Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Забеҳулло Муҷоҳид: барои ДИИШ дар Афғонистон ҷойгоҳ нест!

Забеҳулло Муҷоҳид: барои ДИИШ дар Афғонистон ҷойгоҳ нест!

8-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 386 нафар
Назарҳо: 0
Забеҳулло Муҷоҳид: барои ДИИШ дар Афғонистон ҷойгоҳ нест!Котиби матбуотии гурӯҳи «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид изҳор дошт, ки хадамоти махсус ва ВАО-и ҷаҳонӣ қудрати гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Афғонистон аз ҳад зиёд нишон додаанд. Ӯ илова намуд, ки толибон ба ҳеҷ ваҷҳ бо намояндагони «Давлати исломӣ» гуфтушунид нахоҳанд кард, чун «намояндагони ДИИШ афроди боақл нестанд».

Чуноне ки агентии Bloomberg дар истинод ба номаи электронии Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад, толибон аз гуфтушунид бо ДИИШ саркашӣ мекунанд ва ба фаъолияти ин гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон монеа эҷод хоҳанд кард. – Мо тамоми имконияти даркориро баҳри ба даст овардани сулҳ истифода бурдем, аммо маълум гардид, ки ин ашхос солимақл набуда, сулҳ ва гуфтушунид бо онҳо ғайриимкон аст,-навиштааст ӯ.

Забеҳулло Муҷоҳид ДИИШ-ро «маҳсулоти ифлос ва дурушти мардумони Ховари Наздик» номида, изҳор дошт, ки дар ҷомеаи Афғонистон барои он ҷой нест. Дар симои ҷангиёни «Давлати исломӣ» толибон «ғоратгарони машҳур ва рабояндагони одамон»-ро мебинанд, ки баҳри расидан ба аҳдофи худ кӯшиши тарсонидани одамонро мекунад. –ДИИШ бо Афғонистон ягон алоқае надорад. Агар сохтори қавии марказӣ ва маъмурияти исломӣ сохта шавад, пешрафти ин гурӯҳ ва пазироии он аз ҷониби ҷомеаи мо ғайриимкон хоҳад буд,- гуфта шудааст дар ин нома.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: