Душанбе, 31 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шашумин фестивали байналмилалии этно-ҷаз дар Душанбе

Шашумин фестивали байналмилалии этно-ҷаз дар Душанбе

30-04-2019, 06:58
Хабарро хонданд: 444 нафар
Назарҳо: 0
Шашумин фестивали байналмилалии этно-ҷаз дар Душанбе Барои боз ҳам рушди жанри мусиқии «ҷаз» дар Тоҷикистон аз 26 то 28 апрели соли ҷорӣ дар пойтахт шашумин Фестивали Байналмилаии этно-ҷази Душанбе баргузор гардид.
Дар давоми 3 рӯз дар толори консертии «Кохи суруш» меҳмонони фестивал имконият пайдо карданд, ки ба фарҳанги мусиқии Тоҷикистон, кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз наздик шинос шаванд. Дар фестивал ҳунармандон ва гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Швейтсария, Олмон, Австрия, Нидерланд, Фаронса, Қазоқистон, ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.
Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла гурӯҳи «Авесто» (Khaliln brothers), гурӯҳи «Роҳи абрешим» зери роҳбарии Самандар Пӯлодов ва Иқбол Завқибеков ва гурӯҳи «Навои аҷам» намояндагӣ карданд. Инчунин гурӯҳи донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бори авввал истеъдоди волои худро нишон доданд.
Фестивали байналмилалии этно-ҷази Душанбе дорои иқдомоти анъанавии дурахшоне бо номи «Вазифаи хонагӣ» аст. Имсол суруди халқии «Гулумой» тавассути роҳбари ҳунарии фестивал навозанда ва оҳангсоз интихоб шуда буд. Тамоми гурӯҳҳои иштироккарда, мусиқии халқии тоҷикиро, ки аз қабл ба онҳо фиристода шуда буд, бо маҳорати баланд иҷро намуданд.
Дар рӯзи дуюми фестивал гурӯҳи «Авесто» бо роҳбарии Ҷасур Халилов, бори аввал дар Фестивали байналмилалӣ эпоси «Гурғулӣ»-ро бо мусиқии этно-ҷаз омезиш (синтез) дода, тамошобинонро ба ваҷд овард. Ҳадаф аз гузоштани мусиқии мазкур, ин муаррифии жанри мусиқии «Гурғулӣ» ба оламиён ва бештар таблиғи он дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Тӯли ин се рӯз илова ба барномаи консертии фестивал, инчунин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов як силсила-мастер классҳои кушода ва вохӯриҳои эҷодӣ бо иштирокчиёни фестивал аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуд, ки имконияти хуби мубодилаи таҷриба, илҳом ва эҷодиётро фароҳам овард. Ҳамзамон 28 апрел бо иштирокчиёни фестивал мизи мудаввар доир шуд, ки дар он роҳҳои инкишофи этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки фестивали мазкур бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бохтар», Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд дар Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида шуд.
Ҳасан Азизов



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: