Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАЗОҲО ПУРЗӮР ГАРДИДАНД

ҶАЗОҲО ПУРЗӮР ГАРДИДАНД

26-12-2018, 12:30
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
ҶАЗОҲО ПУРЗӮР ГАРДИДАНД

Ҷавобгарӣ барои гарав, даллагӣ, ташкили фоҳишахона, иҷрои номатлуби вазифаҳои касбӣ занҷаллобӣ, доруҳои қалбакӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳо пурзӯр гардид.

Иҷлосияи ҳабдаҳум Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум рӯзи 25-уми декабри соли 2018 дар толори Маҷлиси Миллӣ доир гардид. Дар ин иҷлосия 42 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки 35-тои он такмили қонунҳо буданд.
Сароғоз сухан ба раиси Кумитаи Маҷлис Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қонуният Раҳмон Озода Эмомалӣ дода шуд. Мавсуф перомуни сездаҳ қонунҳои навқабулшудаи кишвар, ки аксаран ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, сухан гуфт. Нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 ибрози андеша кард.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории гражданӣ қабул шуда, шарту шароит, намудҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои шартнома ва муносибатҳои дигарро вобаста ба гарав танзим менамояд: Аз ҷумла, масъалаи аз ҳисоби молу мулки соҳибкори инфиродии муфлисшуда қонеъ намудани талаботи қарздеҳони ӯ такмил дода шудааст.
Яъне ҳангоми муфлис шудани соҳибкори инфиродӣ, қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ба кредиторон ҷуброн карда мешавад.
Ҳамзамон, минбаъд бо риояи шартҳои дахлдор молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ба кредитор дода мешавад.
Кредитор бошад уҳдадор аст, ки молу мулки мазкурро ба манфиати тарафҳо фурӯшад. Меъёрҳои дар боло зикршуда барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона карда шудаанд.
Мавсуф зимни баррасии масъалаи дуввум гуфт: ”Ба баррасии ҷаласаи имрӯза Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қисми дуюм) пешниҳод карда мешавад.
Ин Қонун барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона карда шудааст.
Масалан, моддаи 527-уми Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шуда, мувофиқи он, харидор аз лаҳзаи ба таври кредит гирифтани мол, ҳуқуқу уҳдадориҳои моликро пайдо менамояд.
То пурра пардохт шудани маблағ бошад, соҳибмулки ин мол фурӯшанда ба ҳисоб меравад. Тибқи илова ба моддаи 693-юми Кодекс, иҷорадеҳ дар муносибатҳои лизингӣ ба ҳайси кредитор эътироф мешавад.
Дар ин маврид иҷорагир нисбати объекти лизинг ҳуқуқи ихтиёрдорӣ пайдо менамояд.
Ҳамчунин, қисми дуюми моддаи 879 низ дар таҳрири нав ифода ёфтааст.
Минбаъд маблағи кредитороне, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд, дар навбати аввал ба инобат гирифта мешаванд. Меъёри мазкур бо мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар қабул шудааст.
Дар идомаи иҷлосия Раҳмон Озода Эмомалӣ дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зад. Мутобиқи гуфтаҳои раиси Кумита “Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекси амалкунанда ба Кодекси тандурустӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ва дигар санадҳо қабул шудааст”.
Дар ин замина, ба 16 моддаи Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ғайр аз ин, моддаҳои 130 прим 2 ва 132-юми он хориҷ карда шудаанд.
Мувофиқи тағйироти дигар, мафҳуми савдои одамон, аз ҷумла кӯдакон дар таҳрири нав ифода карда шудааст.
Ҳамин тариқ, таҳти мафҳуми “савдои одамон” минбаъд хариду фурӯши одам, анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ ва ҳаракатҳои ғаразнок ва ғайра фаҳмида мешавад.
Ҳамзамон бо ин, ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ пурзур карда шудааст.
Инчунин, ба санксияи моддаҳои 138, 139 ва 141-уми Кодекс низ илова ворид карда шудааст. Ба моддаи 239 қисми 2 илова гардида, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ ҷавобгарӣ пурзур карда мешавад.
Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт. Тибқи тағйирот ба моддаи 129-уми Кодекс, минбаъд барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад, ҷавобгарӣ пурзур карда мешавад.
Ғайр аз ин, моддаи 207-уми Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шудааст.
Тибқи он, минбаъд барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавӣ мегардад, ҷавобгарӣ пурзур карда мешавад.
Ба моддаҳои 210 ва 210 прим 1-уми Кодекс низ тағйирот ворид карда шудааст. Ин меъёр, барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасевтӣ аз ҷониби шахсе, ки иҷозатнома надорад, ҷавобгариро пурзӯр менамояд.
Барои ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, ғайристандартӣ, қалбакӣ ва дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта низ ҷавобгарӣ пурзур карда мешавад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тағйиротҳои зерин ворид гардиданд. Ҳамин тариқ, ба моддаи 121-уми Кодекс тағйироту илова ворид карда шудааст.
Мувофиқи он, минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, ҷавобгарӣ пурзур карда мешавад.
Масалан, минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ вобаста ба субъект аз 100 то 700 нишондиҳанда, барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба моддаи мазкур қисми 2 илова карда шуда, барои такроран содир намудани чунин кирдор аз 200 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Илова бар ин, мутобиқитағйиру иловаҳо, ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ мусодира карда мешавад.
Сипас, раисони кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф, Амирзода Раҳмоналӣ Амир низ дар мавриди қонунҳои дигари баррасишаванда сухан гуфтанд. Ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ мавриди баррасии аъзои ин маҷлис қарор гирифтанд.
Ду нафар судяҳои Суди Олӣ Садриддин Собирзода ва Маҳмадалӣ Абдулҳақов бо сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаи судяи Суди Олӣ бозхонд гардиданд.
Додихудозода Д. Д. ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Иҷлосияи мазкур масъалаи бозхонди муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва сарфароз гардонидани ӯ бо “Ифтихорномаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро низ баррасӣ намуд.
Дар интиҳо раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев перомуни соли аз лиҳози сиёсӣ хеле пурбаракату таърихӣ ва дастовардҳои азими он, хоса дар мавриди нақши мондагории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, инчунин қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ аъзои Маҷлиси Миллӣ бо сарбаландӣ вазоифи хешро иҷро намуданд.

Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: