. Аммо муттаасифона, на ҳама вақт танқид одилона, балки баъзан аз рӯи ғараз сурат мегирад. Мо чунин меҳисобем, ки маҳз муколамаи мустақим бо мардум имкон медиҳад, ки ҳама гуна мушкилоту проблемаҳо ба таври самаранок ҳаллу фасл гардад. Бинобар ин мо ният дорем, ки корро бо ташкилотҳои ибтидоӣ пурзӯр намоем, зеро ки онҳо мустақиман бо мардум сару кор доранд. Мо сафҳои ҳизбро тақвият мебахшем, бо гуруҳҳои ҳизбиамон дар маҷлисҳои маҳаллӣ корро вусъат мебахшем, ҷобаҷогузории кадрҳоро бознигарӣ мекунем, аъзои навро ба сафҳоямон ҷалб менамоем ва бо ҷомеаҳои маҳаллӣ фаъолона кор мебарем. - Бо вуҷуди ин нозирони байналмилалӣ натиҷаҳои интихоботи парламентии гузаштаро танқид карданд, коршиносони маҳаллӣ низ аз он эрод гирифтанд. Шумо ба танқиди онҳо чӣ посух медиҳед? - Ман фаъолияти нозирони байналмилалиро муҳокима карданӣ нестам, аммо муттаасифона бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки солҳои охир дар таҷрибаи мушоҳидони байналхалқӣ кишварҳоро ба “қулай” ва “ноқулай” тақсим мекунанд. Гузориши онҳоро дар мавриди интихоботи баъзе ҷумҳуриҳо хонда, баъзан беихтиёр ба чунин хулоса меоӣ, ки онҳо дар ҷое хасакеро мебинанду дар ҷои дигар ҳатто кундаро мушоҳида намекунанд. Масалан, дар Афғонистон, ки баъзе вилоятҳояш таҳти тасарруфи гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қарор дорад, интихоботи каму беш демократиашон дар аввал зери суол бурда мешавад, баъдан онро нозирони байналмилалӣ демократӣ ҳисоб мекунанд. Яъне, ҳамааш аз рӯи ба қавле “мақом” баҳогузорӣ мешавад. Лекин дар Қазоқистону Белорус, ки роҳбаронашон дар миёни мардум маҳбубият доранд, гӯё ҳуқуқи интихобкунандаҳоро вайрон мекунанд. Тааҷубовар нест, ки интихоботи моро низ баъзе нозирони байналмилалӣ танқид карданд. Ҳайратовар он аст, ки онҳо дастовардҳои солҳои охири моро дар бахши демократисозии ниҳодҳои ҷамъиятӣ намебинанд. Агар авзои солҳои охирро бодиққат таҳлил кунем, мебинем, ки мақомоти қонунгузор барои демократикунонии ҷомеа ва шаффофияти интихобот дар кишвар ба иқдомҳои ҷиддӣ даст задаанд. Интихоботҳои охири мо барои ташаккули аҳзоби ҳақиқӣ ва таҷаддуди сохтору фарҳанги иттиҳодияҳои сиёсии нав саҳнаи муносибе буданд. Фикр мекунам, ки инро на танҳо аҳолӣ, ки интихобкунандаҳои асосии мо ҳастанд, мушоҳида намуданд, балки нозирони байналмилалӣ ва коршиносон ҳам бо чашми худ воқеияти онро диданд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки баъди эълони натиҷаҳои интихоботи ахири мо дар муқоиса ба маъракаҳои гузашта аз ҷониби мухолифон эродҳои ҷиддӣ ироа нашуд. - Ба ҳар сурат суоле пайдо мешавад, ки чӣ гуна аҳзобе, ки дар бораашон чизе шунида намешуд, монеаи панҷфоизаро гузаштанд? - Тайи солҳои охир ҷаҳон бо суръат тағйир хӯрда истодааст ва табиист, ки назару андешаҳои сиёсӣ дар бисёр кишварҳо вобаста ба авзоъ низ дигар мешаванд. Ин раванди муътадил аст. Дар олами имрӯза мо мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна баъзе аҳзоби анъанавӣ маъруфияти худро аз даст дода, баръакс, неруҳои нави камнуфуз бошад, босуръат қавӣ мешаванд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо метавонад, интихоботи ахири Парлумони Аврупо бошад, ки бидуни интизори ҷонибдорон ва коршиносон аҳзоби ба ном “евроскептикҳо” якбора дар миёни мардум машҳур шуданд. Тоҷикистони мо ҳам дар ин маврид истисно нест. Дар мо низ чунин авзоъ сурат гирифта истодааст. Яъне, бахше аз электорат ақидаҳояшонро дигар карда истодаанд. Дар инҷо мо бояд ба далелҳо руҷуъ намоем. Агар дар мавриди Ҳизби аграрӣ, ки ба қавли шумо “дар борааш амалан чизе шунида намешуд”, мулоим карда гӯем, нодуруст аст. Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки дар миёни мардум бахше набошад, ки ислоҳоти аграриро напазирад. Дар ҷомеаи мо одамони зиёде ҳастанд, ки ғояҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар аҳзобе, ки дар гузашта обрӯ доштанду ба таври анъанавӣ дар парлумон курсиҳоро соҳиб мешуданд, вақтҳои охир бинобар камфаъолиятӣ дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ натавонистанд садди панҷфоизаро гузаранд. Бинобар ин ҷои онҳоро аҳзоби нисбатан фаъол, рақобатпазир бо назариёту барномаҳои нав ишғол намуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳукумат онҳоро ба канораҳои саҳнаҳои сиёсӣ набурдааст, балки худи мардум дигар нахоста, ки онҳоро дар бинои парламент бинанд. Гузашта аз ин низоми ҳозираи сиёсӣ аз нуқтаи назари интихобу рақобатнокии аҳзоби сиёсӣ ба шакли дуруст фаъолият дорад. Фикр мекунам, дар мамлакат неруҳои муътадили лозимии мухолиф ҳастанд, ки дар парлумон бахши мардумро намояндагӣ кунанд. - “Ин аҳзоб” гуфта, шумо ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунистиро дар назар доред? - Дар бораи ҲНИТ ман дар мақолаи худ бо номи “Интихоби мо чӣ маъно дорад?”, ки дар ВАО чоп шуд, навишта будам. Дар он сухан дар бораи идеологияи коммунистӣ ва исломӣ мерафт, ки моҳиятан ҳарду идеологияи томгаро мебошанд. Онҳо дигарандеширо гӯши шунидан надоранд. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ниҳояти асри гузашта дар Тоҷикистон ин ҷанги ду идеология-коммунистӣ ва исломи сиёсӣ мебошад. Муқовимати ин ду идеология ба фалаҷ гаштани сохторҳои давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ овард. - Аз он давра вақти зиёде гузашт ва аҳзоби сиёсӣ ба таври мусолиматомез фаъолият доштанд. Имрӯз чӣ гап гузашт? - Ба гумонам, агар ҳоло Саид Абдуллои Нурӣ мебуд, ҳизби исломӣ дар чунин вазъият намеафтод. Аммо далеле, ки дар соли 2010 ҲНИТ фаъолияташро дар Шӯрои ҷамъиятӣ манъ кард, ин занги аввали худи наҳзатиҳо буд, ки худро аз ҳамзистии мусолиматомез канора гирифт. Зеро ки маҳз Шӯрои ҷамъиятӣ барои нигоҳдории сулҳу субот дар мамлакат масъулият дорад. Инкишофи минбаъдаи воқеаҳо ва натиҷаҳои пешакии тафтишот нишон доданд, ки доираҳои муайян ва роҳбарияти ин ҳизб дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бинобар ин ман чунин меҳисобам, аҳзобе, ки дар заминаи исломи сиёсӣ ташкил шудаанд, дар ниҳоят аз тактики террор кор мегиранд. Барои мисол “Бародарони мусулмон” –и Мисрро гирем, ки баъди ба сари ҳокимият омадан