Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намуданд

НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намуданд

31-07-2019, 10:32
Хабарро хонданд: 506 нафар
Назарҳо: 0
НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намудандМуқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбониёни савдои одамон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмие қарор гирифт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30 июл таҷлил мегардад, бахшида шуд.
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ), Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои давлатӣ дар ҳамоиш аз таҷрибаву дониши худ доир ба таваҷҷуҳ ба қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо сухан гуфта, истифодаи фанновариҳои муосирро дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба иштироки намояндаи қурбонӣ дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ, таъмини маҷмӯъи кумакҳо ба қурбониёни савдои одамон, истифодаи интернет дар ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, таҷрибаҳои пешрафтаи минтақавӣ-ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии СБМ буда, тақрибан ду даҳсола боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, соли 2019 СБМ ба 17 қурбонии савдои одамон дар ҷумҳурӣ ёрии мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: