
н.Фирдавсӣ:-Кормандони кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия мутобиқи дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраки 23 вохӯриву мулоқот намуданд.
Зариф Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба масоили дар болозикршуда изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки тозагиву озодагӣ, муносибати хубу фарҳанги баланди инсонӣ, эҳтироми якдигар, ахлоқу одоби ҳамида шартҳои асосии шаҳрнишинӣ мебошад. Мавсуф дар мавриди таъсири ҷаҳонишавӣ ва пешгирии насли наврас аз таъсирҳои манфии он низ изҳори назар намуд.
Дар фарҷом сокинон оид ба бунёди майдончаи варзишӣ, сари вақт бардоштани партов аз дохили бино ва ғайра пешниҳодҳо намуданд.