мардум ҳис кард, ки онҳо дар мавриди роҳандозии ислоҳоти демократию иқтисодӣ омода нестанд. Дар натиҷа артиш ташаббусро ба дасти худ гирифт. Он чизе ки имрӯз дар Сурия мегузарад низ натиҷаи сиёсисозии ислом мебошад. Бинобар ин ба андешаи ман танҳо давлати дунявӣ қодир аст, ки ин идеологияҳо, аз ҷумла исломиро ба мусолиҳа биёрад. Бояд мо мухолифи идеологияи радикалии ислом ва атеизми ҷанговар бошем. - Яъне, лозим аст, ки ба Конститутсия дар бораи мавҷудияти ду идеология – динию атеистӣ тағйирот ворид гардад? Зимнан, дар ин бора имомхатибони ҷумҳурӣ дар намози рӯзи ҷумъаи худ ибрози андеша карданд... - Ман мехоҳам ин фикри худро асоснок намоям, ки барои чӣ мо мухолифи исломи сиёсӣ ва атеизми ҷанговар бошем? Дар инҷо пешниҳодҳои имом-хатибони минтақаи Рашт ва назари мулло Абдураҳимро, ки яке аз асосгудорони ҲНИТ буд, зикр намудан ба маврид аст. Дар мулоқоти Президент бо аҳли ҷамоатчигӣ дар соли 2013 суханронии ӯ як навъ иқрор кардан буд. Ӯ гуфт, ки дарвоқеъ замоне, ки мо муқобили низоми коммунистӣ мубориза мебурдем, фикр мекардем, ки барои ин ҳақи маънавӣ дорем. Аммо вақте ки дар Афғонистон афтодем, фаҳмидем, ки масъала в ё проблема аз будаш фаротар будааст. Дар онҷо неруҳои дигари хосияти байналмилалӣ дошта буданд, ки гуруҳҳои террористиро маблағгузорӣ мекарданд ва кӯшиш менамуданд, ки низому давлатҳои дунявиро барҳам зананд. Мо бошем дар дасти ин доираҳо аз як асбобаке беш нестем. Ҳамон вақт ӯ гуфта буд, ки ислом моҳиятан ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад. Зеро ки ташкили ҳизби сиёсӣ исломро ба гуруҳҳо ҷудо мекунад. Ба фикри ман имом-хатибон беҳуда зидди сиёсисозии ислом баромад накардаанд. Воқеаҳои Шарқи наздик ва Шимоли Африқо албатта ба табъи эътиқодмандони дин дар кишвари мо, таъсири ҷиддӣ расонд. Чунки онҳо бо чашми худ диданд, ки чӣ гуна зери шиори ислом террори рӯирости аҳолӣ ва куштори даҳшатбори асримиёнагӣ сурат мегирад. Имрӯз мо дида истодаем, ки дар тамоми дунё зуҳуроти исломбадбинӣ доман паҳн карда истодааст. Бинобар ин шакли бкҳтарини давлатдорӣ ба андешаи инҷониб давлати дунявӣ мебошад. Дар чунин давлат дин ба кори хусусӣ табдил меёбад. Ман ҳам тарафдори адами руҳоният нестам. Ба андешаи ман ислом ҳамчун таълимоти ахлоқӣ, ки талқинкунандаи принсипҳои волои ахлоқӣ мебошад, ба мардум таъсири бузург мерасонад. Чаро мо ин неруро барои тарбияи ҷавонон истифода накунем? Аммо ин бояд зиндагии хусусии ҳар шахс бошад. Чунин имкониятҳоро бояд барои намояндагони ҳамаи динҳо, на танҳо мусулмонон, балки барои масеҳиҳо ва яҳудиҳо низ фароҳам биёрем, то ки онҳо талаботи руҳонии худро қонеъ гардонанд. - Аз ин бармеояд, ки риш мондану ҳиҷоб пӯшидан кори шахсии ҳар шахс аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба ин кордор бошад? - Оид ба ин масъала ман назари шахсии худро гуфтан мехоҳам. Чунин ифодае ҳаст, ки “Аблаҳро гуфтанд, ки Худоро саҷда кун, ӯ бошад пешониашро зада кафонд”. Чуноне ки дар мо мегӯянд “Ба ҷои салла каларо оварданд”. Ин гуна ҳолатҳо буданд, ҳатто дар ин маврид изҳороти ВКД ҳам интишор ёфт, ки ин амал сиёсати ғайрирасмӣ аст. Чунин дастур ҳам вуҷуд надошт, ки мардонро дастгир намуда, ришашонро тарошанд ва ё ҳиҷоби занҳоро барандозанд. Масъалаи дигар дар мавриди муассисаҳои расмӣ аст, ки дар онҷо бояд ягон меъёр, қоидаи пӯшидани либос, тозагии шахсӣ (гигиена) мавҷуд бошад. Бинобар ин ман ҷонибдори он ҳастам, ки принсипҳои дунявият риоя гарданд. Он тарафаш чуноне гуфтем, ихтиёри ҳар кас аст. - Бори дигар ба суоли мавҷудияти ҳизби динӣ баргаштан мехоҳам . Дар ин маврид ман ҳамин хел фаҳмидам, ки ба ҳар сурат бояд ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид бояд кард? - Дар тӯли 18 соли охир ҳизби динӣ дар саҳнаи сиёсии кишвари мо расман амал карда, асосан ба ривоятбофӣ ва сиёсисозии дин машғул гардид, ки ба асосҳои конститутсионии ҳаёти сиёсии кишвар мувофиқат намекард. Аз рӯи адолат мебуд агар гӯем, ки пешниҳод дар бораи бастани ҲНИТ дар давоми чанд соли охир аз ҷониби баъзе аъзои фаъоли ҳамин ҳизб ба миён омада буд. Ман фикр мекунам, ки ҳазф намудани масъалаи таъсиси аҳзоб дар заминаи динӣ ва атеистӣ аз моддаи 28 бояд тариқи раъйпурсӣ ҳал карда шавад. Зеро ки дар инҷо зиддият ҳам ҳаст. Он вақт, албатта ин натиҷаи муросо буд, ки барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ анҷом дода шуда буд. Аммо ҳизби исломӣ, ки бо моҷаро иртибот дошт, дар ниҳояти кор боз рӯ ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ овард. Вақте онҳо дарк намуданд, ки мардум ғояи бунёди низоми исломиро дастгирӣ намекунад, бо воситаи тарсондану террор ба ҳадафҳои худ ноил гаштан хостанд. Ин ҳолат на танҳо дар ҷумҳурии мо ба амал омад, балки дар бисёр кишварҳои исломӣ низ сурат гирифта истодааст. Бинобар ин барои худҳифозатӣ беҳтар аст, ки исломро сиёсӣ накунем. То ки бозингарони беруна аз он истифода набаранд. Кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар сатҳи муовини вазири мудофиа ба фикри ман ин дархости доираҳои муайян дар хориҷи кишвар буд. Зеро ки ин шахс дар вазифаҳои баланд кор карда, камбағал ҳам набуд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки барои чӣ ба ин кор иқдом намуд? Табиист, ки ҳар касе пул мепардозад, ӯ ҳам мусиқӣ дархост мекунад. Ҳамин тариқ ӯ супоришро ба ҷо овард. - Шумо гуфтед, ки агар Саид Абдуллои Нурӣ мебуд, ҲНИТ дар чунин вазъият намеафтод. Барои чӣ? Оё шумо бо эшон шинос будед? - Ман бо ин кас шахсан шинос набудам. Бори аввал дар бораи ӯ аз тариқи мақолаи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” маълумот гирифта будам. Ин соли 1987 буд, ки он вақт ман баъди бозгашт аз Афғонистон барои кор ба сифати журналист ба ин нашрия омада будам. Ёд дорам ҳамон вақт ба идораи рӯзнома чанд нафар ҷонибдорони Нурӣ зада даромада, таҳдид намуданд, ки муаллифи мақоларо ҷазо доданианд. Ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки ин одам пешвои созмони ғайрирасмии динӣ ва сабтиномнашуда мебошад. Нафарони ба ғазабомада тарафдорони ӯ буданд ва ҳеҷ гуна интиқодро ба унвони пешвои худ таҳмил намекунанд. Шиносоии ман бо ин одам ҳамин тариқ сурат гирифта буд. Ба андешаи ман бисёр корҳо ба пешвои сиёсӣ робита дорад. Агар Нурӣ зинда мебуд, ҳизби исломӣ ба чунин ҳол гирифтор намешуд, аз ҷониби роҳбарияти ҳизб хиёнат сурат намегирифт, онҳо ба тавтеаи ҳоҷӣ Ҳалим гирифтор намешуданд. Дар ин маврид Нурӣ сазовори эҳтиром аст. - Аммо ба наздикӣ Маркази исломшиносӣ масъалаеро бардошт, ки дар гуфтаҳои Нурӣ ғояҳои ифротӣ мавҷуд будаанд. Барои чӣ ин масъала имрӯз бардошта шуду панҷ сол ё даҳ сол пеш не? - Марҳум Нурӣ дар оғози фаъолияти сиёсии худ, ки ба даврони рушди сохти коммунистӣ рост меомад дар мавриди низоми давлатдорӣ дар сар андешаҳои радикалӣ дошт. Истисно нест, ки дар гуфтаҳои ҳамон даврааш ғояҳои ифротӣ низ вуҷуд дошт. Аммо баъди ворид шудан ба равандҳои сиёсии минтақавӣ ақидаҳояш тағйир ёфтанд ва ӯ хатоиҳояшро қоил шуда, ба авзоъ баҳои воқеӣ дод. Таърих собит намудааст, ки ба фаъолияти ягон нафар баҳо додан танҳо баъди гузашти вақти муайян имконпазир аст. Маркази исломшиносӣ низ ҳақ дорад, ки ҳамчун мақоми босалоҳияти давлатӣ таҳлили худро анҷом диҳад ва натиҷаи онро ба муҳокимаи ҷомеа манзур намояд. - Имрӯз мегӯянд, ки ҲНИТ ва Назарзода дар давоми панҷ соли охир нақша доштанд, ки табаддулоти давлатӣ намоянд. Барои чӣ дар бораи ин нақша дар тӯли панҷ сол чизе маълум набуд ва якбора дар чанд шабонарӯз ҳамааш аён шуд? - Раванди демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди ҳизбу ҳаракату созмонҳои мухталиф шароити мусоиде эҷод намуд. Ва табиист, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ки дар ин ё он муассисаи давлатӣ кор мекунанд, ҳамзамон узви ташкилотҳои номбурда ҳастанд. Ба ибораи дигар дар байни кормандони муассисаҳои давлатӣ афроде низ ҳастанд, ки бо ин ё он васила бо ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла бо радикалҳо алоқа доранд, ки дар марҳилаи аввал инро пайхас кардан душвор аст. Нахуст, тибқи ғояе, ки онҳо доранд, бояд аз рӯи муқаррароти касбию пинҳонкорӣ фаъолият дошта бошанд. Онҳо ҳамеша дар назди худ ҳадафҳои мушаххас ва ҷиддӣ мегузоранд, ки он ба оштинопазирӣ, фаъолияти тахрибкорӣ ва шикасти сохтори давлатӣ нигаронда шудааст. Чӣ хеле медонед, онҳо ҳеҷ вақт пешакӣ дар бораи табаддулоти давлатӣ ва бо зӯрӣ ғасб намудани ҳукумат изҳорот намекунанд ва мақсадҳои худро ҳам ошкоро эълон намедоранд. Мутаасифона, Назарзода аз ҷумлаи чунин ашхос буд ва танҳо дар вазъи ба амал омада худро ифшо намуд. Дар инҷо лозим аст, ки касбияти олӣ ва амали бонизоми сохторҳои қудратиро, ки вазифаи худро баҷо оварда, кӯшиши шӯриши мусаллаҳонаро пешгирӣ намуданд, махсусан зикр кард. - Мо пештар аз ҳеҷ кас нашунидем, ки дар вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ шахсоне низ ҳастанд, ки дар вазифаҳои баланд хизмат карда, тибқи фарзияи тафтишот ба сулҳу суботи мамлакат хавф доштаанд. Дар ин маврид чӣ фикр доред? - Биёед, ба таърихи на чандон дури худамон назар андозем. Дар натиҷаи ба имзо расидани санади сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва ИНОТ беш аз панҷ ҳазор нафар аз мусаллаҳони оппозитсия ба сафҳои воҳидҳои низомии вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои интизомӣ шомил гаштанд. Мо умед доштем, ки ин одамон хатои худро фаҳмида, минбаъд ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат мекунанд. Аммо афсус, ки мақоли “Ҳар қадар, ки гургро хӯрок диҳӣ, лекин боз ҳам ёдаш ба ҷангал аст”, рост будааст. - Ин суолро ба вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мавриди фирори қумондони ОМОН Гулмурод Ҳалимов низ додан мумкин аст. Яъне, инро чӣ гуна ҳақ баровардан мумкин аст, ки ӯ ҳатто аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст. Ва чӣ хел якбора чунин вазифаро соҳиб шудааст? - Одамон бештар вақт аз ғояти гулию гарангӣ ё бевиҷдонӣ (бешарафӣ) ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Чуноне ки Монтескё гуфтааст “аҳмақии калон дар заминаи нафрат ва хурдаш аз тарс сурат мегирад”. Мумкин Ҳалимов ягон навъ нафрат нисбати ҷомеаи секулярӣ (дунявӣ) дошта бошад. Баъди чанд пирӯзии ДИИШ дар Ироқу Сурия имкон дорад тахаюлу ҳаваси фиребо Ҳалимови носолимро ба ин иқдом тела додааст. Таърих бисёр чунин мисолҳоро медонад, ки соҳибмансабони ҳарбӣ барои манфиатҳои ночизи шахсиашон муқобили манофеи миллӣ ва давлатӣ баромадаанд. Инҷо соя набояд рӯи тамоми хизматчиён, ки онҳо дар ҳимояи Ватани худ қарор доранд, афтад. - Чанд маротиба ВАО-и давлатӣ дар бораи он ёдовар шуд, ки ҲНИТ ва Назарзодаро аз хориҷа, онҳое, ки ба нооромии Тоҷикистон манфиатдоранд, маблағгузорӣ мекарданд. Шумо гуфта метавонед, ки имрӯз ин барои кӣ манфиат дорад? - То ҳоло чун ҳамон солҳои 90-и асри гузашта дар хориҷи мамлакат доираҳое ҳастанд, ки ба нооромии авзои дохили кишвари мо манфиатдоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ба сарчашмаи террор, зӯроварӣ ва радикализм табдил диҳанд. Табиист, ки ин қувваҳо дар миёни табақаҳои ифротгарои ҷомеа такягоҳ меҷӯянд, то ки ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худро амалӣ гардонанд. Барои мисол дур рафтан лозим нест. Дар Афғонистони ҳамсояи мо ва дар Ироқу Сурия теъдоди зиёди гуруҳҳои ифротию террористӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҷониби боз ҳамон доираҳои манфиатхоҳ бо пул таъмин карда мешаванд. - Вақтҳои охир дар ВАО чанд маротиба масъалаи ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Пешвои миллат бардошта шуд. Оё сарфароз гардондан ба чунин унвон воқеан ҳам муҳим аст? - Дар нисбати Пешвои миллат ҳоло дар миёни олимон муҳокимаҳо рафта истодааст. Мардум низ ҳангоми баромадҳояшон аллакай ба Сарвари давлат “Пешвои миллат” гуфта муроҷиат мекунанд. Ва ман дар як мақолаам Президентамонро дар як саф бо Авраам Линколн, Камол Отатурк ва дигар бузургон гузошта будам. Ин на барои он буд, ки бори дигар эҳтиромоти самимии худро нисбати Президент таъкид намоям, балки вобаста ба воқеияти таърих инро тазаккур додам. Авраам Линколн дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА тавонист, ки тамомияти арзии кишварро нигоҳ дорад. То имрӯз амрикоиҳо бо эҳтиромоти зиёд нисбати ин президент сухан мегӯянд. Дар фарҳанги сиёсии онҳо низ қабул шудааст, ки ҳар кадом президентро бояд аз рӯи дастовардҳояш баҳо диҳанд. Бинобар ин фикр мекунам, ки ба ҳар ҳол мо бояд ба шахсиятҳо баҳо додан аз рӯи саҳмашон дар барқарорсозии давлатдориамонро ёд гирем. Маҳз ба ҳамин хотир ба андешаи ман Президентамон ба унвони “Пешвои миллат” сазовор аст. Агар бо пешвоёни дигари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунем, онҳо мамлакати худро аз рӯи мерос гирифтаанд, амалан дар онҳо мухолифатҳои сиёсӣ ва харобкориҳо набуд. Дар ҳамин зовия хизматҳои Президенти мо ниҳоят бузург аст. Давлатдорӣ набошад, фаъолияти муътадили сохтори давлатдорӣ, хулоса ҳеҷ чиз намешавад. Дар синни 40-солагӣ ба сари ҳокимият омад ва изҳор дошт, ки сулҳро пойдор мегардонад, ҳамаи гурезаҳоро бармегардонад ва мо дидем, ки ӯ ҳамаи ин корҳоро анҷом дод. Ин боиси ифтихори бузург аст. Лозим аст, ки ниҳоди Пешвои миллат созмон дода шавад ва дар ин самт сиёсатшиносон, ҳуқуқдонҳо, аъзои фраксияи мо кор баранд ва ин масъаларо ба парлумон пешниҳод намоянд. Фикр мекунам, ки хуб мебуд агар дар заминаи қонунгузорӣ ба ниҳоди Пешвои миллат салоҳиятҳои муайян дода шавад. Масалан дар Қазоқистон Елбаси унвони ифтихорӣ аст. Аммо барои пурқувват намудани низоми сиёсиамон ба Пешвои миллат бояд ягон хел салоҳият дода шавад. Ин ниҳод метавонад дар оянда барои эътидоли вазъияти сиёсӣ ва носозгориҳои иҷтимоӣ нақши мусбат дошта бошад. - Мехостам назари шуморо дар бораи вазъияти атрофи фавти Умаралии панҷмоҳа бифаҳмам. Ба он чизе ки дар нисбати ин қазия дар ҷомеа, дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон мегузарад, чӣ баҳо медиҳед? - Дар ин маврид ман гуфтаҳои Президентамонро хондам ва бисёр мақбулам шуд. Бале, ин фоҷиа нишонаи муносиботи носолими одамонро нишон медиҳад. Аммо дар атрофи он воҳимаи зиёд кардан раво нест, ки боиси халалдор шудани муносиботи миёни миллатҳо ва давлатҳо шавад. Зеро ки имрӯз дар Русия теъдоди бузурги муҳоҷирони корӣ фаъолият доранд. Ба ман ҳамчунин гуфтаҳои муовини Раиси Думаи давлатии Русия писанд омад. Ӯ комилан дуруст иброз доштааст, ки ин ҳодиса чеҳраи аслии мо ва золимии моро нишон дод. Охир ӯ кӯдак аст. Чӣ гуна ӯро аз модараш канда мегиранд? Ин амалан куштор аст. Ин фоҷиа дили ҳамватанони моро ба ларза овард ва дар атрофаш вокунишҳо зиёд шуданд, ки нишонаи ҳамраъйии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Ман фикр мекунам, ки ҳамааш бояд аз рӯи адолат сурат бигирад. Мақомоти интизомӣ бояд қазияро одилона баррасӣ намояд. Дирӯз хабари дигаре аз Думаи давлатии Русия омад, ки дар мавриди ҳодисаҳои марбут ба ҷудо кардани модару кӯдак ба қонунгузории он кишвар тағйирот ворид карда мешавад. Агар адолат тантана кунад, ҷомеаи мо қаноат ҳосил мекунад, ки воқеан ҳам Русия як кишвари мутамаддин аст ва дар онҷо қонун волоият дорад. Ба ин ҳақиқат қодир ҳастанд ё не, инро ҷараёни тафтишот ва натиҷаҳои он нишон медиҳад. ©Таҳияи Зебо Тоҷибоева, тарҷума аз нашрияи “Азия плюс” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.