Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БА ОВОЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН АРҶ МЕГУЗОРЕМ

БА ОВОЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН АРҶ МЕГУЗОРЕМ

27-02-2020, 09:58
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
БА ОВОЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН АРҶ МЕГУЗОРЕМ
…Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон


Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ,
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Чунин тавсифро метавон ба номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 – Исмоилзода Зуфар Муртазохон нисбат дод. Ӯ аз шахсиятҳои дар ҳаёти ғоявию сиёсӣ камолёфта мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон соли 1988 дар Кумитаи ноҳиявии комсомолии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло ноҳияи Деваштич) оғоз намудааст.
Сипас, дар вазифаҳои инструктори Кумитаи марказии комсомолии ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳарбӣ ватандӯстӣ, котиби якуми кумитаи ноҳиявии комсомол, мудири бахши шуъбаи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи кор бо ҷавонон, вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо ҷавонони вилоят, роҳбари маркази аналитикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд адои вазифа кардааст ва бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Истиқлол ва солҳои 2011-2015 раиси ноҳияи Деваштич таъйин гардидааст. Аз моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу таҳкими сиёсати пешгирифтаи ҳукумати қонунии кишвар фаъолона иштирок намудааст. Дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботу бехатарии гузариши иҷлосия иштирок дошт. Дар амалиёти зидди хиёнаткорони ҷангҷӯй дар шаҳри Хуҷанд (ноябри соли 1998) далерию шуҷоат нишон дода, бо мукофоти давлатӣ шарафёб шудааст.
Дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба ҳайси ҷонишини раиси ситоди ноҳиявии номзад ба мансаби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардааст. ӯ дар таъсисёбии ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич фаъолона иштирок карда, яке аз аввалинҳо шуда, ба аъзогии ҳизб қабул гардидааст. Зуфар Исмоилзода сиёсатшиноси варзида буда, соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Академик А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон рисолаи илмии номзади илмҳои сиёсатшиносиро дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст.
Исмоилзода З.М. дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Ситораи сурх», медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои фидокорӣ» (Ҷумҳурии Демократии Афғонистон), «Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ», «Ба ҷанговари интернатсионалист», ордени «Барои хизмати шоён»-и Иттифоқи мудофиавии ташкилоти варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени “Шараф” ва “Мардонагӣ”-и Фонди умумироссиягии Шараф ва Мардонагии Федератсияи Россия, медали «Шараф дараҷаи II»- и Комиссияи мубориза бо коррупсияи Федератсияи Россия, инчунин, мукофотҳои соҳавӣ ва медалҳои ҷашнӣ мебошад.
Барои саҳми арзанда бо унвонҳои Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Фаъолияти ӯ дар соҳаи татбиқи сиёсати ғоявии давлат ҳанӯз дар айёми Шӯравӣ оғоз ёфта, дар маъракаҳои зиёди интихоботӣ иштирок намудааст. Он давра кам набуданд вакилоне, ки бо ваъдаҳои бепоя аз қабили сохтани ошхонаю чойхона ё туҳфаю зиёфатдиҳӣ то ба Шӯрои Олӣ интихоб мешуданд. Рисолати вакилии давраи Истиқлол аз фаъолияти он вакилони давраи пешин тамоман дигар аст. Вакил имрӯз иншоот намесозад, балки дар таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум саҳм мегирад.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон аллакай ҳамчун вакили мардумӣ дар даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намуда, баҳри таҳия ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва волоияти қонунгузории кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Алалхусус, фаъолияти Исмоилзода Зуфар ҳамчун собиқаи ҷанговар-интернатсионалистдошта баҳри дар рӯҳияи баланди ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон, эҳтироми муқаддасоти Ватан, оштинопазирӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ, садоқат ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ назаррас мебошад. Барои рушди варзиш ва ташкилу оммавигардонии он кӯшида, пайравонаш оид ба каратэ-кёкушинкай ба устоди дараҷаи ҷаҳонӣ (дорандаи Ҷоми ҷаҳон байни наврасон Фарзод Нуруллоев) расидаанд. Худ оид ба ин намуди варзиш номзад ба устодии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Барномаи навбатии пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз
ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 боз ҳам амиқтару воқеӣ буда, ба ҳаллу фасли масъалаҳои асосии ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ равона мегардад. Аз ҷумла, ҳалли масоили мавҷудаи ҳудуди ҳавза оиди таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ӯ мусоидат намуданро ба тадбирҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тақозо мекунад.
То имрӯз дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» соли ҷорӣ бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, иқдомҳои раиси ноҳия Сулаймон Ризоӣ ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ноҳия зиёда аз 170 км роҳҳоро таъмиру тармим карданд. Айни замон, корҳои навсозӣ дар ин самт идома доранд.
Худи ӯ ҳамчун раиси пешинаи ноҳия аз муаммоҳои норасоии об дар ноҳияи Деваштич ба хубӣ бохабар аст. Имрӯз ҳамчун вакили мардумӣ ҳамкориро дар ҳалли масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ як самти муҳими барномаи худ интихоб намудааст. Алҳол ҳалли таъминоти об дар ноҳия ба лоиҳаи GЕҒҒ Тоҷикистон дохил гардидааст. GЕҒҒ Лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, ки дар доираи Барномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо Иттиҳоди Аврупо, Фонди Иқлими Сабз ва Ҷумҳурии Корея ҳамкорӣ мекунад.
Интихобкунандагон ба номзад ба вакилии худ боварии комил доранд. Зеро, вакили интихобнамудаи онҳо робитаро дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию истеҳсолӣ, иҷтимоию ғоявӣ мунтазам ба роҳ монда, баҳри амалигардонии барномаи пешбинишуда бо мақсади саҳмгирӣ дар рушди минбаъдаи маҳал тамоми кӯшишу имконияти худро ба харҷ медиҳад.
Солеҳ Юсуфов
«БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!»
Б а р н о м а и пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич” №24
ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН
1 январи соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Деваштич дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.
Соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси филолог – шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Бо дарки масъулияти баланди ватандӯстии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ, баҳри ободӣ ва шукуфоии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, зиндагии арзандаи мардуми шуҳратёри кишвар, волоият ва ҳифзи арзишҳои олии инсон барномаи пешазинтихобии худро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, манзур менамоям:
- сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оиди рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дохилию хориҷии кишвар ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, барои татбиқи он тамоми қобилияти зеҳнӣ ва малакаи кории худро равона месозам;
- барои амалигардонии мақсад ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ оид ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият менамоям;
- баҳри таҳия ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва волоияти қонунгузории кишвар саҳми арзанда мегузорам;
- дар татбиқи амалии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», қонунҳои миллии ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», солимгардонии муҳити ахлоқии ҷомеа, беш аз пеш баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон, занон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамоям;
- дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон, эҳтироми муқаддасоти Ватан, тарғиби оилаи солим, ҳурмати падару модар ва таъриху тамаддуни аҷдодӣ фаъолона иштирок менамоям;
- барои рушди варзиш ва ташкилу оммавигардонии он дар маҳал кӯшиш ба харҷ медиҳам;
- баҳри амалигардонии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», иҷрои дастуру нишондодҳои Президенти кишвар оиди истифодаи самараноки обу замин, ислоҳоти аграрӣ ва замин, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонии хурд ба хоҷагиҳои калонҳаҷм фаъолона иштирок менамоям;
- баҳри саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар, густариши соҳибкории хурду миёна, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоям;
- барои пешгирии қонуншиканӣ, мубориза бар зидди ришвахӯрӣ (коррупсия), сӯистеъмоли мансаби давлатӣ, маҳалгароӣ, ки ба коста гардидани покизагии фазои ҷомеа сабаб мегарданд, инчунин, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар амалҳои номатлуби ҷомеа саҳм мегузорам;
- ба тақвияти касбомӯзӣ ва корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва фарҳанги муошират дар омодагии пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар мусоидат менамоям.
Дар сурати интихоб шуданам ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич», №24 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштичу шаҳри Истаравшан кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерини ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ диққати хоса диҳам:
- мусоидат барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ҳудуди ҳавза оиди таъмири роҳҳои маҳаллӣ;
- ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ;
- мусоидат намудан дар сохтмон ва таъмири муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ;
- мусоидат ба ҷалби бештари маблағгузории ташкилотҳои байналмилалӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти ҳавза.
Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо робитаро бо интихобкунандагон мунтазам ба роҳ монда, баҳри амалигардонии чораҳои пешбинишуда бо мақсади саҳмгирӣ дар рушди минбаъдаи маҳал кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки сазовори боварии интихобкунандагони худ гардам.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: