НОМЗАДИ АРЗАНДА8-01-2020, 10:24
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 6-уми январи соли равон Конференсияи XV-уми ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, ҳайати комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сомонӣ, рақами 8, аъзои Ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ ва дигар аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия ширкат доштанд.
Рӯзномаи кори Конференсия аз масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Зимни баррасии он, вакилони Конференсия бо ҳамовозӣ номзадии раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Юсуфӣ Муҳаммадраҳимро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешбарӣ намуда, дар ин маврид қарори дахлдор қабул карданд. Муаррифии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сомонӣ, рақами 8 Юсуфӣ Муҳаммадраҳим: Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, 10-уми сентябри соли 1960 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982, пас аз хатми донишгоҳ дар хоҷагии таҷрибавии «Ҳосилот»-и собиқ ноҳияи Ленин, ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси агроном-тухмипарвар оғоз намуда, солҳои минбаъда дар вазифаҳои агрономи Стансияи озмоиши мошинҳо, ходими хурди илмии Институти зироатпарварии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъба, мудири шуъбаи Комитети комсомолии ноҳияи Ленин, инструктори шуъбаи коргарҷавонони Комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон дар ноҳияи Ленин, Котиби якуми Комитети комсомоли ноҳияи Ленин, мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии Комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, сардори Раёсати ташаббус ва алоқа бо созмонҳои ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Давоми солҳои 1997-2007 вазифаҳои раиси Ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, 2007-2012 муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ, 2012-2015 директори МДИ «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон», 2015-2018 раиси ноҳияи Рӯдакиро бар ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2018 то ин ҷониб дар мансаби раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифои вазифа карда истодааст. “МХ” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.