Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хушкида бод дасте, ки ба Куруш санг меандозад…

Хушкида бод дасте, ки ба Куруш санг меандозад…

2-02-2016, 15:17
Хабарро хонданд: 536 нафар
Назарҳо: 0
Хушкида бод дасте, ки ба Куруш санг меандозад…Ё сухане чанд пиромуни хештаншиносӣ ва фарҳанги номгузорӣ
Қабл аз он, ки мавзӯро оғоз бахшем, ин ҷо мехоҳам ба сифати муқаддимаи он як ҳодисаро нақл кунам. Чанд сол қабл, «замони тиллоӣ»-и донишҷӯйӣ ҳамроҳи яке аз дӯстон дар боғи марказии пойтахт фориғ аз ташвишҳои рӯзгор дар сайругашт будем. Ин ҷо бо ҷавони суриягии меҳмони кишварамон шинос шудем, ки ӯ ҳам лаззат аз зебоиҳои баҳори Меҳани маҳбуби мо мебурд…

Мавсуф, ки Аҳмад ном дошт, дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсил намуда, забони русиро хуб балад будааст, ки ин нукта сӯҳбати моро хеле осон мекард. Ҳини сӯҳбат тасодуфан китоби дар даст будааш ба замин афтод ва хост хам шуда онро бардорад. Ҳангоми хам шудани Аҳмад занҷираи дар гардан овезони ӯ, ки салибчае дошт, аз таги куртаи варзишиаш намудор гардид. Фаҳмидам, ки аз арабҳои насронист. Аммо салиби ӯ дӯсти маро сахт мутаҳайир сохт ва миёни онҳо муколамаи аҷибе сурат гирифт, ки анқариб буд мӯҷиби як низои динӣ шавад, агар Аҳмад мисли мисли дӯсти ман чунин сатҳ тафаккур медошт… Ту гӯйӣ, ки қиёфаи дӯсти маро як абри сияҳ пахш кардаву зулмот фаро гирифта…

- Ту…динфурӯшӣ?!,-бо як кароҳият пурсид ӯ.
- На, ман аз оғоз дар дини аҷдодам содиқ будаму хоҳам монд,-ҷавоб дод Аҳмад.
- Ман дуруст фаҳмидам, ту араб ҳастиву номат Аҳмад мебошад?!

- Оре, араб ҳастам, аз Сурия (воқеа хеле пеш аз ҳодисоти фоҷиавии ин кишвар сурат гирифта буд), номам Аҳмад, ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадаам. Ин чӣ ҷойи ҳайрат аст?
- Чаро салибро дар гардан овехтайӣ?!

- Охир ин ҷузъи эътиқодотам аст, чун насрониям. Дӯсти тоҷики ман, агар хабар надошта бошӣ, дар олам қабоили арабие мавҷуданд, ки оини насрониро пайравӣ мекунанд ва шумораашон низ андаке нест. Замони аз қабл аз ислом, ки онро новобаста аз дастовардҳои бузурги фарҳангиву мадании ҷадди бузургатон (сад ҳайф, ки ин араби суриягӣ аз тамаддуни волои пешазисломии мо хабар дораду дӯсти тоҷики ман ё инкор мекунад, ё дарак надорад) шумо «замони ҷоҳилият» меномед, арабҳо бутпарасту масеҳӣ ва пайравони Яҳуво (ба истилоҳ, Яхве-Худо дар ойини яҳудия) низ буданд, шумо ҳам соҳиби кеши худ будед, таърихро хондайӣ?

- Чаро номи мусулмонӣ гирифтайӣ?!

- Кӣ гуфт, ки номи ман мусулмонист? Усқуф (епископ-яке аз унвоноти динии масеҳӣ)-и маҳали мо Ҳабиб ном дорад, падарам Юсуф, амӯям Усмон ва бародарам Иброҳим ном доранд. Ва ҳазорсолаҳо номгузории мо чунин аст. Ин номҳо на мусулмонӣ, балки сирф сомӣ (яҳудӣ, арабӣ) ҳастанд. Умуман, узри маро қабул фармоед, маро дигарбора хоҳиши сухан гуфтан бо шумо нест…

Оре, ҷавоби Аҳмад мушти мӯҳкаме буд бар даҳони бефаровез, гарчи «соҳибдаҳон» аз шиносҳои наздики ман буд. Имрӯз дар ҷомеаи муосири мо раванди гузоштани ном ба фарзандон ду тамоюлро думболагир аст, ки такя бар он метавон сокинони кишварро ба ду гурӯҳи дар ин масъала ба ҳам мухолиф ҷудо намуд. Аввалан, афроде, ки худро пайравони ҳақиқии ниёгон мешуморанд, номҳои сирф ориёии эрониро мақбул медонанд. Ба ин гурӯҳ бештар қишри зиёии кишвар, яъне ашхоси соҳибидрок дохил мешаванд. Гурӯҳи дуввум майл ба номҳое доранд, ки «марбут ба Ислом» ва афроди мӯҳтарами он ҳастанд. Қисми ғолиби таблиғгарони ин исмҳоро маскунини деҳотҷойҳои кишвар ташкил дода, эшон афроди сахт «мазҳабӣ»-анд, ба ҳар ҳол худро чунин мешуморанд. Ҳар ду гурӯҳ худро ҳомиву пуштибони таъриху фарҳанги миллӣ медонанд ва дар ақидаи хеш устуворанд.

Ҳарзагӯйӣ дар ин самт ончунон сарҳадҳоро убур карда, ки ҳамакнун асотир бо далелҳои таърихӣ печидаву афсона бо ривоёт… Ошноям Ҷамшед боре иброз дошт, ки мехоҳад номашро ба Абдулло тағйир бидиҳад (чунин Абдуллоҳо сафашон зиёд шуда, яктои дигарро моҳе қабл дар Хоҷаобигарм дидам, ба хаёлам ба бемории рӯҳӣ гирифтор ҳам буд). Сабаби ин иқдомашро пурсидам. Гуфт:

- Ҷамшед ном шоҳе будааст, ки пайваста мусалмон куштаасту шамшераш аз хуни онҳо арғувонӣ шуда.

- Кӣ инро ба ту гуфт?
- Як ҳазрат (домулло).

- Бирав ба ҳазратат бигӯ, ки ҳарзаашро сари сагони дайду фурӯ резад.

Ба ин ошнои бехабарам фаҳмонидам, ки шоҳ Ҷамшеди нимасотирӣ замоне ҳукмронӣ намудааст, ки ҳатто Сиддҳартҳа Гаутамо (Буддо) ҳазорсолаҳо баъд тавлид шуда, чӣ монад ба дини мубини Ислом, ки ҷавонтарин ойини ҷаҳонист. Сабаби хашми рӯҳоният (ки ин манқуртони «худӣ» ёвари хубе баҳри аҷнабиён шуданд, ки эшон васоили осони пешбурди зиндагиву соҳиб гаштан ба мақому манзалатро низ дарёфтанд) инак тӯли қарнҳо Наврӯзи Оламафрӯз аст, ки анқариб якуним ҳазор сол алайҳаш муборизаҳои бесамар бурданд ва тибқи ривоёт асосгузори ин иди аслии ориёнажодон Шоҳ Ҷамшед буд. Ва ҳамин, ба истилоҳ, «уламо» дарки онро надоранд, ё худ ин нуктаро қасдан нодида мегиранд (гумон дорам, фарзияи аввал дуруст аст), ки худи Паямбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) нисбати ин ҷашни бузурги ориётаборон-Наврӯзи Фархундапай ва умуман миллати Форс эҳтироми хос дошт, ки дар ин маврид ҳадисҳои саҳеҳ низ мавҷуд ҳастанд. Ҳангоме, ки худи Расули Акрам ба миллат ва тамаддуни бузурги мо арҷ гузошта, чӣ расад ба манқуртони бесаводи худӣ, ки мутаассифона, имрӯз сафҳояшон кам набудаву иддае аз мо ба онҳо то ҳол эътимод ҳам дорем…

Ва боз як «хушхабар»-и дигар. Ба ҳамин қарибӣ Парвиз исмашро ба Умари Форуқ иваз кардааст. Чӣ хуш, ки боз як «мусалмони асил» зиёд шуд…

Номҳои сомӣ (арабӣ, яҳудӣ) баъд аз таҳоҷуми аъроб миёни қавмҳои ориёии Ховари Наздику Осиёи Марказӣ ройиҷ гашт. Аъроби пешазисломӣ, замони ба истилоҳ «ҷоҳилият», ки қисми ғолиби эшон бутпараст буданду тарсу бовар ба ҳаводиси табиӣ доштанд, ба атфол номҳое мегузоштанд, ки лақабӣ буданд. Тарс аз «ҷину парӣ»-ҳо онҳоро водор месохт, ки бо мақсади «гумроҳ намудан»-и ин махлуқоти манфӣ номҳое гузоранд, ки тибқи тасаввуроташон, ба фарзандон газанде нарасад. Тариқи мисол, Ёмут-«мурда», Аббос-«бадқаҳр», Ойиша-«зинда бимон», Хадича-«пеш аз мӯҳлат тавлидшуда» (аммо забоншиносон мегӯянд, ки маънои аслиаш «исқоти ҳамл», ба истилоҳи русӣ «выкидыш» будааст), Абу Бакр-«падари шутури ширхор» (шутурбача), Абу Ҳурайра-«падари гурбаҳо», Қутайба-«зин» ва ё «кӯҳони шутур» ба ғайра. Ё «Йишмаел»-и қадимии яҳудӣ, ки ба арабӣ ба Исмоил табдил шудаву маънои «Худо гӯш карда истодааст» ва бисёру бисёри дигар. Лоту Маноту Уззо ва ҷамъи дигари бутҳои «муқтадир» дар ҳаёти арабҳо таъсири бисёр мазбут доштанд ва номҳои Абдулманоту Абдулуззо монанд ба ин низ то дер вақт домангири ҷамъияти ҷавони акнун мусалмони араб буданд. Сохтори номҳои арабӣ чунин аст-шахсе, ки дар ҷомеаи бадавӣ тавлид мешуд, метавонист соҳиби чанд ном бошад. Баъд аз таваллуд ба кӯдак аввал номи нав-«алам» медоданд. Ба ӯ «насаб», яъне исми падарро илова мекарданд. Баъдан, такя ба мақоми иҷтимоӣ, ин тифл дар оянда «лақаб» мегирифт. Баъдан, баъд аз давраи муайян, араби ба ин гетӣ чашмкушода метавонист номи дигарро, ки номи кишвар ва ё маҳали тавлидшудааш аст, ба номи худ зам кунад. Падар, ки мешуд, «қуния» мегирифт, яъне, ки «абу» - «падари фалонӣ». Сипас, номи маҳали таваллудшуда ва мактаби мазҳабӣ метавонистанд ба номҳо илова бигарданд. Агар шахс ровӣ, шоир ва ё дигар шахси маъруф мебуд, дарҳол «тахаллус» мегирифт. Ва ҳамин «ибн»-у «бинти»-ҳо баъд аз ҳуҷуми соминажодон ҷузъи фарҳанги мо гардиданд… Ҳамаи ин номҳоро пайдоиш қаблазисломист. Ривояте мавҷуд аст (саҳеҳияташро кафолат нахоҳем дод), ки Паямбари Ислом исмҳои Азиз ва Абдулазиз-ро, ки яке аз маҳбубтарин исмҳои исломист, дӯст намедошт, чун ҳисоб мешуд ин ном реша аз Уззо - яке аз маъруфтарин худоёни қабоили араб мегирифт. Хӯрдагирӣ кардан аз нигоҳи илмӣ дар ин масъала корест бемантиқ, чун дар ҳар як тамаддун, фарҳанг, дину ойину мазҳабҳо, умуман, ҳар як раванди таърихӣ таъсири омилҳои пешин бебаҳс аст.

Тақводориву парҳезкорӣ марбут ба ном нестанд (ҳарчанд бархе ба ин ақидаанд, ки ном ба тақдири инсон бетаъсир набуда). Афроди зиёде дар масири таърих бо исмҳои Абдуллову Маҳмуду Муҳаммаду Исмоил бедодгариву мардумозорӣ намудаанд ва баръакс, Парвизу Хусраву Ҷамшедҳои зиёде буданду ҳастанд бо ахлоқи ҳамидаву парҳезкорӣ.

Маҳмуд бо дастони то китф оғӯшта ба хуну Куруши кабӯтари сулҳ дар даст
Таърих саҳифаҳои бисёр аҷиб дорад ва мебояд баҳри дарки худогоҳиву хештаншиносӣ онҳоро варақ бизад, то ин ки дар зиндагӣ сабақ бошаду аз он чизе биомӯхт. Чуноне гуфтаанд, «касе бо таппонча ба гузашта тир холӣ мекунад, оянда бо тӯп ҷавоб хоҳад гардонд». Ин ҷо мехоҳам якчанд лаҳзаи таърихиро манзури хонандагон гардонам, ки ҷолиб ҳам ҳастанд.

Дар «Китоби футуҳот»-и ибни Осими ал-Куфӣ таърихи забти Арманистон аз ҷониби яке аз сарҳангҳои «лашкари ислом» Муҳаммад ибни Марвон-бародари халифа Абдулмалик (675-705) омадааст. Халифа бародарашро «Ҳокими Ҷазира, Озарбойҷон ва Арманистон» таъин карда буд.

Вақте ин ҳоким ва сарлашкар «ба дили мамлакати Арманистон расид, ба муқобили ӯ анбӯҳи зиёди визонтиҳо ва арманиҳо (ар-рум вал-арман) баромаданд. Аммо Аллоҳи бузург мушриконро рӯ ба гурез оварда, муслиминро бо сарпарастиаш устувор намуд. Муслимин қисми бузурги онҳоро ба қатл расониданд, кишвари онҳоро забт ва моликияташонро ғанимат гирифтанд…

…Баъд аз ин Муҳаммад ибни Марвон сари бузургони онҳо (визонтиҳо ва арманиҳо) қосид фиристод ва ваъдаи онро бидод, ки бо онҳо сулҳ хоҳад кард ва фарди дилхоҳашонро сарашон ҳоким хоҳад гузошт. Ӯ онҳоро хеле розӣ мекард, то он даме, ки онҳо ба ӯ (ибни Марвон) самимона бовар карданд. Баъдан онҳо ҷамъ шуданд ва ӯ такя ба шароити ба онҳо мақбул сулҳ баст.

Аммо Муҳаммад ибни Марвон чунин гуфт: «Ман ба шумо эътимод надорам, бинобар ин ба калисоҳои худ дароед ва қасам бихӯред, ки уҳдадориҳоятонро содиқона ба ҷо меоред. Баъд ба ман гаравгонҳоро медиҳед ва ба манзилҳоятон бармегардед, Худо шуморо раҳнамун бод!»

…Онҳо ба ин амал розӣ шуданд. Баъд ба калисоҳои худ даромаданд. Вақте, ки ӯ (Муҳаммад ибни Марвон) фаҳмид, ки ҳама дар калисоҳо ҷамъ омаданд, фармон дод, ки дарҳои онҳо мӯҳкам карда шаванд. Дарҳо мехкӯб шуданд ва ба калисоҳо нафт пошиданду онҳоро сӯзониданд.

Ин калисоҳоро то ҳол «сӯзонидашуда (ал-мухтаъриқа) меноманд».

Ин далели қасамшиканиву зинда ба зинда сӯзонидани ашхоси бегуноҳ дар осори таърихнигорон, чӣ арабӣ (ал-Балозурӣ, ал-Яъқубӣ) ва чӣ арманӣ- Гевонд, Мовсес Каганкатваци, Киракос Гандзакеци, Вардан низ омадааст. Ва ин саҳифаи сиёҳи таърих абадӣ дар хотираи арманиҳо нақш бастааст, ки садсолаҳо мӯҷиби нафрату нобоварӣ нисбати мусулмонон буду ҳаст. Ва ҳамаи ин бо «шарофат»-и марде бо исми Муҳаммад…(марди бузурге бо исми Муҳаммад қабоили кӯчиву ваҳшии нимҷазираи Араб ва сойири миллатҳоро ба шинохти Офаридгори Якто ва ахлоқи ҳамида даъват сохта буд, фарди дигаре бо ин ном бо шикасти қасаму надоштани қавли мардона ашхоси зиёдеро тӯъмаи оташ намуд. Фарқиятро ҳис мекунед, мубаллиғони «номҳои исломӣ»?)

Мисоли дигар. Султон Маҳмуди турки Ғазнавӣ, ҳамоне, ки Ҳамосаи қаҳрамонии эронинажодон-«Шоҳнома»-и Фирдавсии Бузургро қадр накард (хайр, аз турки ваҳшӣ чи ҳам гила), ҳангоми ҳуҷумҳои забткоронаи худ ба қисми шимолу ғарбии Ҳиндустони афсонавӣ аз худ ваҳшонияти бемисл нишон дода буд. Мавсуф аз солҳои 1002 то 1026 15 маротиба ба ин кишвар лашкар кашидааст. Ин султони барбарии дастони то китф ба хун оғушта дошта зимни яке аз ҳуҷумҳояш муқаддасоти ҳиндувон-маъбади аз нигоҳи меъморӣ зебову муҳташами Суманотро хароб намуд (нафрати ирсии бодиянишин ба санъати моддии мардумони тамаддунофар). Муҳаммад Иқболи Лоҳурии бузург дар ин маврид фармуда:

Кофириро пухтатар созад шикасти Суманот,
Гармии бутхона бе ҳангомаи Маҳмуд нест.


Ӯ, ки худро «ғозӣ» дар роҳи дин мепиндошт ва ҳуҷумҳои роҳзанонаашро «ҷанги муқаддас» номидааст (ки бархе аз ҳамватанони мутаассиби мо низ чунин андеша доранд), мақсадаш танҳо ғорати мардумони Ҳинди Қадим буда, ба ҷойи даъвати созанда ва ахлоқи ҳамида сели ваҳшоният ва борони қаҳру ғазабро сари ҳиндувони «кофар» фурӯ бирехт. Аммо ин амалҳои аҳриманиаш аксуламал доданд-ҳиндувон ойини ғолибонро напазируфтанд, маъбади Суманотро аз нав муҳташамтар сохта, нисбати мусулмонон абадан нафрат пайдо карданд. Агар чунин амали нангини саркардаи роҳзане бо номи «мусалмонӣ»-и Маҳмуд намешуд, кӣ медонад, мумкин буд таърих маҷрояшро иваз менамуд ва бо таносуби аҳолии Ҳиндустони муосир шумораи пайравони дини Ислом аз 2 миллиард ҳам кайҳо мегузашт. Вале, ба ҳар ҳол, чуноне мегӯянд, ҳама чиз дар дасти Офаридгор аст…

Аз замони қадим таҷовуз ба «бегонагон» хоси бисёр шоҳону саркардаҳо будааст, ки аз худ нишонаҳои бисёр манфӣ ҳам гузоштаанд. Дар осори фотеҳон ва зӯрмандони ҳар давру замон ситамгариву бедод алайҳи мағлубшудагон ифшо шуда, ки бо шинос шудан бо онҳо шахсро ҳисси нафрат ба муаллифонашон фарогир мешавад. Масалан, дар катибаи шоҳи ошурӣ (Ассирия-кишвари қудратмандтарин дар замони худ дар Ховари Наздик, қарнҳои 24-7 то милод)- Насирбол мехонем:

«Ба фармудаи Ошур ва Иштор, худоёни бузург, ки ҳомиёни ман ҳастанд, бо лашкариён ва аробаҳои ҷангии худ ба шаҳри Гиною ҳамла бурдам ва онро бо як зарби шаст тасарруф кардам. Шашсад ҳазор (ин ҷо ойиди теъдоди лашкари душман таърихнависони ин «шоҳи бузург» бешубҳа муҳобот кардаанд) нафар аз ҷангиёни душманро беистиҳола сар буридам. Се ҳазор асирро зинда тӯъмаи оташ сохтам ва ҳатто якеро боқӣ нагузоштам, ки ба гаравгонӣ равад. Ҳокими шаҳрро ба дасти худам зинда пӯст кандам ва пӯсташро ба девори шаҳр овехтам (!!!) ва аз он ҷо сӯи шаҳри Тилло равон шудам. Мардуми ин шаҳр ба фармони ман дарнаёмаданд ва таслими ман нашуданд. Фавран ба шаҳрашон ҳамла кардам ва онро гирифта 30 ҳазор нафарро аз дами теғ гузаронидам. Бисёри дигарро дар оташ кабоб кардам ва асирони бешуморро дасту ангушту гӯшу бинӣ буридам ва ҳазорон чашм аз косахона ва ҳазорон забон аз даҳон берун кашидам (!!!) Аз ҷасадҳои кушташудагон пуштаҳо сохтам ва сарҳои бурида ба тоқҳои беруни шаҳр овехтам».

Бухтуннаср (Навуходоносори инҷилӣ)-и машҳур, шоҳи Бобул, асиргирандаи Бани Исроил, ки дар ибтидои шоҳаншоҳии Куруш зиста, нисбати милали асир ва зердастон хашми худро чунин фурӯ нишондааст:

«Фармон додам, ки сад ҳазор чашм дароваранд ва сад ҳазор пой бишкананд. Бо дасти худам чашми фармондеҳи душманро даровардам. Ҳазорон духтару писарро зинда ба зинда тӯъмаи оташ сохтам. Хонаҳоро ончунон кӯфтам, ки дигар бонги зиндае аз онҳо барнахезад».

Таваҷҷуҳ бикун, хонанда, ин суханони сарварони мардумоне чун аъроби биёбоннишин ва турку муғулҳои ваҳшии кӯчӣ нест- Ошур (Ассирия) ва Бобул (Вавилон) дар замони худ аз тамаддунҳои хеле рушдёфтае буданд, ки таъсирашон би дигарон низ расида.

Шоҳону амирони мусулмон низ ваҳшигариҳои аз ин кам накардаанд. Ба ёд оварем калламанораҳои Темури Ланг, Султон Маҳмуди ғоратгари дур аз ахлоқи инсонӣ ва дигару дигаронро…

Хуб, акнун мегузарем ба аҷдоди ориёии мо, манқуртони «мӯҳтарам»-и худии бегонапараст. Нахустасосгузори бузургтарин империя дар таърихи инсоният ниёгони мо буданд, ки абарқудрати бузурги то ин дам диданашуда (ки дар се қитъаи олам вусъат дошт-Осиёву Аврупо ва Африқо)-Хаҳоманиширо рӯйи кор оварданд. Ҳахоманишиён ҳар ҷойе қадам мегузоштанд, озодиву рифоҳ ва осоишро бо худ ба армуғон мебурданд ва ба ақоиди дигарон эҳтиром мегузоштанд. Мо бо шумо гуфтаҳои тафохуромези шоҳони ошуриву бобулиро дар боло хондем. Аммо акнун бубинем, ки Куруши Бузург дар устувонаи гилӣ, ки айни он дар осорхонаи Британия ва шибҳ (нусха)-аш дар осорхонаи Эрони Бостон мавҷуд аст, саргузашти вуруд ба Бобул ва фатҳи онро чи гуна шарҳ додааст:

«Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нируманд…Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши худ озод бошанд ва бединон онҳоро наозоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад (накушад). Худои Бузург (ҷавоби мӯҳкам ва далели баҳснопазири таърихӣ ба манқуртони арабпараст-ҷадди мо аз оғоз Офаридгори Ягонаро мепарастид ва ба дигарон низ таълимоти тавҳидиро омӯхт, аммо дигарон онро дуздида, консепсияи монотеистӣ-яккахудоиро «монополия»-и соминажодон карданд. Яъне, «нури яккахудопарастӣ»-ро барои мо биёбониҳо наовардаанд ва ин «нур» сараввал бо мо будааст) аз ман хушҳол шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам-Камбуҷия ва ба тамоми лашкариён аз роҳи иноят баракоти худро нозил кард.

Куруши Кабир сарзаминҳои бузургеро тасхир намуд ва дар Дунёи Қадим давлатеро асос гузошт, ки дар се қитъаи олам-Осиёву Аврупо ва Африқо вусъат дошту инсоният амсолашро то ҳол надида буд. Давлате бо тамаддуну фарҳангу технологияи он замон пешрафтатарин, дорои шаҳрҳои бузурги пешрафтаву зебо, ки то ин замон таъсираш дар меъмории ҷаҳон дида мешвад, роҳҳои бузург, абарқудрате, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл пеш аз канали Суэтс баҳрҳои Миёназамин ва Сурхро ба ҳам пайвастааст. Ин дар он замоне, ки аҷдоди бисёр халқҳои дигари ҷаҳони муосир анқариб дар давраи ибтидоӣ, даруни ғорҳо мезистанд. Мебинем, ки сойири миллатҳо ӯро чи гуна эҳтиром гузоштаанд, чуноне ки худи Куруши Кабир дар устувонааш, ки дар натиҷаи корҳои ҳафриётии Бобул ба даст омадааст, мегӯяд:

«…Вақте миёни сукуту оромиш ба Тин-Тир ворид шудам, бо фарёдҳои шодиву сурури мардум ба қасри подшоҳӣ даромадам ва ба тахти салтанат нишастам».

Оре, мавсуф калламанора насохт, чашмони асирон аз косахона дарнаёвард, пӯсташонро ҷудо накарду тӯъмаи оташ насохт…Ба ҳамин минвол Камбуҷия, Дориюши Бузург ва дигарон ҳукмронӣ намуданд, ки дар хотираи таърихии милали зердаст нақши мусбиро касб намудаанд. Куруши Кабир, муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният (Катибаи Куруш), қавми яҳудро аз банди Бобул озод кард ва иҷозаву дастур дод, ки шаҳри Уршалим (Байтулмуқаддас) ва маъбади харобшудаи Сулаймон аз сари нав барқарор карда шаванд. Ҳамин аст, ки Паямбарони Бани Исроил ӯро бисёр сутудаанд ва пайравони мазҳабе, ки Таврот китоби муқаддасашон аст (яҳудиён) аз туфулият исми ин шоҳи бузургро шунида, ба он ошиқ мешуданд. Дар Тавроту Инҷил Куруши Кабир «Машиах» - Баргузидаи Худо номида шудааст. Дар хотираи милали мағлуб Куруш чун «падар», «ҳомӣ», «шоҳи одил» нақш бастааст. Дар Қуръон низ ишора ба шоҳи одил бо исми «Искандари Зулқарнайн» зикр шудааст, ки тамоми хислатҳои Куруши Бузургро дорост. Гумон мекунем, дар китоби муқаддаси мо маҳз Куруши таърихӣ дар назар дошта шудааст, чун Искандари Мақдунӣ, писари шоҳ Филиппи 2 (ё Дориюши 3, ба касе чи гуна маъқул бошад) бо вуҷуди шогирди Арасту ва марди фарзонаву донои замонааш будан ҳангоми кишваркушоиҳояш аз худ бераҳмиҳо низ нишон додааст. Масалан, ё зиёда аз 120 ҳазор (агар шумораи аҳолии он давронро ба назар бигирем, ин теъдоди хеле бузург аст) аз сокинони Суғд-аҷдоди моро аз дами теғ гузаронд. Авастои Бузургро ба коми оташ андохт ва амсоли ин амалҳоро дар дигар ҷойҳо низ роҳандозӣ кардааст. Хушкида бод дасте, ки ба Куруш санг меандозад…Аввалин амале, ки Искандар баъди тасхири Эрон кард, мақбараи Курушро зиёрат намуду сари таъзим назди он фуруд овард. Куруши Кабир барои Искандар (Александр) идеали асосии шоҳаншоҳиву ҳамосаи мардонагӣ буд, аммо Искандар ин бори гарони пайравӣ намудан ба ин Марди Бузургро кашида натавонист, ҳарчанд, ки ҷавонмардияш аз бисёр шоҳони пешину баъдина хеле боло буд.

Ҳангоме, ки Куруши Кабир, ин ҷадди бузургро ситоиш мекунам, бархе эрод мегиранд, ки «ӯ ҳамчун ғосиб ба сарзамини мо ҳуҷум овардаву аз дасти малика Томирис кушта гардид». Дуруст аст, аммо ӯ даст ба маҳви (генотсиди) аҷдоди мо назада буд ва ҷавонмардона дар ҷабҳаи набард ҳалок гардид. Қабоили кӯчии массагетҳо такя бар шароити вазнини биёбонӣ дорои қавонини дурушту сахт буданд ва Куруши Кабир метавонист нури ойини яккахудоии маздаясноӣ ва фарҳангу тартиботи давлатдории пешрафтаи дорои сиёсати он замон хеле инсондӯстонаи иҷтимоиро ба минтақа биёварад (ки баъдан ворисонаш ин мақсадашро пиёда сохтанд). Куруш ягон истилогари аҷнабии ба мо бегона нест, балки «гӯшт аз гӯшт», «пӯст аз пӯст»-и мост.

Аммо, мутаассифона, империяи бузурги Сосонӣ ин рисолати Ҳахоманишиёнро то ба охир ба дӯши хеш гирифта натавонист. Кам шоҳоне дорои ақаллан нисфи хислатҳои Курушу Дориёши Бузург дар он зуҳур карданд, илло ба истиснои асосгузори дудмони Сосониён Ардашери Бобакон, Хусрави Парвиз ва дигар ангуштшумор сарварон. Аввалин ойини монотеисти (яккахудоӣ)-и инсоният-зардуштия дар ин даврон хеле тағйир ёфт ва аз асли худ фарсахҳо дур шуд. Мардум аз зулми мубадону раҳбарон ба танг омада, имперотурии бузурги ориёиро бӯҳрони амиқи маънавию зеҳнӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёёсӣ фаро гирифта буд, ки ахиран дар замони шоҳаншоҳии Яздигурди 3 дар натиҷаи ҳуҷуми бодиянишинон он фурӯ бирехт…

Мақсад ин ҷо аз овардани баъзе лаҳазоти таърихӣ ҳамин баҳси номгузорист, ки ин қадар «худотарсон»-у «тақводорон»-и мо кафк дар даҳон пайгириашон мекунанд. Бубинед, ки шоҳони бузурги гузаштаи мо, бо номҳои ба гуфтаи ин манқуртон «ширкӣ» чи аъмоле ба субут расондаву Маҳмуди лаънатӣ ва Муҳаммад ибни Марвони қасамшикаставу ноҷавонмард ва амсоли инҳо бо «номҳои мусалмонӣ» чи корҳое кардаанд…

Устура (миф) дар бораи «ҷоҳилият»

Пеш ҳам дар навиштаҳоям гуфта будам ва ҳоло такрор хоҳам кард, ки таърихи мо аз 1400 соли охир иборат нест ва мо гузаштаи дурахшони пешазисломӣ дорем. Мубаллиғини динӣ, ки худ аз асли Исломи ноб дур ҳастанд, доимо «миннат»-и инро мекунанд, ки гӯё қабл аз ислом аҷдоди мо рӯзгори басо тираву тор доштаанд (!!!), ки танҳо баъд аз ҳуҷуми аъроб «нури рӯшноии адабу ахлоқ ва Худошиносӣ» насибашон гашта. Дар ин боб кӯшиш мекунам мухтасаран сари ин масъала қарор дошта бошам, ҳарчанд гуфтаниҳо зиёданд. Умуман, сари ҳар як боби мавод метавонистем такя ба мадраку далелҳои таърихӣ зиёд гуфта бошем, вале ба ҳар ҳол сабру тоқати Шумо, хонандагони азизро раҳм хоҳем кард.

Биёед акнун сари ин масъала назаре ба ҳаёти ҳамон арабҳои қаблазисломӣ андозем. Инак, давраи «ҷоҳилият». Акидае бисёр паҳну ройиҷ аст, аъроби бодиянишини пешазисломӣ аз худ ҳеҷ осори моддиву маънавӣ боқӣ нагузоштаанд. Аммо мадракҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо дар замони худ баҳрнавардони моҳире буда, дар музофоти Кантони Чин колония (намояндагӣ)-и тиҷоратӣ доштанд. Кишвари қадимаи Яман, ки дар ҷануби нимҷазираи Араб воқеъ аст, аз ҷиҳати рушд ба баландиҳо расида буд. Масалан, плотина (сарбанд)-и бузурги Маъриб бозгӯ аз ин гуфтаҳост, ки садсолаҳо барои обёрии заминҳои ташналаби биёбон хидмат намудааст. Шаҳри Ҳиро, маркази қабилаи Лаҳмиён, ки таҳти нуфузи эрониён қарор дошт, аз шаҳрҳои ободу зебои минтақа ба шумор мерафт. Умуман, ҳангоми ҳафриёт дар ин минтақа аз ҷониби олимон бозёфтҳои нодири моддиву маънавии даврони пешазисломӣ дастрас гардидаанд, ки қиммати баланди таърихиро низ доро ҳастанд.

Дигар баҳсе, ки ҳаст, оид ба тарбияи ахлоқиву маънавист. Дар осори шуарои пешазисломии араб дар қатори маҳкум намудани ҷангҳои байниқабилавӣ, аз ҷавонмардиву ростқавлӣ ва иффату бовафоии занон нисбати мардони хеш низ гуфта шуда, чунин хислатҳо сутуда шудаанд-яъне, бармеояд, ки аз араби пеш аз Ислом ваҳшии кулл тарошидан он қадар аз рӯйи инсофу адолат нест. Иддао пеш меоранд, ки «замони ҷоҳилият» «ҷинси латиф»-и инсоният дар шароити биёбон умуман қадр надошт. Аъроби пешазисломӣ, ҳамин, ки дар оила духтар таваллуд мешуд, онро зинда ба гӯр мекарданд. Албатта, хуб аст, ки ойини нав ин амали ваҳшиёнаро манъ кард, вале то ҳол мадрак ё далели аниқе нест, ки чунин рафтори ғайриинсонӣ ба таври хеле васеъ ва сартосарӣ миёни бодиянишинон паҳн шуда буд. Чуноне маълум аст, зиндагии биёбон сангин аст ва дар баъзе маврид барои наҷот додани оила ва кам кардани шумораи «нонхӯрон» маҷбур буданд навталидонро зинда ба гӯр бикунанд-хосса духтаронро, чунки барои «корҳои хоҷагӣ» мардон лозим буданд. Ин ҳодисоти нангин, фикр мекунам, ба таври куллӣ, ҳамеша ва дар ҳама ҷойи нимҷазираи сӯзони Араб фарогир набуд, чун аз рӯйи мантиқ хулосаронӣ бикунем, дар сурати тамоми духтарони навтавлидшударо зиндабагӯр кардани аъроб имрӯз осоре аз ин мардум намемонд ва агар мемонд ҳам, теъдодаш монанди шумораи халқиятҳои дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи Сибиру Шарқи Дури Русия мебуд. Имрӯз аъробро теъдод бузург аст (зиёда аз 200 млн) ва инҳо сарзаминҳои паҳновари ду қитъаи олам-Осиёву Африқоро, ки дорои сарватҳои ғании табиӣ ҳастанд, ишғол мекунанд (ки як Исроили хурдро, ки таърихан ҷойгоҳ дар Фаластин дошту давлати хеле куҳантар аз инҳост, дида наметавонанд, ҳарчанд, ки ин ду мардум-яҳудиву араб решаи ягонаи сомӣ доранд). Вале баъди оне, ки дар хамсоякишвари мо, дар қарни 21, ки инсоният коинотро моли худ кардаасту дар илм ба қуллаҳои баланд расида ва ҳоло ҳам баромадан ба он дорад, духтари мазлумаеро, ки баҳори умраш акнун расида буд-Фархундаи нокомро тӯдаи барбариҳои ҷоҳили муосир шикаставу сӯзониданд, аъмоли арабҳои қадим то ҳадде «кӯдакона» ба назар мерасанд. Сад афсӯс, ки шумораи Фархундаҳо дар таърих андаке нест ва мутаассифона, боз Фархундаҳоро дар оянда хоҳем дид, чун барои ҷоҳилияти инсонӣ сарҳаду замони муайяне вуҷуд надорад.

Қойидаҳои зиёратии динӣ, аз қабили ҳаҷ кардану иҳром бастану мӯйсарро гирифтан, санги сиёҳро бӯса задану даври он давидан, аз чашмаи Зам-Зам об нӯшидан, молро ҳангоми зиёрати Каъба забҳ намудан ва ғайраву ҳоказо ҳамон рафтору аъмоли динии пешазисломист. Фарқ танҳо дар он буд, ки он вақт дар Каъба садҳо бут қарор дошт ва Расули Акрам Муҳаммад (с) онҳоро хароб кардум мардумро сӯи Офаридгори Якто даъват сохт.

Дар кишварҳои арабӣ чандин қарн ҷараёни миллигарое вуҷуд дорад бо исми «урубия», ки дар зеҳнияти миллионҳо аъроб таъсири ғолибро дорост. Тибқи ҷаҳонбинии ин ҷараён арабҳо аз милали пешрафтаи қаблазисломӣ маҳсуб ёфта, арабҳоро зарур аст таърихи пешазисломиро ба гӯшаи фаромӯшӣ насупурда, зиёда аз ин, бояд ифтихор аз он дошта бошанд. Як лаҳзаи ҷолиби таърихи на он қадар дур. Ҳангоми ҷанги Мисру Исроил (миёнаҳои солҳои 60-и қарни 20) барои озод намудани нимҷазираи Сино медонед баъзе маврид барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷангӣ сарбозони мисриро бо чӣ нидоҳо рӯҳбаланд месохтанд? Не? Пас бидонед: «Ба пеш, мо аз зурриёти фиръавнҳоем!» (ишора ба ин, ки Фиръавн қавми яҳудро бо Мӯсо-Паямбари Худо аз Миср пеш карда буд! Ҳол он ки аз нигоҳи этникиву нажодӣ арабҳои сомии омада ба мисриҳои бумӣ умуман дахле надоштанд. Суоли матраҳ ба манқуртону рӯҳониёни мӯҳтарам-барои чӣ аъроб ҳангоми «зӯр омадан» аз «фиръавни лаъин», ки ҳеҷ қаробате бо инҳо надошт, ёд мекарданду мо ҳаққи ифтихор доштан аз Курушу Дориюшу Камбуҷияву Спантанамову Шерак ва дигар абармардони миллатро надоштаем?!).

Акнун мегузарем ба замони «ҷоҳилия»-е, ки Қутайба (маънои ин номро дар боло гуфтем-зин ё кӯҳони шутур) ибни Муслим, ин ҳам қасамшикастаи хунхор ва амсоли инҳо моро аз он «наҷот» додаву нури маърифатро ба мо овардаанд. Роҳи Бузурги Абрешимро ҳама шунидаеду медонед. Дар тамоми тӯли ин роҳ, ки ҳазорҳо фарсах буда, Чинро бо мамолики соҳили баҳри Миёназамин мепайваст, забони расмии муоширати байналмилалӣ забони ҷадди мо-суғдӣ буд. Тоҷирону сайёҳони чинӣ навиштаҷоти муқаддаси буддоиро на аз забони аслӣ-санскрит, балки аз суғдӣ ба забони худ тарҷума мекарданду дар кишвари худ паҳн. Бисёр осори арзишманди фарҳангиву илмие вуҷуд дошт, ки аз ҷониби ғолибон нобуд карда ва ё мавриди истифода қарор дода шуданд. То ҳол харобаҳои шаҳрҳои бузурги пешазисломии мо-Саразму Тахти Ҷамшед ва амсоли инҳо одамонро мутаҳайир месозанд. Дур нахоҳем рафт, ҷуғрофидони маъруфи қарним 10-и араб ал-Мақдисӣ Шумони Қадим (Ҳисор)-ро аз «уммаҳот-ул-булдон», яъне «модари шаҳр»-ҳо донистааст, чун бузургӣ ва ободониву пешрафти ин шаҳри бостонӣ ӯро ба ҳайрат гузошта буд (Дар қисмати «Занд»-и Авастои Бузург оиди Шумон ва ҳокимонаш ҳикоят шуда, алҳол қисмати ночизе аз ин шаҳри бузург боқӣ мондааст). Аз лиҳози тарбияи ахлоқӣ «Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек» шиори гузаштагони мо буд. Яккахудоӣ бароямон навоварие набуд, Аҳуро Маздо-Офаридгори Ягонаро мепарастидем, оташ бароямон рамзи покӣ буд. Мо дорои ахлоқи ҳамида, фарҳанги воло ва ҳамосаи ҷавонмардиву шуҷоат будем, чун Спантанамову Шерак, Курушу Дориюши Бузург, Баҳроми Чӯбинаву Рустами Дастон ва амсоли ин абармардон аҷдодамон буданд. Пас, ҷоҳилият дар зеҳну мағзи шумост, манқуртон, на дар гузаштаи дурахшони мо, ки аз он ҳамеша фахр хоҳем дошт.

Меъморони аслии тамаддуни исломӣ низ моем!
Ҳарчанд ба таҳкурсии дини мубини Ислом дар нимҷазираи Араб бунёд гузошта шуда бошад, бинои муҳташами тамаддуни исломиро миллати ориётабори тоҷику форс сохтааст. Ин санъати меъмории воло, илму адабиёти оламшумул, ки то қарнҳои наздик баъзан маврид дар доираи илмии Аврупо аз ҷониби бархе муҳаққиқон нодуруст «тамаддуни арабӣ» номида шуда, баъдан онро ба «тамаддуни исломӣ» табдили номаш карданд, анқариб ба пуррагӣ аз ҷониби милали форснажод рӯйи кор омада, ки дурдонаҳои гаронтарини махзани ҷаҳонӣ маҳсуб мегарданд. Агар мо бузургонамонро номбар кунем, вақтро зиёд хоҳад гирифт. Танҳо зикри он ҷойиз аст, ки қисми ғолиби мусулмонони дунё, ки шумораашон аз 1,5 миллиард ҳам аллакай гузаштааст, пайрави мазҳаби ҳаммиллати бузурги мо-Абу Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит мутахаллус ба Имоми Аъзам аст. Сохтори давлатии Хилофати Исломӣ пурра аз имперотурии Сосонӣ нусхабардорӣ шудааст, чун қабоили бодиянишини араб таҷрибаи давлатдории мутамарказро надоштанд ва барои раҳбарии чунин сарзамини бузург таҷрибаи миллати рушдёфта лозим буд, ки дар ин кор мағлубон устоди ғолибон шуданд. Сойири кишварҳои арабро ҷустуҷӯ кунед, муҳаддисе ба ин бузургӣ, чун Имом Муҳаммад ал-Бухории тоҷик нахоҳед ёфт…Давлати Сомониён, ин тоҷи заррини миллати тоҷик, аз давлатҳои пешрафтаи замонаш буд, ки Халифаи Бағдодро чорае намонда буд, ҷуз эътироф намудани волоияти зеҳнии аҷдоди мо, ҳарчанд нафрати зиёд ба мо дошту аммо коре аз дасташ намеомад, назди бобоёни мо оҷиз буд. Аз оне, ки мо имрӯз на арабӣ, балки бо забони ноби тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ ҳарф мезанем, хидмати бузурги хонадони Сомонхудот аст. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии Бузург, ин Ҳамосаи мардонагиву шуҷоати милали эронинажод маҳз дар даврони Сомониёни Бузург оғоз шуда, ки ҳуввияти миллии моро ҳифз намудаву тани моро аз фишорҳову таъсиррасониҳои фарҳангҳои бегона ҷавшан шудааст. Ва ҳамин давлати бузурги миллии мо-Имперотурии Сомонӣ ҳам барои Ислом хидматҳои бузург кардааст (дар самти ба дини ислом фаро гирифтани қабоили сершумори ваҳшии турк).

Исломро душмани илм сохтан камоли бехирадист
Қарнҳои аввали Ислом барои рушди илму адабиёт як «давраи тиллоӣ» маҳсуб мешуд. Дар ин замон осори оламшумули бузургони эрониву юнонӣ ба забони арабӣ тарҷума шуданд. Хилофати Исломӣ аз пешрафтатарин имперотуриҳои давр буд. Испониёи исломӣ (Андалус, Қурдоба, Гранада) тӯли садсолаҳо дар Аврупои тираву тори зери бори фанатизми католикӣ дармонда чун як шамъе буд, ки рӯшноии маърифати инсонӣ ба ин қитъа нурпошӣ мекард. Тамоми олимон ва рӯшанфикрони аврупоӣ аз дасти поп (рӯҳониёни насронӣ)-ҳои ҷоҳил гурехта, ба ин сарзамин омада, осоиш меёфтанд ва ба корҳои илмии худ машғул мешуданд. Бисёр хирадмандон, аз қабили ибни Рушд (Аверроэс) ва амсоли ин пайи ҷустуҷӯҳои илмии хеш қуллаҳои баландро фатҳ месохтанд. Хилофатҳои Димишқу Бағдод низ ба улум сахт пайвастагӣ доштанд. Дар дарбори халифа зардуштӣ бо мусулмон, мусалмон бо яҳудиву насронӣ озодона дар баҳси илмиву илоҳӣ машғул буданд, ба рушди дигар улуми динӣ монеае анқариб набуд. Муҳаққиқин ва олимони аврупоӣ дар иқрори он ҳастанд, ки агар мусулмонон намебуданд, осори гаронбаҳои хирадмандони юнонӣ ба боди фано мерафт-ба дасти аврупоиён бисёри ин осор аз тарҷумаи арабӣ расидааст. Аммо ба ҳукми тақдир нақшҳо иваз шуданд ва Аврупоро замони Эҳё ва рушд насиб гашту дунёи Исломро торикии ҷаҳолату ихтилофоти диниву мазҳабӣ ва хурофот фаро гирифт.

Инак, ислом ва илм. Яке аз қазияҳои рӯҳонияти дирӯзу имрӯзи мо дар он буду ҳаст, ки онҳо дар маъвизаҳояшон аз инсон як махлуқи оҷиз сохтаанд ва қисми зиёди ҷамоати муслимин инро бардавор қабул кардаанд. Мантиқро бояд ҷуст: «уламо»-и муҳтарам магар фаромӯш кардаанд, ки тибқи ривоёти динӣ ба Ҳазрати Одам тамоми малоику фариштаҳои ҳафт табақи замин саҷда кардаанд, илло ба ҷуз Шайтони лаъин, ки барои ин кибраш аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд? Одамизод кайҳо исбот карда, ки «махлуқ»-и нотавон нест-имрӯз чи қаҳри баҳр, чи коинот таҳти назар ва ақли зиракаш қарор доранд. «Уламо»-и муҳтарам, ҳангоме,ки ба зиёрати Хонаи Худо тавассути ҳавопаймоҳои азим таҳти садои муҳаррикҳои муқтадир роҳ мегиред, фаромӯш накунед, ки ин технология тӯҳфаи фариштаҳо нест, ки аз осмон фуруд омада бошад, балки маҳсули ақли инсоният аст, ки бо дастонаш сохтааст. Инсоният ҳамон вақт оҷизу нотавон буд, ки дар давраи ибтидоӣ дар ғор ба сар мебурд ва аз ҳар ҳаводиси табиӣ, аз қабили раъду барқ ҳарос дошт.

Ҳангоми озмоиши бомби водородӣ солҳои 60-уми қарни гузашта, ки аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷазираи Замини Нав (Новая Земля), воқеъ дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ роҳандозӣ шуд, баъд аз таркиш мавҷи зарб (ударная волна)-и он чандин маротиба сайёраи моро давр зад ва баъд аз ин, бархе коршиносон мегӯянд, ҳатто меҳвари кураи Замин муваққатан каҷ шуда буд. Таркиши аввалин бомби ҳастаӣ (атомӣ), ки аз ҷониби амрикоиҳо зери муҳри махфии «лоиҳаи Манхеттен» дар ИМА пиёда гардиду баъдан намунаҳои дигари он сари ҷопониҳо фурӯ рехта шуд, шуое тавлид сохт, ки аз рӯшноии Офтоб 1000 маротиба зиёд буд! Соли 1969 астронавтҳои амрикоӣ Нил Армстронг ва Эдвин Олдрин дар Моҳ чунин «сайругашт» карданд, ки мегӯӣ дар боғи бобоияшон бошанд…Захираи силоҳи муосири инсоният ончунон зиёд аст, ки метавонад ҳаётро дар сайёраи мо дар соатҳои башумор чандин маротиба маҳв бикунад. Нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд, ки то нимаи дуввуми қарни мо сайёраҳои дигар, дар навбати аввал Марсро зери даст бигиранд. Дар тиббу нанотехнология ва дигар риштаҳои муосири улум пешравиҳо вусъати бемисл доранду анҷомашон ҳоло маълум нест. Чунин мисолҳо нисбати қудрати инсоният зиёданд. Ин гуфтаҳо фарзияи «нотавонӣ»-и инсонҳоро кайҳост, ки ботил намудаанд. Мумкин баъзе муллоҳои мо ҳангоми маъвизаҳояшон «оҷиз» гуфта, одами қадимаи неандерталиро дар назар дошта бошанд.

Албатта, пеши Худои Якто ва марг инсоният нотавон аст, вале дар ҳаёти рузмарра, дар риштаҳои гуногуни илм ончунон пешрафт намудааст, ки он имкониятҳое, ки пеш «монополия»-и ҷину малоик буд (афсонаҳое, чун «қолини паррон», «ойинаи ҷаҳоннамо») имрӯз пеши ӯ аз чизҳои оддист. Ва хайрият, ки ақли кунҷкови ашхоси бузурги илмиву фарҳангӣ оқибат бар зулмоти хурофотпарастии иртиҷоиёни «худопараст» ғолиб омад, вагарна мо ҳоло ҳам дар сатҳи замони Қурайшиён ба сар мебурдем…

Аввалин қишри ҷомеа, ки баҳри хидмати дилхоҳ истилогари аҷнабӣ камари ҳиммат мебаст, мутаассифона, ҳамин табақаи рӯҳоният буд. Яке аз сабабҳои қафомондагии мо ва генотсиди ареали ориёии минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ҳуҷуми ваҳшиёнаи муғул буд, ки дар симои рӯҳонияти мусулмони Мовароуннаҳр хидматгорони беминнат ёфтанд, ки доир ба ин мавзӯъ мадракҳои таърихӣ хеле зиёд ҳастанд. Имрӯз қишри рӯҳонии моро имконияти мусоид фароҳам аст, ки дар симои қаҳрамонони маъвизаҳояшон он сарсупурдагони миллатро қарор бидиҳанд, ки алайҳи аҷнабиён баҳри ҳифзи марзу бум ва миллати хеш ҷонҳои худро қурбон кардаанд. Чуноне гуфтаанд, дӯст доштани Ватан ҷузъи имон аст. Бо ин амал рӯҳонияти муосир метавонад то андозае хиёнати пешгузаштагонаш (рӯҳонияти даврони гузашта)-ро ҷуброн бикунад. Баъдан, дар маъвизаҳо бояд бештар сари илми дунявӣ низ гуфта шавад, чун яке аз калимоти дар Қуръон зиёд омада маҳз ҳамин «илм» аст. Ислом набояд душман, балки бояд дӯсти илм бошад, ки ҳамин гуфтаҳои Расули Акрам «аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз» далели он аст, ки ҷаҳонбинии исломӣ сароғоз мухолифи дунявият ва илм набудааст. Аз оне, ким о имрӯз дар масоҷид ҳаводиси 1400 сол пеш вуқӯъёфтаро такрор ба такрор мегӯему пайваста ашк мерезем, барои миллат он қадар суд надорад, чун ҳангоми «транс» ва ашкрезии мо миллат ва тамаддунҳои дигар коинотро беш аз пеш фатҳ карда, талоши сохтани садҳо таҷҳизоти муосирро доранд. Ҳамаи мо нисбати бузургони Ислом эҳтиром дорем, аз таърих ва моҳияти дин бохабарем, ҳаёти бархе аз бузургон баҳрамон дарси ибрат низ ҳаст, аммо чӣ илоҷ, асрҳо пайи ҳам дар ивази якдигаранд, пас мо бояд ногузир аз пайи модерн (навовариҳо) бошем, дар акси ҳол дар ҷаҳони глобалӣ моро нақши бардагӣ интизор аст.

Дигар чизе, ки наметавон аз он ёдоварӣ накард, ин ҳамин хатари муосири фарҳангсӯзи «Давлати исломии Ироқу Шом» аст, ки аз бунёдаш инсонбадбин ва алайҳи миллату тамаддуни мо равона шуда, мутаассифона бархе аз ҷавонони ноогоҳи моро ба доми зулмоти хеш кашидааст. Ин зуҳуроти аҳримании иртиҷоӣ мақсади панарабӣ дошта, бо нафтдолларҳои арабӣ таҳти ҳимояи хадамоти махсуси Ғарб амал мекунад, ки мехостанду мехоҳанд лоиҳаҳои худро дар Дунёи Ислом пиёда кунанд ва комилан мухолифи манофеи миллӣ ва ҷаҳонбинии тамаддунии порсии мост. Ҷиҳоди ҳақиқӣ ободии Ватану оилаи хеш аст, на ин ки ба хоҷагони аҷнабӣ ва ғояҳои бегона камари ҳиммат бастан. Бо итминон мегӯям, ки муҳаббат ба ин «давлат»-и ба ном исломӣ ва дилхоҳ ҳаракатҳову гурӯҳҳои «исломӣ» теша ба решаи худ задан ва хиёнат ба Ватану модари худ мебошад.

Бинобар ин, ба ҷойи эрод гирифтан ба номҳои аҷдодӣ беҳтар аст энержии худро баҳри рушд ва ободии ҷомеаву Меҳани хеш равона кард. Боқӣ, ҳамаро ба паноҳи Парвардигори олам месупорем.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: