Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҳлили натиҷаҳо ва тасдиқи нақшаи нимсола

Таҳлили натиҷаҳо ва тасдиқи нақшаи нимсола

16-07-2019, 13:47
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
Таҳлили натиҷаҳо ва тасдиқи нақшаи нимсола Таҳлили натиҷаҳо ва тасдиқи нақшаи нимсола
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда, инчунин барои фаъолияти минбаъда вазифаву нақшаҳояшро муайян намуд.
Дар маҷлис фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ин давра таҳлил гардида, аз натиҷаҳои он қаноатмандӣ изҳор карданд.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода таъкид кард, ки ҲХДТ аз нерӯи бузурге бархурдор аст, бинобар ин, барои боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият мебояд аз имкониятҳо истифода бурд. Ба гуфтаи вай дар шароити феълӣ фаъолияти њадафманди тарғиботиву ташвиқотӣ аз истифодаи самараноки усулҳои муосири тарғибот вобастагӣ дорад.
Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода низ ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр баҳои баланд дода, дар баробари ин барои пешрафти кори ҳизбӣ дастуру пешниҳод ва маслиҳатҳо дод.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, комиссияи тафтишотӣ, рафти маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ шунида шуданд. Ба ҳайати кумитаи иҷроия тағйирот ворид ва чанде аз қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр барои нимсолаи дуюми соли 2019-ро тасдиқ карданд.
Дар охир ба теъдоде аз фаъолони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоие, ки дар тарғиби ғояҳои ҲХДТ фаъолона ширкат варзидаанд, сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан тақдим гаштанд.
Инчунин, ба чанде аз ҷавонони фаъол, ки нав ба сафи ҲХДТ қабул гардидаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: