Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ифтитоҳи Портали савдои Тоҷикистон

Ифтитоҳи Портали савдои Тоҷикистон

30-04-2019, 06:55
Хабарро хонданд: 20 нафар
Назарҳо: 0
26 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «HYATT Regtncy» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи расмии Портали савдои Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазарати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ, бо кумаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардида аст, доир шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд ва намояндагони Корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиш Завқизода Завқӣ Амин, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо иштирокдоронро барои таъсиси Портали мазкур таҳният гуфта, қайд кард, ки Портали савдои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти иқтидори Содирот ва содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст.
Гуфта шуд, ки Портали савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии кишвар буда, ба соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд имконияти гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии 39 гурӯҳӣ молӣ баробар ба тахминан 1500 молу маҳсулот фароҳам меоварад.
Барои боз ҳам равшантар муаррифӣ намудани Портали савдои Тоҷикистон ба иштирокдорон аз ҷониби масъулин навои видеоӣ оид ба тарзи истифода ва имкониятҳои асосии он намоиш дода шуд. Ҳамзамон ҳангоми рӯнамоии Портал Завқизода Завқӣ Амин, Муҳаммад Саид - мушовири калон оид ба содагардонии расмиёти савдо Маркази тиҷорати байналмилалӣ, Саня Боянич - муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Филиппо Кривеларро - роҳбари шуъбаи андозагирии иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дигарон муҳокимаронӣ намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо бо пахши тугмача Портали савдои Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуда, дастрасии истифодабарии онро ба ҳама эълон намуд.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: