
7 январ дар маҷлисгоҳи КВД Ширкати Алюминийи Тоҷик, ба раёсати раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Абдураҳим Шоҳиён Конференсияи XXIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кори худ идома бахшид. Дар рўзномаи конференсия як масъала - пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси номаяндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Турсунзода №5 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
.

Тибқи қарори конференсия Холмаҳмадзода Солеҳа, муовини раиси шаҳри Турсунзода ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Турсунзода №5 пешбарӣ гардид.
Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Холмаҳмадзода Солеҳа бо аксарияти овозҳо тасдиқ гардид.