
Бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ А.А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З.Ф., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино - 4 Асозода М. ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар он мутобиқи рўзномаи конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст Файзуллозода Заррина маҷлисро оѓоз намуда, суханро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ А.А. супорид. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сараввал номзадро муаррифӣ намуда, махсусан қайд кард, ки маъракаҳои сиёсии дар пешистода ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин рўзҳои бисёр ҳам барои миллат тақдирсоз, бо ҳисси баланди ватандорӣ дар ин маъракаҳо фаъолона иштирок намоем ва ба тарафдории номзадони арзанда овоз дода, бо ин роҳ дар интихоби вакили арзанда ва бо ин васила дар ободу зебо ва пешрафт намудани кишвари азизамон саҳми босазои худро гузорем.
Дар ин миён тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии Рустам Шоҳмуродро ҷонибдорӣ намуда,ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Пас аз қабули қарорҳои дахлдор, ба кори Конференсия бо нигоҳ доштани ваколати вакилон танаффус эълон карда шуд.