Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳисор: вохӯриҳо идома доранд

Ҳисор: вохӯриҳо идома доранд

19-02-2020, 09:04
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
                            Ҳисор: вохӯриҳо идома доранд Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Ҳисор №7» шурӯъ аз 11 феврали соли 2020 вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор мегарданд. Дар ин раванд, санаи 14 феврал вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон-сокинони ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ориён» сурат гирифт. Дар ҷараёни он номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварҷон Аъзамов-менеҷери Маркази саломатии шаҳри Ҳисор, худпешбар, Абдувоҳид Раҳимов-муовини директори                             Ҳисор: вохӯриҳо идома дорандҶДММ «Тоҷик Стар Сино», худпешбар, Субҳон Сатторов-омӯзгори фанни химия ва биологияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби конференсияи ҲАТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ гардидааст ва Сурайё ӯроқова, директори генералии ҶДММ «Гурӯҳи Самимӣ Сохтмон», ки бо қарори Конференсияи 16 (рақамҳои римӣ)-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ гардидааст, иштирок намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуданд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, намояндаи Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов ва сардори Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни он ба ҳозирин муҳтавои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-25 расонида шуд.
Азамат ДӮСТОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: