Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд

1-03-2019, 06:15
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақшаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба тарғиби дастовардҳои истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе дар ҷойҳои серодам дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо ҷавонон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Муҳриддин Ғаффоров – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дилшод Шарифӣ –Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самандаров Искандар-муовини Ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳукуматов Далер – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Дустзода Афзалшо –Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок карданд.

Абдуев Хуршед - омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур дар доираи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун пешбарандаи Истиқлолияти сиёсӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ ва пешниҳоди ҳадафи чоруми миллӣ, саноаткунонии босуръати кишвар, ташаккули рамзҳои миллӣ, саҳми Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дилшод Шарифӣ – Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самтҳои иқтисодии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ташабусси чоруми Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ 10-солаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, факторҳои стратегияи рушди иқтисоди миллӣ, рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андеша иброз намуд.

Дӯстзода Афзалшо – Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ва содиқонаву зиракона мубориза зидди неруҳои иттилоотии муғризонаи нотавонбинони миллат суханронӣ намуд.

Дар фарҷом миёни баромадкунандагон ҷавонон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: