Дар Шветсия ба партовҳо ниёз доранд23-08-2019, 10:47
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Маққомоти Шветсия омодаанд партовҳоро барои коркардкардан аз дигар кишварҳо ворид ё харидорӣ намоянд. Дар ин кишвар, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи партовҳо ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда,боис мегардад, ки дар мамлакат қариб ягон қутии партов боқӣ намонад. Партовҳо ё барои сӯзишворӣ истифода ё дубора аз сари нав коркард шудаанд. Мақомот корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монда,барои бедор кардани дарку огоҳии мардум, ба натиҷаи хуб ноил мегарданд. Акнун аксарияти сокинони кишвар медонанд, ки аз пластикаи партофташуда дар натиҷаи коркард метавонад, ҳафт маротибаи дигар чизи нав сохта шавад ва ҳатто пас аз он барои сӯзондан ба нерӯгоҳи барқ фиристонда шуда, ба истеҳсоли барқниз мусоидат кунад. Дар Шветсия ҳар як оила 6 ё 7 сатили алоҳида барои партовҳои гуногун - пластикӣ, коғаз, шиша, картон, металл ва дигарҳо доранд. Ҳамчунин як сатили иловагӣ барои партовҳое мебошад, ки дубора коркард кардани онҳо икон надорад. Дар ин сатил, ҳатто кӯдакони хурдсол дар Стокголм пӯчоқи конфеташонро намепартояд. Дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо ба онҳо ба тартибмондани партовҳоро таълим медиҳанд ва дар кишвар барои нодуруст партофтани партовҳо ҷарима ситонида мешавад. Ашёҳои калон, ба монанди телевизор, диван, масолеҳи сохтмонӣ ба истгоҳҳои махсус интиқол дода мешаванд. Дар он ҷо онҳо ба ҷузъҳои алоҳида ҷудо шуда, барои истифодаи минбаъда азҷониби истеҳсолкунандагони мол харидорӣ мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо ашёи хомро барои оғози силсилаи нави истеҳсол ба даст меоранд. Рангҳо, кислотаҳо ва дигар моддаҳои хатарнокро, ки аз чунин ашёҳоҷудо карда мешаванд, ба заводи махсуси коркарди кимиёвӣ мефиристанд. Бояд гуфт, ки чуниндастгоҳҳои коркарди партовҳодар ин кишвар бепул мебошанд. Дар Шветсия тартиби нави кӯчондани биноҳо, ки "деконструкция" ном дорад,ҷорӣ карда шудааст. Масалан, ҳангоми хароб кардани бинои кӯҳна, мошинҳо қисмҳои деворро канда ба дастгоҳи махсус мебаранд, ки пас аз коркард дубораҳамчун маводи сохтмонӣ ба кор равад. Дар натиҷаи анҷоми чунин амалҳо бинои кӯҳна ба бинои нав мубаддал мегардад. Сокинон барои супоридани зарфҳои шишагӣ ва пластикӣметавонанд пул гиранд, аммо онҳо бояд ба нуқтаҳои қабулкунии партовҳо бурда шаванд. Дар Шветсия дорувориҳое, ки мӯҳлаташ гузаштааст,ҳамчунин сӯзандору ва сӯзанҳои истифодашударо низ ба дорухонаҳо бармегардонанд.Интиқоли партовҳо дар кишвар тавассути роҳҳои зеризаминӣ анҷом дода мешавад, ки ҳанӯз соли 1961 таъсис ёфтааст. Қисми асосии чунин партови ахлотҳо дар зери замин ҷойгир аст ва сокинони кишвар танҳо қисми болоии онро мебинанду халос.Дар ҳоли ҳозир камбуди партовҳо дар Шветсия ягона мушкилот маҳсуб мешавад. Танҳо 7%-и партовҳо ба қуттиҳои партоб бурда мешаванд, аммо боқимондаи он ё сӯзонда ё аз сари нав коркард мешавад. Ҳамин тавр, бо туфайли танҳо пасмондаи партовҳои коркардшуда Стокоголм 45% бо нерӯи барқ таъмин гардидааст.Набудани партовҳо метавонад боиси мушкилоти калон барои аҳолӣ гардад, зеро шведҳо тавассути коркарди партов пули хонаҳоро пардохт карда, ҳамчунин аз нерӯи барқистифода мекунанд. Аммо кишвари ҳамсоя- Норвегия изҳор доштааст, ки омодааст, барои кӯмак ба Шветсия ҳар сол 800 ҳазор тонна партовро интиқол диҳад. Шведҳо на танҳо чӣ гуна коҳиш додани партовҳо дар партовгоҳҳои кишварро пешкаш карданд, балки роҳҳои кам кардани миқдори партовҳои зараровар ба атмосфераро низ нишон доданд. Ба туфайли технологияҳои навтарин, ки дарзаводҳои Шветсия бароикоркард васӯзондани партовҳо истифода мешаванд, газҳои заҳрноки баҳаво хориҷшаванда аз 1% зиёд нестанд. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.