Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ НАВРӮЗИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ НАВРӮЗИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

13-07-2018, 10:04
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
 ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ НАВРӮЗИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Ххдт Фирдавсӣ:- Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии коршиносон ва вакили ноҳия бо сокинони маҳаллаи “Наврӯз”-и ноҳия доир гардид. Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доир ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, омилҳои номатлубе чун ифротгароӣ ҳарф зада, дар бораи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ қувваҳое ҳастанд, ки мафкураи ҷавононро аз худ намуда, ба манфиатҳои нопоки хеш истифода менамоянд. Аз ин лиҳоз заминаи тарбия волидайн ва ҷомеа бояд устувор ва судманд бошад.
Одинашоҳ Қосимов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи номбурда дар мавриди касбу ҳунаромӯзӣ ва бо кор фаро гирифтани аҳолии бешуғлу бемаълумот таклифу пешниҳодҳои судманд намуд.
 ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ НАВРӮЗИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Сокинони маҳалла ҷиҳати барқарор намудани масчид, бунёди варзишгоҳу майдончаи бозии кӯдакон, бозор, роҳандозӣ намудани хатсайри нақлиёт, бунёди корхонаро дархост намуданд.
Коршиносон ва вакили ноҳия Матлуба Каримова ваъда доданд, то қадри имкон дар самти мушкилу норасоиҳои мавҷуда ва дархосту пешниҳодҳои сокинон корбарӣ хоҳанд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: