Пешбарии номзад аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Спитамен13-01-2020, 17:00
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
13 январ дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Спитамен конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои Спитамен, Деваштич ва Зафаробод бо иштироки 344 вакил баргузор гардид. Дар конференсия як масъала-пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар баррасии масъалаи рўзномаи конференсия аъзои кумитаи иҷроитяи марказӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон акдемик М. Имомзода баромад намуда, номзадии Наимҷон Бобоевро ба вакилии МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Спитамен №25 пешниҳод кард. Тибқи тартиби баргузории конференсия тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони конференсия номзадии Наимҷон Бобоевро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҷонибдорӣ намуданд. Н. Бобоев ба вакилони конференсия барои дастгираашон изҳори сипос намуда, арз дошт, ки ҳамеша барои хидмат ба Ватану миллат омодааст. С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.