Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Проблема ва мулоҳиза ҶАҲОН ЗИДДИ ПЛАСТИКА. МО ЧӢ?

Проблема ва мулоҳиза ҶАҲОН ЗИДДИ ПЛАСТИКА. МО ЧӢ?

5-09-2018, 08:56
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Проблема ва мулоҳиза ҶАҲОН ЗИДДИ ПЛАСТИКА. МО ЧӢ?Проблема ва мулоҳиза ҶАҲОН ЗИДДИ ПЛАСТИКА. МО ЧӢ?

Дар давраи шӯравӣ равғану машрубот ва маҳсулоти шириро асосан дар зарфҳои шишагӣ мегирифтанд. Мо кӯдакони он замона ба мағоза се шишаи холии лимонад бурда, ба ивазаш як шиша лимонади яхини хушмазза меовардем. Аз ин рӯ, бонкаю шишаҳоро ҳамагон эҳтиёт мекарданд. Калонсолон ҳангоми ба мағозаю бозор рафтан бо худ халтачаҳои матоъгин ва ё тӯрӣ мегирифтанд. Имрӯз бошад вазъ дигар аст. Аз солҳои навадум сар карда, аксари нӯшобаҳо ва маҳсулоти шириро дар зарфҳои пластикӣ ҷой медиҳанд. Меваю сабзавотро бошад ҳамагон бо халтаҳои пластикӣ ба хона меоранд. Кам касон халтачаҳои пластикиро такроран истифода мебаранд. Бисёриҳо зарфу халтачаҳои пластикиро ба куҷое рост ояд, мепартоянд: канори роҳ, партовгоҳ, ҷӯйбор, дарё…
Экологҳои Иттиҳоди Аврупо ҳисоб кардаанд, ки агар партофтани партов бо ҳамин суръат идома ёбад, то соли 2025 ба ҳар 3 кило моҳӣ 1 кило партов рост хоҳад омад. Яке аз хавфноктарин намуди партовҳо маснуоти пластикӣ ба шумор меравад. Сатил ё зарфи нӯшобаи аз пластика тайёршуда, ки ба партов ҳаво медиҳанд, метавонад 500 сол дар табиат боқӣ монад. Партови пластикӣ ба хок афтода аз худ моддаҳои химиявии зарарнок хориҷ мекунад. Дар натиҷа манбаъҳои об низ ифлос шуда, бо мурури сол барои нӯшидан нобоб мегарданд. Зимни вайроншавии пластика ба фазо гази метан ихроҷ мешавад.
Ба гуфтаи доктори илмҳои химия Шамс Назаров зарфҳои пластикӣ асосан аз маҳсулоти полимерӣ, ба монанди поливинилхлорид, полистирол, поликарбонат, аминопласт истеҳсол шуда, дар таркиби онҳо стирол, фенол, формалдегид, руҳ, фтор, сурб ва дигар моддаҳои химиявӣ мавҷуданд. Зарфҳои хӯроквории пластикӣ бо таъсири ҳарорати баланд, нурҳои ултробунафш ва ғайра вайрон шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Алалхусус таъсири манфии онҳо дар ҷигару гурда зуд эҳсос мешавад. Тавассути маҳсулоти дар зарфҳои пластикии муҳлаташон гузашта ё бо таъсири гармӣ хосияташон вайроншуда системаи муҳофизатии ҷисм заиф мегардад.
Олимони соҳаи тиб солҳои охир таъсири манфии пайвастагиҳои дар маҳсулоти пластикӣ мавҷудбударо муайян кардаанд,- мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Дар натиҷаи ба организм таъсир намудани заррачаҳои пластика заифшавии нури чашм, тағйирот дар ҳуҷайраҳои мағзи сар, авҷгирии бемориҳои дил ва рагҳо, хатари пайдоиши диабети қанд, сар задани бемориҳои саратонӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми сӯзонидани пластика ба фазо моддаҳои зарарнок- диоксинҳо ихроҷ мешаванд, ки дар организм ҷамъшавии онҳо боиси аз байн рафтани масунияти бадан (иммунитет) ва пайдошавии бемориҳои саратонӣ мегардад.
Ҳар сол дар ҷаҳон 400 ҳазор ҷонварони баҳрӣ дар натиҷаи фурӯ бурдани сарпӯшаку ҳалқаҳои пластикӣ ба ҳалокат мерасанд. Масолеҳи пластикӣ лӯлаҳои обгузар, ҷӯю ҳавзҳоро пур карда, ҳангоми боронгарию серобӣ боиси ба роҳ баромадани об мегарданд.
Ба гуфтаи сарвари ташкилоти экологии «Замини хурдакак» Темур Идрисов ҳар сол дар ҷаҳон аз маҳсулоти нефтӣ триллионҳо адад халтачаҳои пластикӣ истеҳсол мешавад. Ин халтачаҳо боиси маҳкамшавии қубурҳои ташноб, марги ҷонварони обию паррандаҳо, ифлосшавии заминҳои корам ва ғайра мегарданд. Ҳодисаҳои марги чорво, ки дар партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат чарида, пораи халтачаҳои селофаниро фурӯ бурдаанд, борҳо ба мушоҳида расидааст.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол дар кишвар 69 партовгоҳи пасмондаҳои сахти маишӣ мавҷуданд. Аз онҳо 6 ададаш зери назорат қарор дошта, 63 адади дигар ба таври стихиявӣ ба миён омадаанд, ки дар маҷмӯъ майдони 300 гектарро ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилоии КВД «Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ» соле дар мамлакат зиёда аз 2 миллион тонна партовҳои сахти маишӣ ба вуҷуд меоянд, ки на ҳамаи онҳо мавриди коркарди такрорӣ қарор мегиранд.
-Муомилот бо партовҳои маишӣ дар ҷумҳурӣ яке аз проблемаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад,- мегӯяд сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замину муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мақсадулло Мардонов.- Ҳоло дар кишвар 26 сехи коркарди дуюмбораи партовҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 9 сехи коркарди пластика, 7 сехи коркарди коғазпора, 8 сехи коркарди металҳои сиёҳ ва ранга, 2 сехи коркарди пӯст мебошад. Аммо сехҳои мазкур талаботи имрӯзаро пурра қонеъ гардонида наметавонанд. Барои мушкилоти пешомада моро зарур аст, ки аз таҷҳизоти безараргардонии ҳозиразамон истифода бурда, барои коркарди дуюмбораи партовҳои пластикие, ки дар партовгоҳҳо ҷамъ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешем.
Дар Қирғизистон бо мақсади кам кардани истифодаи масолеҳи пластикӣ ду сол пеш дар бузургтарин марказҳои савдо ба харидорон бепул додани халтачаҳои пластикиро манъ намуданд. Акнун дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ тасмим гирифтаанд, ки аз 1 январи соли 2019 бепул ба харидорон додани халтачаҳои пластикиро манъ намоянд. Ҳамчунин барои истеҳсолу воридсозии халтачаҳои полимерии ғафсиашон аз 15 микрон камтар ва зарфҳои аз 5 литр хурд иҷозат дода намешавад.
Бори аввал соли 2002 Ҳукумати Бангладеш истеҳсол ва фурӯши халтачаҳои пластикиро манъ намуда, ба ҷои он истифодаи халтачаҳои коғазину матоъгинро пешниҳод кард. Таҷрибаи бангладешиҳоро Сингапур ва Тайван ҷонибдорӣ намуданд. Дар Ирландия баъди баландшавии нархи халтачаҳои пластикӣ истифодаи онҳо 94 фоиз кам шуд.
Ҳоло дар ин кишвари аврупоӣ истифодаи халтачаҳои матоъгини бисёркарата маъмул шудааст. Дар Танзания бошад, барои истеҳсол, воридот ва фурӯши халтачаҳои пластикӣ 2000 доллари амрикоӣ ҷарима мебанданд ва ё як сол ҳабс мекунанд. Дар Эрон низ истифодабарии халтачаҳои матоъгин маъмул шуда истодааст.
Ҳар як дақиқа дар ҷаҳон миллион адад зарфи пластикӣ истеҳсол мешавад. Даҳ сол пеш дар сайёра 300 миллиард дона зарфи пластикӣ фурӯхта шуда буд. Соли 2016 ин рақам ба 480 миллиард дона расид. Аз нисф ками зарфҳои пластикии соли 2016 ҷамъоваришуда мавриди коркарди такрорӣ қарор гирифтанд. Танҳо аз 7 фоизи онҳо дубора зарф истеҳсол шуд. Аз нисф зиёди ин зарфҳо, ки қариб 300 миллиард донаро ташкил медиҳад, то ҳол обу хоку ҳавои як гӯшаи сайёраро ифлос карда истодаанд.
Ширкати машҳури «Adidas» бошад аз партовҳои пластикии соҳили баҳру уқёнусҳо истеҳсоли кроссовкаро ба роҳ монд. Экологу дизайнер ва технологҳои ширкати номбурда истеҳсоли нахҳои махсуси сунъиро кор карда баромаданд. Ин иқдоми наҷиб боиси тозашавии соҳилҳо хоҳад гашт.
Дар ҷазираи Юмэносимаи Япония аз партовҳои пластикӣ брикет сохта, онҳоро дар болои баҳр ба ҳамдигар васл месозанд. Сипас, аз болояш хок рехта, дар он боғу гулгашт бунёд мекунанд. Бо ин усул дар халиҷи Токио варзишгоҳ, боғи фароғатӣ, осорхона ва гармхона бунёд намудаанд.
- Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон моро низ зарур аст, ки аз истеҳсолу истифодаи масолеҳи пластикӣ давра ба давра даст кашем,- мегӯяд Мақсадулло Мардонов. – Аз ин рӯ гузаштан ба истифодаи халтаҳои коғазину матоъҳои пахтагин ва зарфҳои шишагин саривақтӣ мебошад. Зеро халтаҳои аз матоъ истеҳсолшударо солҳо метавон истифода бурд. Дар сурати аз истифода баромадан низ коркарди дубораи он арзону безарар мебошад.
Пешниҳоди мазкур қобили дастгирист. Дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар корхонаҳои хурд истеҳсоли халтаҳои матоъгини андозаҳои гуногунро ба роҳ мондан мумкин аст. Ин халтаҳоро шуста, борҳо метавон истифода бурд. Аз тарафи дигар садҳо нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванду барои аз беруни мамлакат бо арзи хориҷӣ ворид намудани халтачаҳои пластикӣ ҳоҷат наменад.

Сайфиддин СУННАТӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: