Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Навидҳои интихоботӣ

Навидҳои интихоботӣ

25-02-2020, 16:54
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Навидҳои интихоботӣ
Новокузнетск (Россия)
Суҳбат бо муҳоҷҳирон
Гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иборат аз Лоиқзода Қаноатшо, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётов Расулҷон, директори корхонаи “Суғдзаминсоз” ва Зиёваддинзода Суруридин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар шаҳрҳои Новокузнетск ва Кемерово кор мекунанд, вохӯриҳо анҷом дод.
Дар вохӯриҳо гурӯҳи корӣ оид ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Вохӯрӣ бо номзадҳо
Хуҷанд
Дар участкаи интихоботии №53, воқеъ дар муассисаи давлатии таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар доираи мулоқот ва муаррифии номзадон ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрии судманди интихобкунандагон бо номзадон ба вакилони халқӣ баргузор гардид.
Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Баҳодур Муъминов оѓоз намуда, гуфт, ки дар мулоқоти имрӯз номзадон ба вакилии парлумони касбӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 бо шахсони боэътимодашон ҳузур доранд ва барояшон фурсат дода мешавад, ки барномаҳои интихоботиашонро муаррифӣ намоянд.
Сипас, шахсони боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, Суҳробҷон Самадов, Мубина Хоҷаева, Шуҳрат Файзуллоев, ки номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хуҷанд №13 мебошанд ва ашхоси бовариноки Маъруф Муҳаммадзода, Муҳсин Ҷабборзода, Малика Исобоева ва Диловара Қодирова, ки номзадба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 мебошанд, тарҷумаи ҳол ва барномаи интихоботии вакилони ояндаро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳо, албатта, барои ҳар як шаҳрванди диёр, махсусан,ҷавононе, ки бори аввал дар ин маъракаҳои сиёсӣ иштирок ва қисме аз онҳо ба сифати вакил пешбарӣ мегарданд, бисёр муҳим мебошад. Зеро ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми бештари вакилони пешбаришуда, ба Маҷлиси намояндагон ва вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ҷавонони донишманди касбу кори гуногун ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки ин неруи тавонманд оянда дар рушду пешрафти кишварамон нақши муассир мегузорад.
Панҷакент
Дар деҳаҳои Зимтут ва Рукнободи шаҳри Панҷакент вохӯрии номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо интихобкунандагон доир гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ АбдуғанӣҚобилзода ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Номзад аз ҳавзаи якмандатии интихобот Айнӣ №22 - Шарифзода Ғ.А. барномаи пешазинтихобтии худро ба интихобкунандагон шарҳ дод.
Дар интиҳои вохӯрӣ интихобкунандагон доир ба масъалаҳои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳои маҳаллӣ, ҳавасмандкунии ҷавонони эҷодкор, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба ҷои кор таъмин намудани онҳо пешниҳодҳои худро баён дошта, изҳор намуданд, ки дар интихобот, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ раъйи худро медиҳанд.
Исфара
Навидҳои интихоботӣ Муовини раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ГулафзоҶӯраева бо ҷавонони фаъоли Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқбори аввал иштирок мекунанд, суҳбат кард.
ӯ оид ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҷавононро барои ширкати фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ даъват карда, иброз дошт, ки дар рӯзи интихобот ба номзадҳои арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Спитамен

Тибқи нақшаи бахши занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен 20 феврали соли равон дар ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи Спитамен» вохӯрӣ бо иштироки мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроия Заррина Бобоқулова ва мутахассиси бахши кор бо ҷавонон Азиза Отабоева баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ З. Бобоқулова аҳли нишастро оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ«Интихобот-2020» ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шинос намуда, оиди номзадҳое, ки аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣшудаанд, маълумот дод.
А. Отабоева низ дар баромади худ оиди таърихи таъсисёбии ҳизб сухан ронда,доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҳизб маълумот дода, даъват кард,ки 1мартдар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба ҷонибдории ҲХДТ, ки дар бюллетени овоздиҳӣтаҳти №7 номнавис шудааст, овоз диҳанд.
Фархор /сурат
20 феврал мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ бо интихобкунандагони деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор баргузор гирдид.
Дар он номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Фархор №34 Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №60 Исозода Фарҳод Чиллахон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон иштирок доштанд ва барномаҳои пешазинтихоботии худро дар ҳузури беш аз 200 нафар интихобкунанда шарҳ дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар мулоқот раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат ва баромад намуд.

Кӯшониён
Навидҳои интихоботӣ Дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён вохӯрии номзадҳои пешниҳодшуда аз ҲХДТ бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣҲабибзода Зоир, узви Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Шодиён Муҳаммад Султонзода - номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён иштирок намуда, аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо муаррифӣ ва бо барномаи пешазинтихоботии онҳо шинос карда шуд.
Абдусаломзода Мунаввар дар вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, дар идома аз интихобкунандагон даъват намуд, рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда раъйи худро диҳанд.
Дар ҷараёни ин нишаст, иштирокдорони мулоқот ҳам пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоии маҳали зисташон баён доштанд.
Ю. Солеҳ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: