Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чи гуна бояд майл ба пурхӯриро рафъ сохт?

Чи гуна бояд майл ба пурхӯриро рафъ сохт?

25-10-2019, 13:19
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
          Чи гуна бояд майл ба пурхӯриро рафъ сохт?Майл ба пурхӯрӣ, ё умуман «тобеият ба хӯрок» бо дигар тобеияти кимиёвӣ-машруботӣ, маводи мухаддир ё тамокукашӣ решаҳои тавъам дорад. Шахсоне, ки вазни худро кам мекунанд, вазъи муайяни тобеият аз хӯрокро доранд, то 30% онҳо майли зиёд ба ғизои серкалория, махсусан равғанин ё ширинӣ доранд.
Ҳамчун дигар тобеияти кимиёвӣ, тобеияти ғизоӣ вобастаи якчанд омил аст:
1. Тобеияти психологӣ:
Норасоии ҳаловат.
Вайроншавии истеъмоли ғизо (майл доштан ба хӯрдан дар шаб, пурхӯрӣ, иштиҳои бегоҳирӯзӣ ва ғ.)
Вокуниш ба манъкунӣ-маҳдудкунии истеъмол.
Вазъи депрессивӣ (афсурдаҳолӣ).
Вайроншавии равонӣ (булимия, депрессия).
2. Тобеияти иҷтимоӣ:
«Наркотикҳои ғизоӣ», ки маҳсули саноатӣ хӯрокворӣ ҳастанд.
Вайроншавии «рафтори истеъмол» аз рӯи намуди экстерналӣ.
3. Тобеияти биологӣ:
4. Норасоии витамин, минерал, микроэлементҳо ва дигар моддаҳои барои организм зарурӣ.
Вайроншавии табодули моддаҳо.
Истеъмоли нодурусти ғизо.
Вайроншавии фаъолияти меъдаву рӯда.
Вайроншавии микрофлораи рӯда.
Рафъ сохтани тобеияти кимиёвӣ, масалан, аз истеъмоли тамоку ё машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ) даст кашидан.
Маҳсулоти муайян.
Камобшавии организм.
Махсусиятҳои ќисмҳои алоҳидаи мағзи сар.
Вайроншавии системаи батанзимдарории иштиҳо.
Гуруснагӣ-ин талаботи физиологии организм ба моддаҳои ивазнашаванда мебошад, ки барои барќарорсозии ҳуҷайраҳои бадан ва гирифтани нерӯ лозим ҳастанд. Иштиҳо ҳиссиётест, ки паси хоҳиши аз меъер зиёд «пинҳон шудааст». Сабаби иштиҳои баланд омилҳои беруна буда метавонанд-намуд, тамъ, бӯи хӯрок, рекламаи он, зиёфат, одатҳо (ҳангоми танаффус, хӯрдан назди телевизор, истеъмоли ғизо ҳангоми хондан ва ғ.), ҷамъ шудан ва зиёд будани ҳиссиёти манфӣ, стресс, камбуди ҳиссиёти мусбӣ, вокуниш ба манъкунии ихтиёрӣ (аз маҳсулоти серкалория даст кашидан).

Детоксикатсия (заҳрбезараркунӣ)
Мо дар иҳотаи токсин(заҳр)-ҳо зиндагонӣ дорем. Ҳамасола партофти саноатии симоб ба фазо (атмосфера) 2721,6 ва дигар заҳрхимикатҳо 11407, 5 тоннаро ташкил медиҳад. Ин ба саломатии мо ва ба мавҷудияти худи сайёра таҳдид дорад.
Ҳар шахс ба токсинҳо вокуниши гуногун дорад. Организми баъзе ашхос ин заҳрҳоро аз бадан худаш хеле хуб мебарорад. Организми дигариҳо назди онҳо оҷиз ҳастанд.
Ҳар як моддаи истифодашавандаи кимиёвӣ, ки санҷиши маќомоти расмии тиббиро нагузаштааст, барои саломатӣ хатари эҳтимолӣ дорад. То имрӯз танҳо 0,6 % химикатҳои истифодашаванда чунин санҷишро гузаштаанд.
Сухан дар бораи таъсири оҳанҳои вазнин (масалан симоб) ба саломатии мо меравад.
Равоншиноси маъруф М.Хайман менависад: «Институтҳои тиббии мо дар барномаи омӯзишии худ заҳрнокшавӣ тариќи оҳанҳои вазнинро ворид накардаанд ва аз пайи пажӯҳиши муҳимияти детоксикатсия (безараркунӣ) нестанд. Барои ҳамин ҳам дар ихтиёри мо воситаҳои ками кор бо таъсири токсикӣ (заҳрдоршавӣ) ќарор дорад, нигоҳ накарда ба он, ки ин омили манфӣ дар рушди бемориҳое, ки мо имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мекунем, наќши калон мебозад. Агар мо бодиќќат назар андозем, тасдиќ кардани наќши таъсири токсинҳо кори мушкил нест.
Хушбахтона, организми инсон ќобилияти фавќуллодаи барќароршавӣ, азнавшавӣ ва тағйирёбиро дорост…Барои ҳамин, агар ҳатто шумо табобати заруриро аз зарари токсинҳо нагирифтед, ҳама ваќт умед ба шифоёбӣ ҳаст, ҳатто дар мавридҳои вазнин. Мо бояд ба даруни организм чуќуртар назар афканем ва бубинем чи гуна ифлосӣ ва заҳрҳоро он ҷо метавонем дарёбем, сипас ин «бетартибии» метаболикӣ, иммунологӣ ва биокимиёвиро рафъ созем.
Бисёр бемориҳои куҳна («хроникӣ») харобшавии полигенетикӣ ҳастанд. Ягона гене, ки ба беморӣ «ҷавобгӯ» бошад, нест. Таъсири генҳои зиёд ба ҳам ва вокуниши онҳо ба муҳити беруна инсонро рӯ ба рӯи хавфи рушди беморӣ гузошта метавонад».

Як формуларо дар хотир нигаҳ доред:
Генҳо+шароити атроф-бемориҳо
Дар китоби дигари худ («Ultrametabolism», 2008) М.Хайман заҳрнокшавии организмаро бевосита ба халалдоршавии «сигнал»-ҳои назорати вазн ва аз кор мондани «муҳаррики» метаболикӣ алоќаманд медонад:
«Чӣ барои мо халал мерасонад хароб шавем ва мубодилаи моддаро вайрон мекунад? Биёед маротибаи дигар пажӯҳишро мебинем…Муаллифон ба натиҷае расиданд, ки пеститсидҳо (моддаҳои хлороорганикӣ) ва бифенолҳои дорои хлори зиёд аз ќабати равған, ки дар он ҷамъ мешаванд, озод шуда, ба метаболизми мо ва ба меъёр даровардани вазн халал мерасонанд…»
Чи гуна ин моддаҳои кимиёвӣ ба метаболизм таъсиррасон ҳастанд? Муаллифони маводи зикршуда, Пелиттйер, Имбеуалт ва Тремблэй натиҷаҳои 63 пажӯҳишро мавриди муҳокима ќарор доданд, ки дар онҳо алоќаи миёни токсинҳои кимиёвӣ ва фарбеҳшавиро омӯхта, механизмҳои гуногуни чунин алоќамандиро мавриди таҳќиќ ќарор додаанд.
Шахсони дорои ИҲБ (индекси ҳаҷми бадан) дар худ зиёдтар токсин (заҳр)-ҳоро ҷамъ мекунанд, чун ќабати равғанашон ғафстар аст. Ин токсинҳо ба тарафҳои гуногуни мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонанд-масалан, сатҳи ҳормони тирешаклро кам карда, ихроҷи онро аз тарафи ҷигар зиёд мекунад. Ғайр аз ин, токсинҳо дар ҳолати «раќобат» ретсептор (ангезанда)-ҳои ҳормони тирешаклро фаъол мекунанд.
Ҳамин тариќ, пеститсидҳо ва дигар токсинҳои саноатӣ (монанди бифенолҳои дорои хлори зиёд) сатҳи ҳормони тирешаклро паст карда, ба фаъолияти он халал мерасонанд ва мубодилаи моддаҳоро маҳдуд мекунанд.
Азамат Дустов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: