ШАРҚ-ҒАРБ: АНЪАНАҲОИ МУСИҚӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ АВРУОСИЁ ДАР ФАЗОИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ»28-10-2019, 10:34
Хабарро хонданд: 411 нафар
Назарҳо: 0
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз 26 то 30 октябри соли равон Фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад. Ин чорабинии фарҳангии сатҳи баланд бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардида, дар он олимон, мусиқинавозон, устоҳои ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳунармандони маъруф аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Шумораи умумии даъватшудагон аз кишварҳои хориҷӣ 26 нафарро ташкил медиҳад. Дар доираи ин ҷашнвора, 26 октябр, дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода ифтитоҳи Маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъати Авруосиё, дар назар дошта шудааст. Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, баъдан олимони маъруф Зенкин К.В., доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскийи шаҳри Маскав бо маърӯзаи «Мусиқии пешоҳанги русӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо», Ғафурбеков Т. Б., доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон «Шарқ- Рахманинов», Марков А. П., доктори илмҳои педагогӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи технологияи иҷтимоӣ- фарҳангии Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санк- Петербург дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои гуфтугӯи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб дар вазъияти буҳрони ҷаҳонии тамаддунҳо», Низомов А. Н., доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ: ҷустуҷӯи шаклҳои нави баҳамоӣ» ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ менамоянд. 27 октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони фестивали байналмилалӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Баъдан, дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ» мизи мудаввар доир мегардад. Дар фестивал бори нахуст якҷо бо намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ рангорангии эҷодӣ ва зеҳнӣ, ғановатмандии анъанаҳои бадеии Авруосиё дар мазмуну мундариҷаи равандҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар марҳалаи имрӯза нишон дода мешавад. Дар доираи ин фестивали байналмилалӣ се консерт (мусиқии анъанавӣ, мусиқии сози арғунун ва мусиқии камеравӣ ва симфонӣ) баргузор гашта, намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдори фестивал гузаронда мешавад, ҳамчунин конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, ки дар он мавзӯҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: — Шарқ — Ғарб: масъалаҳои хусусиятҳои хос ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо; — санъати анъанавии мусиқӣ: мушкилоти нигоҳдошт ва рушду такомул; — анъанаҳои миллии мусиқӣ дар эҷодиёти бастакорони Авруосиё; — ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҳориқаи ҳифзи мутассилии эҷодиёти бадеӣ. Ҳамзамон, дар давоми се рӯз олимони маъруфи соҳаҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқинавозони шинохта, ҳунармандони асил аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ намуда, дарсҳои маҳорат (мастер- классҳо) гузаронда, шоҳасарҳои санъати мусиқиро манзури тамошобинон мегардонанд. Рӯзи 28-уми октябр, дар доираи барномаи фарҳангӣ, меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз дидан хоҳанд кард. Иштирокдорони фестивал бо ҳузури худ дар чорабиниҳои асосии ин ҳамоиш имкон пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳои бадеии кишварҳои иштироккунанда ва шакли кунунии онҳо шинос шаванд, дар бораи гуногуншаклии фазои муштараки фарҳангии Авруосиё, ки ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат менамоянд, маълумоти зарурӣ ба даст оранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.