Хурофот асоси ҷаҳлу ақибмондагии мост2-02-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Ё андешае чанд пиромуни он ки «мо кӣ будему чӣ шудем» Дар биное, ки ман зиндагӣ мекунам, боре зарурати ҷамъоварии маблағ барои таъмири хати ташноб (ба истилоҳ «канализатсия») аз маскунини бино (хуб, медонед, ки дар ин бобат муроҷиат кардан ба идораи хоҷагии манзиливу коммуналии маҳал орӣ аз мантиқу манфиат аст, чун он заифии худро нишон дода) пеш омад. Мо, якчанд нафар пайи ҷамъоварии маблағи зарурӣ дари чанд ҳамсояро кӯфтем. Азбаски ин амал баъд аз соати корӣ анҷом меёфт, торикии шом аллакай фаро расида буд. Ва… баҳонае шуд ба бархе ашхос барои саркашӣ намудан аз додани пули таъмир-«шаб шудааст, дар торикӣ пул додан хосияти хуб надорад». Аз оне, ки аз таҳхонаи бино бӯи ғализу нофорам ба берун паҳн мешуд, касеро гӯё парвое набуд (зиёда аз ин, бинои мо ҳамшафати дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятист). Ана ҳамин гуна мо боварҳое дорем, ки аз «бобо»-ҳо мондаву ва ифтихор дорем, ки онҳоро ҳифз кардаем…Зиёда аз ин, мо доимо фахр аз он дорем, ки ҷомеаи мо ҷомеаи «суннатист» ва ҳамин омил аст, ки моро аз фурӯбарии фарҳанги бегона наҷот додааст. Хурофот ончунон ба ҳаёти бархе аз мо омехта шудааст, ки акнун зиндагӣ бе он маъное надорад. «Ҷорӯбро рост мондан мумкин нест», «гурбаи сиёҳ пеши роҳ давад, хуб нест», «шаб пул додан хосияти хуб надорад», «аз роҳ гаштан хосияти хуб надорад» ва амсоли ин боварҳо имрӯз, дар қарни 21, ки инсоният илмро ба хидматгори хеш табдил дода, кашфиёти нав ба нави ҳаёратоварро рӯйи кор меорад, мутаассифона то ҳол «ҳокимон»-и ҳаёти рӯзмарраи мо ҳастанд. Аз рӯйи инсофу адл агар бигӯем, ки хурофот танҳо дар ҷомеаи мо ҳукмрон аст, ин ҳам беадолатӣ мебуд. Ҳамагон барномаҳои шабакаҳои Русияро тамошо мекунед ва мебинед, ки яке аз барномаҳои «рейтингӣ»-и маъруф ҳамонҳое ҳастанд, ки ба «экстрасенс»-у «гадалка»-ҳо (фолбинон) бахшида шудаанд. Хурофотро ҳоло дар ягон гӯшаи ҷаҳон то ба охир мағлуб накардаанд ва он дар сайёра то ҳол ҳукмрон аст, чун маншаъ аз боварҳои ибтидоии инсоният, он замоне, ки ӯ назди ҳаводиси табиӣ оҷиз буду тарсу ваҳм аз он дошт, мегирад. Хурофот реша аз ҳамон боварҳо гирифтаву ин боварҳо ба динҳои ҷаҳонӣ то андозае низ даромада… Аммо дар ҷомеаи мутамаддин кайҳо ба он «лаҷом» задаву мутаассифона, дар ҷомеаи «суннатии» мо он баъзан ба шакли ифрот мерасад. Суол ба миён меояд: чаро сойири дигар миллатҳо хурофотро анқариб решакан кардаву ба қуллаҳои баланди рушд расида, ҳоло ҳам баромадан ба он доранду мо то ҳол пойбанди он ҳастем ва омехта ба хурофоти диниву мазҳабӣ даст ба ҷаҳолату Фархундасӯзӣ мезанему дар кашфиёти илми муосир ҳамчун тамошобин ҳастем ва ҳиссае дар он надорем?. Коршиносон ба ин назаранд, ки муваффақияти ҳароина миллату тамаддун такя ба идеология ва низоми ҷаҳонбинии рӯи кор овардаи он аст. Масалан, муваффақияти Чини муосир маншаъ аз таълимоти Конфутсий ва Лао Тси (даосизм) мегирад-агар ин таълимоту ҷаҳонбинӣ намебуд, Чини муосирро мо имрӯз батамом дигаргуна медидем ва далел нест, ки ингуна бомуваффақ. Пешрафти Ҷопон такя бар ҷаҳонбинии синтоизм асту рушди Аврупо ба шарофати Реформатсия ва замони Эҳё, он вақте, ки доират-ул-маорифи қитъа ҳукмронии мутлақи калисои ҷаҳолатмаоби насрониро дар Аврупо барҳам зад. Атрофи чунин мисолҳо ва таҳлили онҳо метавон бисёр ҳарф зад, ки вақти зиёдеро хоҳад гирифт. Пас моро чӣ? Магар дини мубини Ислом, ки тавъам бо урфу одати бадавиҳои биёбоннишин сарзамини моро тасхир намуд, ин боварҳои ақвоми аз рушд ории сусморхӯрро сари мо таҳмил дод? Бархе аз ҳамватанони мо, ҳарчанд, ки шумораашон беш нест, ин ақидаро дастгирӣ мекунанд. Аммо аз рӯйи ҳақиқати таърихӣ мо бояд ин ҷо зиёдаравӣ накунем. Хилофати аввалини Исломӣ, ҳамчун империя сохтори давлатдориро анқариб пурра аз империяи Сосонӣ нусхабардорӣ намуд, чун аъроб таҷрибаи идораи чунин сарзамини мутамаркази бузургро надоштанд. Баъдан, махзани илму маърифати миллатҳои ориёӣ ба онҳо мерос монд, ки тавонистанд сараввал аз он хирадмандона истифода кунанд (албатта, бо сарварии эрониён, яъне, ки мо). Замони Аббосиён эҳёи мероси хирадмандони Эрону Юнон буд, ки намояндагони мустабиди оини насронӣ замони ҳукмронии охирин императорони Рум натавонистанд то ба охир онро маҳв созанд. Имрӯз аврупоиён бояд миннатдор аз он бошанд, ки мероси фарҳангиву маънавии юнониён, ки тамаддуни Юнон «сардафтар»-и тамаддуни Аврупо маҳсуб мегардад, маҳз бо кӯшиши мусалмонон ба боди фано нарафтааст-ба дасти онҳо ин мероси бебаҳо аз тарҷумаҳои арабиву форсӣ расидааст. Испанияи мусалмонӣ (Андалус, Қурдоба(Кордова), Гранада ва ғ.) тайи анқариб 8 қарн шамъи илму маърифатро дар қитъа равшан мекард, ки олимону муттафакирони аврупоӣ аз дасти попҳои ҷоҳил гурехта ба ин ҷо меомаданд ва пайи илму дониш дар мадорисе чун Алгамбра мешуданд. Аммо баъд дунёи Исломро муноқишаҳои мазҳабиву хурофотӣ дар панҷаи қавии худ қарор доданд ва ба зулмоти ҷаҳолат раҳнамун сохтанд. Ва дар ҳамин зиндони ҷаҳолат низ чун сарвҳои зери тундбод монда абармардони бузурги илму маърифат тавлид мешуданд, ки бо шамъи дасти хеш роҳи насли ояндаро равшан месохтанд. Бар иззати нафси дигар миллатҳо нарасад, бояд махсусан қайд кард, ки анқариб ҳамаи ин бузургон намояндагони Дунёи Эронӣ буданд. Ин дар мавриди онест, ки низоми ҷаҳонбинии миллатҳо ва фалсафаи ирсӣ ба ҳастии онҳо чӣ гуна нақш мегузорад ва мо пештар гуфтем. Ҳангоме, ки чанд сол қабл Сарвари кишвари мо оид ба ҷашнгирии Соли Тамаддуни Ориёӣ ҳарф зада буд, дар бархе аз кишварҳо, махсусан ҳамсояҳои наздики мо ин як ҳиссиёти ногуворро ба миён овард. Чун мафҳуми «ориёӣ» тавассути «хидмати хирсона»-и оғои Адолф Ҳитлер бисёр шакли манфиро миёнаи қарни 20 касб намуд ва ҳаммаънои вожаҳои «инсонбадбинӣ»-ву «нажодпарастӣ» низ гашт. Вале Раисҷумҳури мо таъкид бар он дошт, ки ҷашнгирии ин Соли фархунда эҳтиром гузоштан ба ақвоме мебошад, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бузург доштаву дигарон низ аз он баҳра бардоштаанд. Пас, ирсияти аслии мо тамаддунофариву инсонсолорӣ ва бунёдкорӣ аст: Ориёиҳо аввалин зироаткор буданд. 1. Аввалин маротиба ҳайвонотро хонагӣ карданд. 2. Аввалин давлат ва шаҳрҳоро сохтанд. 3. Асосгузори аввалин давлати бузурги мутамарказ (империя)- Ҳахоманишиёни Бузург бо аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, эҳтирому арҷ гузоштан ба фарҳангу ақоиди динӣ ва урфу одати милали зердаст буданд. 4. Соҳиби Китоб (Авасто) ва Паямбари хеш (Зардушт) буданд. 5. Оини ҷаҳонии Буддоро рӯйи кор оварданд. 6. Шоҳасарҳое, чун «Авасто» (ки таъсираш ба дигар китобҳои муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ расида), «Ригведа», «Маҳабҳарата», «Рамаяна», «Шоҳнома»-и Бузург ва амсоли инро ба инсоният тӯҳфа карданд. 7. Асоси улуми ҷаҳониро поягузор буданд ва «муаллим»-и дигар ақвом маҳсуб мегарданд. Тааҷҷубовар нест, ки баъд аз тасхири дини нав низ миллатҳои эронинажод аз бузургони ин оин (ислом) шуданду дар «сархат»-и он қарор гирифтанд. Имрӯз анқариб 900 миллион суннимазҳабон аз «артиш»-и 1,5 миллиарднафараи мусалмонони ҷаҳонро пайравони ҳаммиллати бузурги мо- Имоми Аъзам Абуҳанифа ташкил медиҳад. Муҳаддисони бузурги олами Ислом Муҳаммад Имом ал-Бухорӣ, Абу Довуд, Муслим, Имом ат-Тирмизӣ, дигар бузургони дину мазҳаб анқариб аз миллати мо руҷӯъ кардаанд. Пештар дар дигар матлабҳоям гуфта будам ва ҳоло такрор хоҳам кард, ки агар ба таҳкурсии дини мубини Ислом дар нимҷазираи Араб бунёд гузошта шуда бошад, пас бинои мӯҳташами Тамаддуни Исломиро асосан милали эронинажод рӯйи кор овардаанд. Ин ҳақиқат аст, ҷанобоне, ки рашку бадбинӣ ба ин миллати кӯҳанбунёд доред, ҳақиқати талх барои шумо. Ва сад «заҳмат накашем», «из»-и ориёиро аз ин муваффақиятҳо натавон зудуд, чун такя бар ирсияту ҷаҳонбинии гузаштагон дорад. Аз ин набояд шарм дошт, ин як раванди табиии тамаддунист. Масалан, барои чӣ аз ақвоми сершумори туркзабон ва аъроб олимону бузургон ва намояндагони аҳлу адаб ва фарҳангу адабиёти оламшумул кам андар кам ҳастанд ва ё умуман анқариб руҷӯъ накардаанд (ҳамонҳое, ки буданд, онҳо низ зери таъсири милали эронинажод қарор доштанд-масалан, Навоӣ-шогирди Абдураҳмони Ҷомии бузург ва бисёр мисолҳои дигар)? Чун пештар гуфтем, таъсири ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи зиндагии гузаштагон - эронӣ-ориёӣ-шаҳрнишин-тамаддунофар ва турку аъроб-бодиянишин-фарҳангсӯз. Хушбахтона, ҷаҳони бодия натавонист фарҳанги шаҳрнишиниро маҳв созад ва тадриҷан зери таъсири фарҳанг ва ҷаҳонбинии шаҳрдории ориёӣ «дармонд», вагарна имрӯз мо миёни чарогоҳҳои бузург ҳоли табоҳе доштем… Новобаста аз оне, ки гузаштагони мо замоне таҳти тохтутози аҷнабиён дармонданд ва маҷбур гардиданд ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги онҳоро низ таҳаммул ва мавриди истифода қарор бидиҳанд, ба зеҳнияти ирсии тамаддунсози ориёии онҳо бояд ҳамду сано хонд ва ифтихор дошт. Дар вазъи тағйирёфта онҳо тавонистанд ба «элита»-и сиёсӣ ва иқтисодиву зеҳнии сохтори нав табдил ёбанд. Ин «трансформатсия» натиҷаи ҳамон ирсияти ориёӣ ва ҷаҳонбинии созандаи гузаштагон буд, ки дар вазъи баамаломада мадади хубе шуд. Аллакай аввали қарни 9 донишмандони тоҷик дар манотиқи Ховари Наздик ва Миёна худро шуҳратёр карданд. Ситорашинос, риёзидон ва ҷуғрофидони тоҷик ал-Фарғонӣ ба таври кушод куррашакл будани Заминро эътироф мекард. Берунӣ низ ба ҳамин минвол. Ҳамтоёни онҳо -олимони тоҷик Абдулмалик ал-Марворрудӣ ва Алӣ ибни Астурлабӣ, ки дар расадхонаи халифа Маъмун (813-833) фаъолият доштанд, аввалин маротиба дар Шарқ дарозии меҳвари Заминро бо аниқияти наздик ба илми муосир муайян намуданд! Ин амал соли 827 дар минтақаи миёни Палмира ва Ракка назди соҳилҳои Фурот ва водии Месопотамияи Боло, наздики шаҳри Санҷар (манотиқе, ки имрӯз бархӯрдҳои мусаллаҳона алайҳи террористони «Давлати Исломӣ» имрӯз сурат мегиранд), роҳандозӣ карда шуд. Ин таҷриба аз ҳисобкунии юнонӣ ба куллӣ фарқ дошт ва саввумин дар таҷрибаи ҷаҳонӣ баъд аз Эратосфену Птолемей кӯшиши бомуваффақи ченкунии меҳвари Замин буд. Бо муайянкунии ҳисоби арз -19 фарсах (7 мили арабӣ) масоҳати даври Замин 47325 километрро нишон дод, ки такя ба шароити он замон хеле ҳисобкунии аниқ аст. Дар ин бора дар асари кайҳоншиносии муаллифи номаълум «Аҷоиб-ул-Арз» нигошта шудааст. Пас чаро мо, бо ин зеҳнияти ирсӣ имрӯз дар «ақибгоҳ»-и рушди ҷаҳон қарор гирифтаем? Сабаб дар чист? Ё ҷомеаи мо аз ҳад зиёд «суннатист», иллат дар ин ҷост? Имрӯз Чини муваффақ бо ҳамаи ҳамин пешрафти технологиаш метавон ҷасурона гуфт, ки ҷомеаи конфутсиавӣ ва дар чорчӯби ҷаҳонбинии даосизм аст-дар масоили ҳурмат кардани волидону гузаштагону ҳокимон, муносибат ба кор ва аъзои ҷомеа ва амсоли ин қонуниятҳои фалсафа ва ҷаҳонбинии Конфутсий ва Лао-Тсиву дигар бузургон. Ҷопоне, ки имрӯз аз рӯйи рушди технология ва рушди ҷомеаи инсонӣ мамолики мусалмоннишинро садсолаҳо паси худ гузоштааст, аз ҷаҳонбинии синтоистӣ канда нашуда, балки такя бар он мекунад. Дар авохири қарни 20 дар кишвари мо «бузургон»-и ришашон шонанадида пайдо шуданд, ки китобҳои кимиёву физика ва умуман, мутолиаи китобҳои илмиро «ҳаром» эълон карданд, ба ҷуз китобҳои динӣ ва «нон»-и омӯзгоронро низ «ҳаром»-у онҳоро ба ҷаноза нолоиқ. Бадбахтӣ ин аст, ки бархе аз ҳамватанони мо инҳоро аз «бузургон»-и хеш донистанд ва онҳоро ҷонибдорӣ низ карданд, ки оқибат онҳову моро низ ба вартаи ҳалокат кашид!!! Яъне, нишонаи олии манқуртизм ва бегонапарастӣ, пойбанди хурофоти аҷнабӣ (кӯчӣ,бадавӣ) будан дар авохири қарне, ки атом пора шудаву кайҳон зери султаи инсоният даромад, дар сарзамини куҳанбуёди мо баръало ошкор гардид, ки мӯҷиби шармандагии мост! Ин дар замоне, ки писарбачаи 12-солаи ҷопонӣ роботи навбатии худро месохт… Пас, иллат шояд дар мазҳабӣ будани ҷомеаи мост? Ҳангоме, ки аъроб қарни 8-милодӣ Эронро тасхир намуданд, як гурӯҳи зардуштиён китобҳои муқаддаси оини хеш-Авастои Бузург ва дигар осори хориқулодаи ниёгонро гирифта ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуданд. Онҳо дар сарзамине маскун шуданд, ки имрӯз ҳудуди штатҳои Махараштра ва Гуҷароти Ҳиндустонро ташкил медиҳад. Ҳоло ду сеяки порсҳо дар Мумбай (собиқ Бомбай)-пойтахти молиявӣ ва тиҷоратии кишвар иқомат доранд. Ҳиссаи умумии порсҳо дар қиёс бо аҳолии Ҳиндустон ночиз аст-онҳо ҳамагӣ 70 ҳазор нафар-яъне 0,0060% аз ҳисоби умумиро ташкил медиҳанд. Аммо таъсири онҳо дар ҳаёти кишвар ҳайратовар аст! Онҳо дар ҳар як соҳаи ин кишвари куҳанбунёд саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Порсҳо аввалин ҳизби сиёсӣ, аввалин биржаи тиҷоратӣ, аввалин коргоҳи металлургӣ, донишгоҳ, дармонгоҳ, рӯзнома, мошини чопкунӣ ва студияи синаморо рӯйи кор оварданд. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи саноати кишвар порс Ҷамшедҷи Тато (Тата) аст, ки аввалин корхонаи маъдангудозиро сохта, асосгузори Донишкадаи Улум дар Бангалор буд. Ӯ ҳамчунин асосгузори саноати автомобилсозии Ҳиндустон буда, пайвандонаш Ҷаҳонгир Тато- асосгузори ширкати миллии ҳавопаймоии «Air India» ва Ратан Тато- сарвари гурӯҳи саноатии «Тато», ҳастанд, ки ба наздикӣ ширкати «Steel Corus» ва ширкатҳои маъруфи автомобилсозии «Rover» ва «Jaguar»-ро харидорӣ намуд. Гурӯҳи саноатии «Тато» аз ширкатҳои маъруфи кишвар ҳаст, ки даромади солонааш зиёда аз 30 миллиард доллар мебошад. Ширкати саноатии маъруфтарини Ҳиндустон «Godrej», ки ба истеҳсоли собун, таҷҳизоти маишӣ ва офисӣ машғул аст, моли порсҳост. Оилаи Вадиҳо, ки порс ҳастанд, аз асосгузорони саноатии киштисозии кишвар ҳастанд (250 сол пеш) ва ҳоло бузургтарин коргоҳи киштисозии кишварро дар даст доранд. Муборизони маъруфи озодии кишвар аз англисҳо Дадабхой Наруҷӣ, Бхайкоҷӣ Камо ва Фирузшоҳ Миҳто порс буданд. Наруҷӣ аз асосгузорони ҳизби Конгресси Миллии Ҳиндустон аст. Дар соҳаи илм исми асосгузори барномаи ҳастаии Ҳиндустон Ҳомӣ Ҷаҳонгир Бҳабҳоро овардан ин ҷо ҷойиз аст. Порси дигар-Ҳомӣ Сетна аввалин озмоиши бомби ҳастаии кишварро соли 1974 роҳбарӣ кардааст. Порсҳои маъруфи дигар-ин маршал Сэм Мейнкшоу аст, ки соли 1971 артиши кишварро дар ҷанг алайҳи Покистон сарварӣ намуд ва натиҷааш ташкили давлати Банглашеш буд, ҳуқуқшиносони маъруф Нани Палкхивала, Фоли Наримон ва Соли Суробчӣ, оҳангсози маъруф Зубин Меҳто ва овозхони маъруфе, ки маликаи Британияи Кабир Елизаветаи 2 ба ӯ унвони «Рыцарь» (бузургтарин ҷоизаи ҷавонмардӣ) додааст-сарвари гурӯҳи овозадори овозхонии рок- «Queen» Фредди Меркьюри (Фаррух Булсаро, яке аз овозхонҳои мақбули ман) ҳастанд. Чунин порсҳо зиёданд. Имрӯз порсҳо бо нишондоди 98% соҳибмаълумоттарин ҷамоаи Ҳиндустон ҳастанд. То ҳол таҳлилгарону коршиносон «сир»-и муваффақият, ба истилоҳ «феномен»-и порсҳоро фаҳмонида наметавонанд. Ҷасорат карда мегӯям, ки сири онҳо дар ирсияташон аст, чун анъаноти аҷдодии ориёии Зардуштиро ҳифз кардаву Авастои Бузургро сармашқи кори худ қарор доданд. Яъне, принсипи ҳаётии гузаштагони бузурги мо-«Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек» ба таври дурахшон ва хеле гӯё исботи муваффақият ва баёнгари хиради аҷдодонамон аст!!! «Порсҳо» ҳамон форсҳои ба истилоҳ «оригинал» ҳастанд, ки гӯшт аз гӯшт, пӯст аз пӯсти мо ҳастанд. Пайваста аз «феномени яҳудӣ» ҳарф заданро дӯст медоранд, ки ҳамагӣ бо 16-18 миллион нуфус дар ин дунёи зиёда аз 7-миллиард инсон дошта ин қадар таъсир доранд ва ин мӯҷиби ҳайрат шуда. Аммо аз «феномен»-и порсҳо, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 70-100 ҳазор (!!!) будан дар Ҳиндустони зиёда аз 1,2 миллиард аҳолӣ дошта ва умуман дар ҷаҳони муосир чӣ гуна таъсир доранду элита ҳастанд ва чӣ гуна баҳри пешрафти олам ҳисса гузоштанд, касе қариб ҳарф намезанад. Барои ман «феномени порсӣ» аз «феномени яҳудӣ» бамаротиб болотар аст ва ин маро фараҳбахш мекунад. Ва ман аввалин фарде ҳастам, ки оид ба ин феномени ҳайратовар на танҳо сухан, балки фарёд хоҳам зад тариқи ҳафтанома- бубинед порсҳоро ва ибрат бигиред!!! Ба ман назар ба Усомаи ҳиҷозӣ ва Амри яманӣ порсҳои Мумбай аз ҷиҳати хунӣ наздиктаранд, ҳарчанд, ки оини ман бо ин ҳиҷозиву яманӣ якест. Барои ман ҳеҷ гоҳ порсҳо бегона набуданду нестанд ва нахоҳанд шуд ва ман ифтихор аз муваффақиятҳои онҳо дорам, чун онҳоро ҷузъи худ медонам ва дар ҳақиқат ин чунин ҳам ҳаст. Имрӯз дар ҷомеаи навини мо, дар қарни 21, ки илми инсонӣ кайҳонро таҳти тасарруфи хеш қарор дода, ба баландиҳои нав ба нав, тоза ба тоза мерасад, оби таҳорати як мӯйсафеди барҷомондаро нӯшидани як идда ҳамватанон бо иддаои «муқаддас» будани он як фоҷиа ва бадбахтии миллист, ки моро хандахариши дигарон намуда. Ё сӯзонидани Фархундаву Рухшонаҳо дар кишвари ҷаҳолатзадаи ҳамсоя нишона аз хурофотпарастии мост, ки мутаассифона, теша бар решаи миллат задааст. Ва агар мо хурофотро решакан накунем, он моро решакан хоҳад кард ва моро бардагӣ дар ин ҷаҳон интизор аст. Пас, биёед, хонандагони азиз, пайи ин иқдом камари ҳиммат бубандем ва панҷа ба воқеият бизанем, ки инсониятро ба қуллаҳои баланд бароварда. Дини мубини Ислом ва Қуръони Азимушшаън моҳияти андӯхтани илму донишро сареҳатан баён карда, хурофотро аз ширкиёт донистаанд, пас биёед ақаллан муқаддасоти диниро арҷ гузорем, гарчанде, мутаассифона, боварҳои динӣ бо хурофот махлут шудаанд ва ин имрӯз ба амал наомада, сароғоз чунин будааст… ©Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.