Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Муовини Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Муовини Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

20-06-2017, 15:08
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Муовини Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 20.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Интизор меравад, ки муовини Сарвазири Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов зимни сафари дурӯзааш ба Душанбе бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон вохӯрда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни ду кишвар матраҳ намоянд.

DSC_0286Инчунин дар Душанбе бо иштироки доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз» ва макони сохтмони Маркази савдои автомобилии фурӯши истеҳсолоти «Узавтосаноат» ширкати «Лесинвест» боздид намоянд.






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: