Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот дар Гулбутта

Мулоқот дар Гулбутта

14-08-2019, 16:17
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот дар Гулбутта
Бар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба иҷрои дастури дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, бо иштироки Дилбар Абдураҳимова – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Убайдулло Қурбонов – муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ- и ноҳияи Фирдавсӣ дар маҳаллаи Гулбутта мулоқот баргузор шуд.
Д. Абдураҳимова зимни баромади хеш зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣдар шаҳр пошхӯрии оилаҳо ба 979 адад расидааст, ки ин аз мушкилоти рӯз ба шумор меравад. Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин надоштани касбу ҳунар ва беаҳамиятии волидайн нисбати тарбияи дурусти онҳо мебошад. Мавсуф инчунин дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ободкориҳои шаҳри Душанбе, одоби шаҳрнишинӣ, пӯшидани сарулибосӣ миллӣ сухан кард. У. Қурбонов, дар мавриди заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафти мамлакат ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣҳифзи манфиатҳои миллӣ бедориву ҳушёрии сиёсиро мехоҳад. Имрӯз тавассути воситаҳои электронӣ вориди ҳамаи кишварҳои гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрвандро мебояд дар ин раванд аз манфиатҳо, бахусус забону фарҳанги миллӣ ҳимоя намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: