
Ин рақамро Котиби генералии СММ Пан Ги Мун овардааст, иттилоъ медиҳад The Associated Press. Сухан нисбати гурӯҳҳои террористие меравад, ки дар Нигерия, Либия, Покистон ва Филиппин пойгоҳ доранд. Гуфта шуд, ки сафи гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ба ДИИШ «байъат» хоҳанд кард, соли 2016 хоҳад афзуд. Пан Ги Мун ҳушдор дод, ки соли ҷорӣ шумораи ҳуҷумҳо ба туристон зиёд хоҳад шуд.
Котиби генералии СММ ҳамчунин қайд кард, ки ДИИШ айни замон аз сарватмандтарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон маҳсуб ёфта, танҳо тиҷорати ғайриқонунии нафт соли 2015 400-500 миллион доллари ИМА ба ҷангиён фоидаи соф додааст. Ҳамагӣ дар ҳисобҳои бонкии ин гурӯҳи террористӣ аз миллиард доллар зиёд маблағ буда, боз наздик ба миллиард доллар аз мошинҳои боркаше, ки ҳудуди таҳти назорати ДИИШ-бударо убур мекунанд, ба сифати андоз ситонида мешавад.
Гурӯҳи ДИИШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эълон шуда, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст.
©Азамат Дӯстов