«Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-таҳти чунин унвон таи рӯзҳои 26 - 30 октябри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Фестивали байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори Фестивали мазкур олимон, мусиқинавозон, устоҳои ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳунармандони маъруф аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шумораи умумии даъватшудагон аз кишварҳои хориҷӣ 27 нафарро ташкил медод.
Воқеан ҳам дар ҷаҳони кунунуӣ, ки авҷи бархурди тамаддун ва фарҳангҳои қавму қалибаи гуногуни сайёра идома дошта, тезутундшавии бархурди тамаддуни Шарқ ва Гарб баръало мушоҳида мегардад, баргузор намудани чунин Фестивал ва боз ҳам муаррифи намудани хислатҳои инсонсолории фанҳангҳои Шарқу Гарб аз манфиат холи нест.
Дар рафти баргузории Фейстивали мазкур, ки чанд рӯз идома ёфт, гузаронидани “дарсҳои маҳорат” бо мақсади тақвияти малакаву дониши толибилмон, доир намудани мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозӣ намудани консерти мусиқии Аргунун ва муарифии пайванди абадӣ ва ногусастанӣ доштани мусиқии Ғарб бо Шарқ аз зумраи муҳимтарин чорабиниҳое буданд, ки бобати таъсир расонидан ба бархурди тамаддунҳо ва муборизаи носолими фарҳангҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар рӯзи аввали баргузории ин чорабинӣ
26 октябр,ифтитоҳи Маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъати Авруосиёсурат гирифт. Ҳамзамон дар ин рӯз барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи устодони таҷрибадори Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии ӯзбекистон, ҳамчунин ҳунармандони мардумии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону ӯзбекистон доира ба мавзӯоти , «Иттилоот. Технологияи санъат», «Масъалаҳои эҷоди хислат дар санъати актёрӣ» ва г дарсҳои маҳорат (мастер классҳо) гузаронда шуд.
Дар рӯзи дувуми баргузории Фестивали мазкур санаи 27-уми октябр вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштирокдорони фестивали байналмилалӣ сурат гирифта баъдан, дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар Шамсиддин Орумбекзода, иқдоми пешгирифтаи Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар хусуси баргузории фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини офтобию зебоманзари Тоҷикистон, ба шаҳри дилорои Душанбе ва донишкадаи ҳунарҳои зебо хайрамақдам гуфт. Зикр сохт, ки донишкада дар давоми солҳои зиёди фаъолияташ барои муассисаҳои фарҳангии кишвар ва берун аз он мутахассисони баландихтисос тайёр менамояд, ки дар байнашон чеҳраҳои шуҳрати ҷаҳонидошта кам нестанд.
Мафсуф таъкид намуд, ки маҳз фарҳангҳо омили аслии наздик сохтани халқу миллатҳо мебошад. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри 18 ба ҳам пайванданд. Мо дар ин муддат аз фарҳангҳои якдигар омӯхта, аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ гардидем ва то кунун ин раванд идома ва инкишоф меёбад.
Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдорони вохӯриро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳоикушода» бошад, чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишондод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурда икишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар навбати худ, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Хайридин Усмонзода, иброз намуд, ки: Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба тазаккур аст, ки Дар кори чорабинӣ, ҳамчунин конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардида дар рафти онҳо мавзӯоти
- Шарқ - Ғарб: масъалаҳои хусусиятҳои хос ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо;
- санъати анъанавии мусиқӣ: мушкилоти нигоҳдошт ва рушду такомул;
- анъанаҳои миллии мусиқӣ дар эҷодиёти бастакорони Авруосиё;
- ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҳориқаи ҳифзи мутассилии эҷодиёти бадеӣ.
- «Мусиқии пешоҳанги русӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо»,
- «Мушкилот ва дурнамо игуфтугӯи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб дар вазъияти буҳрони ҷаҳонии тамаддунҳо»,
- «Фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ: ҷустуҷӯи шаклҳои нави баҳамоӣ» Мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин дар доираи ин фестивали байналмилалӣ се консерт: мусиқии анъанавӣ, мусиқии сози арғунун ва мусиқии камеравӣ ва симфонӣ баргузор гашта, намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдори фестивал гузаронда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар давоми се рӯзи баргузории Фестивали мазкур олимони маъруфи соҳаҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқинавозони шинохта, ҳунармандони асил аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз дидан намуданд. Қобили қайд аст, ки Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардида буд.
Суғдмеҳри Маъруфзод