Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ОДОБУ АХЛОҚИ ҲАМИДА

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ОДОБУ АХЛОҚИ ҲАМИДА

1-10-2018, 09:53
Хабарро хонданд: 64 нафар
Назарҳо: 0
ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ОДОБУ АХЛОҚИ ҲАМИДА
Кормандони кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ тибқи супориши протоколии маҷлиси назоратии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе №1-6, банди 7, бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъомад доир гардид.
Қурбонгул Қурбонмамадова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои тартибу низом дар оила, дар ҷомеа ҳарф зада, таъкид намуд, ки минбаъд духтарон баъди оиладоршавӣ ин одатро дар оилаҳояшон давом медиҳанд, ки ин омили муҳим дар бунёди оилаи солим маҳсуб меёбад.
Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ дар мавриди ҳунаромӯзӣ ва нақши он дар оиладории духтарону бонувон ҳарф зад. Мавсуф таъкид намуд, ки ҳар духтари тоҷик бояд аз таомҳои миллӣ, ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ огоҳ бошад ва онро чун мероси миллати кӯҳанбунёд ҳифз намояд.
Фарида Алиева, мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди ҳифзи фарҳанги миллӣ, бахусус либоси миллӣ, пешгирии омилҳои бегонапарастӣ ҳарф зад.
З. Сафарзода, намояндаи кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавриди омилҳои бегонапарастӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба афкору рафтори ҷавонон, риояи одобу ахлоқи ҳамида ҳарф зад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: