Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Савдои одамон мушкили рӯз аст

Савдои одамон мушкили рӯз аст

4-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Савдои одамон мушкили рӯз астСахтиҳои иқтисодӣ ва набуди кори муносиб аз омилҳое аст, ки инсонҳоро дар ҷаҳони муосир гирифтори мушкил мекунад.

Ин масъала барои тамоми кишварҳо таъсири ҳамсон дорад, аммо дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд, ки бештар аз буҳронҳо осебпазиранд, асароти он равшантар ба назар мерасад. Одамро мешавад бо роҳи гуногун ва дар ҳама ҷо истисмор кард ва аз ин гурӯҳҳои ҷиноӣ бо истифода аз оддитарин имконияту фурсат истифода мекунанд. Истисмор нишонае аз савдои одам, ба нафъи шахс ва гурӯҳе манфиат бардоштан аз меҳнати дигарон дониста мешавад.

Хонаро таъмир карданд, пулашонро надоданд
Аз назди ин бино, ки дар кӯчаи С. Айнӣ воқеъ аст, қариб ҳар рӯз мегузарам. Он зебо ва хуштарҳ сохта шуда ва дар арафаи ба истифода додан аст. Аммо як ҳодисаи мағшуш ҳар бор, вақти дидани ин бино диламро беҷо мекунад. Агарчӣ даъвогарони ҳақ кайҳо музди худро ба сахтӣ ҳам бошад, билохира гирифтаанд.

Ҷавонеро, ки Собир ном дорад, кайҳо боз мешиносам. Ӯро баъзе пагоҳиҳо вақти ба кор омадан медидам. Танҳо набуд, бо ду нафари дигар –яке бародару дигар аз хешовандонаш ҳар бор, ки вақти ба кор рафтан аҳволпурсӣ мекардам. Онҳо меомаданд то истгоҳи рости ин бино ва хайрухуш карда, аз нақлиёт мефаромаданд. Аз чеҳраашон маълум буд, ки аз кори худ розианд ва ман ҳам хурсанд будам, ки бачаҳо ин мавсим ба Русия нарафта, дар ҳамин ҷо назди хонаводаи худ кор пайдо кардаанд.

Боре дар вақти суҳбат маълум шуд, ки чанд хонаи нимтайёрро гирифта, се нафар андова (штукатур, стяжка, шпатлёвка) ва рангубор мекунанд.

Дар яке аз рӯзҳои хунуки зимистон ба кор омаданашро дида, дар омади гап пурсидам, ки «кор вазнин нест?»

- На, - гуфт Собир, - ва бо хушҳолӣ идома дод: - Дар муҳоҷират мактабашро гузаштаем, ин ҷо аз ҳамон таҷриба истифода мекунем. Дар Русия ин корҳоро дар шароити аз ин ҳам сахттар (манзураш ҳавои сарди зимистон буд) иҷро мекардем. Баъзе рӯзҳо дар берун аз бино туф кунӣ, ях мекард, вале мо дар дохили бино, ки системаи гармӣ дошт, кори худро анҷом медодем. Зимистони мо пеши хунукиҳои Русия ҳеҷ аст, барои ҳамин корамон бо суръати бештар иҷро мешавад.

Чанд вақт гузашт ва рӯзе ӯро боз ҳам дар роҳ дидам, вале ин бор хотираш парешон буд.

- Ба кор меравӣ? – пурсидам аз вай.
Аммо ин бор ғайри интизор бо изтироб гуфт:

- Кори чӣ, ҳоло ҳаққи кори пешинаамонро гирифта натавониста гаштем, имрӯз – пагоҳ карда ваъда медиҳанд. Ҳар бор ваъдаи пул додан мекунанд, агар ин бор ҳам надиҳанд, ба прокуратура шикоят мекунем, дигар чора надорем, – инро гуфта Собир саросема дар истгоҳ фаромад.

Чун ману ӯ бо як нақлиёт меомадем, чанд рӯз аз байн гузашту боз бо ӯ вохӯрдам. Ҳамгап шудем. Аз ҳолу аҳволаш пурсидам. Маълум шуд, ки сабаби мушкил дар гирифтани ҳаққи корашон ҳамон шахси миёнарав будааст, ки ӯ ва чандин нафари дигарро ба кор оварда буд.

Ширкати сохтмоние, ки ин биноро месохт, хориҷӣ буда, ба як соҳибкори туркӣ тааллуқ дошт. Аммо чун гурӯҳе аз коргарон ҳаққи худро аз корфармо гирифта натавониста ба раиси ширкат шикоят мекунанд, вай мегӯяд, ки маблағро аз нафари миёнарав гиранд. Бачаҳо замоне дарк мекунанд, ки раиси ширкат ҳам мушкилашонро ҳал намекунад, маҷбур мешаванд ба прокуратура шикоят намоянд.

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур омада, бар асоси мактуби коргарон вазъияти сохтмону арзи коргаронашро месанҷад. Танҳо пас аз оғози тафтиш раҳбарияти ширкат барои пардохти ҳаққи хидмати коргарон иқдом мекунад. Дар натиҷа Собир ва чандин нафари дигар, чанд моҳ сарсон буданд, ҳаққи корашонро билохира гирифтаанд.

Ҳамсуҳбатам тавзеҳ дод, ки дар шароити имрӯз агар кас барои ҳаққи худ талош накунад, ҳар нафаре, ки андак ҷойгоҳ дошта бошад, мехоҳад дигареро бепул кор фармояд. Мутаассифона, чунин тарзи муносибат ҳоло хеле маъмул шудааст.

Сохтмон танҳо ҷои истисмори коргар нест
Сохтмон аз бахшҳое аст, ки коргаронро фиреб медиҳанд, аммо ин гуна ҳолат, мутаассифона дар дигар соҳаҳои вобаста ба истеҳсолот ҳам ҷой дорад. Сарфи назар аз иқдомоти ҷиддие, ки дар ин замина давлат ба иҷро мерасонад, боз ҳам амалҳои ҷинояткорӣ содир мешаванд. Дар гузашта мо дар бораи ҳолатҳои зиёди дар хориҷ аз кишвар аз сӯи одамҷаллобон фиреб додани муҳоҷиронро шунида будем, аммо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ниҳодҳои судию прокуратура гувоҳи он аст, ки дар дохили Тоҷикистон ҳам чунин ҳолатҳо кам нестанд.

Пешниҳоди кор ва баъдан истисмор кардани коргарони ноогоҳ аз услуби маъмули фаъолияти гурӯҳҳои қаллоб аст. Ин тарзи истисмор дар баробари ба таври фардӣ ва гурӯҳӣ ба хориҷ фиристодану пас аз он ҳуҷҷатҳои зердастонро гирифта, ба иҷрои корҳои гуногун маҷбур намудани қурбониёни худ аз амалҳои таҷрибашуда барои афрод ва гурӯҳҳои одамҷаллоб аст.

Дар чунин ҳолатҳо нафари ба домашон афтодаро бераҳмона кор мефармоянд, вале музди корашро намедиҳанд. Коре, ки нанговар, аммо чӣ кунем, ки аз воқеиятҳои рӯзҳои мост.
Дар намунаи сарнавишти Собир, мо метавонем натиҷа бардорем, ки ҳатто агар коргар ҳуҷҷат ва қарордоди хаттӣ ҳам надошта бошад, дар сурати ваъдаҳои худро иҷро накардани соҳибкор ва дар баробари ин боз таҳдид намудан, коргар ҳуқуқ дорад ба додгоҳ шикоят кунад ва ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунад.

Дар ҳоле, ки қонунҳои Тоҷикистон ва ҳар кишвари дигар шароити ҳимоят аз ҳаққи ҳар нафарро фароҳам кардааст, вале воқеият чунин аст, ки одамҷаллобон боз роҳ ва услубҳои нави фаъолияти худро меёбанд.

Хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба ҳисоб рафта, он аз амалҳои поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гардидааст.

Мушкил дар иқтисоди ҷаҳон аст?
Баъзе аз коршиносон масъалаи одамҷаллобиро дар берабтиҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мебинанд. Ба гуфтаи онҳо кори маҷбурӣ аз омилҳои рушд буда ва коргар дар ҷаҳони имрӯз барои таъмини зиндагии хонаводаи худ бояд доим кор кунад. Аммо ҳар қадаре, ки кор накунад, дастмуздаш танҳо барои як моҳ мерасад.

Барои ба даст овардани тамоми воситаҳои рангоранги рӯзгор, ки шабу рӯз аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ реклама мешаваду намунаашро дар истифодаи дигарон мебинем, коргар маҷбур аст бо умеди дастрасӣ ба намунаҳое аз онҳо боз бештар кор кунад, аммо бехабар аз он ки тахайюли эҷодкорони анвои мавриди ниёзи рӯзгор шабу рӯз фаъол буда, ҳар соат чизи нав ва дилкаштару ба назар ҷолибтарро тавлид мекунад.

Коргари замони муосир дар пойгаи расидан ба ҳама гуна навгониҳои илмӣ техникӣ, ки дар рӯзгор ва истеҳсолот истифода мешавад, оҷиз ва бечора аст.

Беқурб шудани пул бар асари шадид шудани таъсири фишорҳо аз буҳрони молӣ ҳам аз сабабҳое аст, ки як қишри фаъоли ҷамъият аз натиҷаи кори худ сол ба сол камтар баҳравар мешаванд.

Гурӯҳҳои ҷиноии машғули одамрабоӣ, махсусан дар шароити ноором ва дар ҳолатҳои пеш омадани бесуботиҳо бештар фаъол мешаванд.

Дар ҳамин ҳол ҳифзи субот, таъмини озодию ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳамзамон бо ин фароҳам кардани шароити рушд барои иқтисоди миллӣ метавонад заминаҳои ихтилофҳои густурдаро дар ҳар кадом кишвар аз байн барад ва нагузорад, ки гурӯҳҳои ҷинояткор, аз ҷумла фаъолияти одамҷаллобон беш аз беш ривоҷ пайдо кунад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: