Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Меҳргон ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид

Меҳргон ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид

31-10-2018, 10:31
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Меҳргон ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Иди меҳргон 27 октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ – амалӣ ва Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ» баргузор гардид.
Дар оғоз Хайриддин Идиев - ректори ДДФСТ меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт: «Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати руши соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Масъалаҳое, ки дар ин ҳамоиши илмӣ - фарҳангӣ матраҳ мешаванд, пеш аз ҳама, ба он нигаронда шудаанд, ки чи гуна имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, инчунин ниҳодҳои соҳаҳои фарҳанг ва ҳунар метавонанд дар таъмини рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм гиранд. Аз ин лиҳоз, баррасии илмии чигунагии рушди ҳунарҳои мардумӣ, бешак дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии сокинони мамлакат, нақши муассир бозида метавонад».
Шамсиддин Орумбекзода - вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми пешгирифтаи раёсати донишкадаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Меҳргон умри дубора бахшид. Имрӯз Меҳргон дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ мақоми хоса касб намуда, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ин рӯзро, ки айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқон маҳсуб меёбад, бо тантана ҷашн мегиранд».
Дар фарҷоми суханаш вазири фарҳанг мужда расонд, ки Иди Меҳргон барои ворид намудан ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.
Ҳамзамон Насиба Содиқова - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода - муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, Маҳмадулло Наимов – мудири шуъбаи таблиғоти Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ сухан карда, тамоми иштирокдоронро ба Иди меҳргон табрик гуфтанд.
Сипас Бахтиёр Одинаев-ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи «Масъалаи рушди ҳунарҳои кулолгарӣ дар Тоҷикистон» маърӯза карда, бо нигаронӣ таъкид намуд, ки айни замон кулогарӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати аз байн рафтанист. Дар марказҳои истеҳсоли кулолгарии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Исфара, Рашт ва деҳаҳои Чоркӯҳу Қаратоғ, ВМКБ ва ғайра донандаи гурӯҳи кулолгарон ба ин ҳунари қадимӣ даст намезананд. Барои он ки бо пайдо шудани маҳсулоти пластмасӣ дар ҷомеа маҳсулоти кулолгарӣ қиммати худро аз даст дод. Бо сабаби арзон будани маҳсулоти пластмасӣ устоҳои кулолгар маҳсулоти худро фурӯхта натавониста истодаанд. Ё ин ки бо нархи арзон мефурӯшанду хараҷоти кори худро пӯшонида наметавонанд.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки кулолгарӣ ҳунари дастии қадимаи халқи тоҷик мебошад. Дар асри 20 истеҳсоли кулолгарӣ бо пуштибони аз давлат на танҳо фарҳанги миллии тоҷикон, балки дар асл маҳсулоти хоҷагии мардумӣ низ гардида буд. Барои ҳамин имрӯз замоне расидааст, ки барои ҳифзи ин ҳунари дастӣ бояд тамоми қувваамонро сарф намоем, ки то ки аз байн наравад. Барои истеҳсоли кулолгарӣ дар Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё аст. Танҳо кӯшишу ғайрати мову шумо лозим асту халос».
Сайиднуриддин Акобиров - муаллими калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Масъалаҳои омӯзиши таърихи ташаккул ва рушди санъати амалии ороишии Тоҷикистон» маърӯза карда, таваҷҷуҳи иштирокдорони конференсияро ба рушди санъати тасвирӣ ва синтези санъати тасвирию меъморӣ дар давраҳои гуногун, бо василаҳои мухталиф ҳифз намудани анъанаҳои мардумӣ, ҳамзамон таъсири маданияту фарҳанги мардуми Шарқ ба фарҳангу маданияти Ғарб ҷалб сохт.
Гуфта шуд, ки дар замони мо як катор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки донишҷӯён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархӯрдор мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишҷӯён бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ – кандакорӣ, гачкорӣ, наққошӣ, кашидадузӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.
Пас аз конференсия дар бахши дуввум, ки фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ буд, иштирокдорону меҳмонон ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҳисору Турсунзода, Муъминобод, Хуросон, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Варзоб, Рӯдакӣ, инчунин Литсеи касбии дӯзандагӣ ва Литсеи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро, ки ба намоиш гузошта шуда буд, тамошо карданд. Аз ҷониби онҳо ҳунарҳои дастӣ, аз қабили зардӯзиҳои зебо, кашидадӯзӣ, атласу адрас, намудҳои гуногуни чакан ва атласу адрас, рӯиҷо, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои мисин, гаҷкорӣ, канадкорӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ пешниҳод шуда буд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада дар рафти намоиш бо шеъру тарона, рақсҳои зебо, саҳнаҳои хурди панду ахлоқиву мазҳакавии худ меҳмонону тамошобинонро шод гардонданд.
Пас аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни ҳавлии Донишкада консерт бахшида ба иди Меҳргон намоиш дода шуд. Баъди ҷамъбасти консерт Хайриддин Идиев, ректори донишкада, ба ҳамаи меҳмонон ва созмондиҳандагони консерт изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки ҷашни Меҳргон иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон мебошад, ки ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Айни замон ин ҷашн муҳимтарин омили иттиҳоди мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом ғолибони озмуни ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунармандони соҳаҳои гуногуни санъат ва фарҳанг бо Сипоснома ва Сертификат қадрдонӣ шудаанд.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: