Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тасдиқи нақшаҳои нав

Тасдиқи нақшаҳои нав

16-07-2019, 11:52
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Тасдиқи нақшаҳои нав
Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ, аъзои кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан», намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи васеи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои зерин: љамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019, ахбороти комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии кумиҷроия, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баррасї, њисоботи Ситоди «Обуна -2020» ва меъёри обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва “Шафақ” шунида шуд,
Иштирокчиён инчунин қарорҳои маҷлиси Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҳизб, нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва пешнињод дар мавриди даъвати Конференсияи XХII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро баррасї ва тасдиќ карданд.
Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсола баҳри баррасӣ ва амалӣ намудани қарорҳои маҷлиси Кумитаҳои иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар шунида шуд. Номбурда дар оғоз баён дошт, ки фаъолияти нимсолаи ҳизбиёни шаҳр дар муҳиту шароити вусъати бунёдкорию созандагӣ ҷамъбаст гардид.
Ҳанӯз аҳли ҷомеаро таассуроти баланд аз баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ташрифи сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили бошукӯҳи 22-юмин солгарди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тарк накардааст.
Дар доираи 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақша – чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар миқёси шаҳри Хуҷанд бунёдкорӣ рӯз то рӯз авҷи тоза мегирад ва дар ин раванд аъзову фаъолон ва алоқамандони ҳизби маҳбуби мо низ саҳми шоистаи худро гузошта истодаанд.
Чуноне зикр шуд, дар давраи ҳисоботӣ 1229 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб ҷалб шуданд. Агар ин нишондиҳанда бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 муқоиса шавад, танҳо дар шаш моҳи соли равон 111 фоиз қабул ба сафи ҳизб зиёд гардидааст. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳр ба 17 ҳазору 300 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 221 нафарро занон ва 8 ҳазору 351 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 6 корхонаву муассисаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис доданд. То моҳи июл шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 232 адад расид. Инчунин, 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ фаъолияти худро идома дода истодаанд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода зимни суханронї аз ҳамкории босамари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, саҳми аъзову фаъолон ва алоқамандони ҳизб дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ҳалли мушкилоти мардум ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ кард ва баён дошт, ки МИҲД-и шаҳр минбаъд низ иқдому ташаббусҳои ватандўстонаи ҳизбиёнро дастгирӣ менамояд.
Дар рафти музокира раиси ташкилоти ибтидоии «Ориён», директори Коллеҷи омӯзгорӣ Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» Наҷмиддинов Мирзонеъмат ва раиси ташкилоти ибтидоии «Пӯлод Толис» Раҳматова Наима маърўза карданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ дар рафти суханронї Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро аз ҷумлаи беҳтарин кумиҷроияҳои ҳизбии вилоят муаррифӣ намуда, фаъолияти онро намунавӣ арзёбӣ кард. Дар баробари зикри муваффақиятҳо номбурда камбудиҳои ҷойдоштаро зикр намуд, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо, боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият маслиҳатҳои судманд дод ва ҳизбиёнро ба истиқболи сазовори ҷашнҳои мубораки 25-солагии ҲХДТ ва 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ иттилоъ дод, ки тибќи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маъракаи «Обуна- 2020» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ ва “Шафақ” расман аз 1 июни соли 2019 оғоз гардида, њайати Ситоди “Обуна-2020” иборат аз 29 нафар, намояндагони ҳамаи сохторҳо ба он ҷалб шудаанд.
Н. Маликисломӣ ба самъи ҳозирин расонид, ки дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд имкон ҳаст, ки Конференсияи 22 ҳисоботӣ - интихоботӣ октябри соли 2019 гузаронида шавад. Аъзои кумиҷроия пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ карданд. Меъёри вакилӣ ба Конференсия аз 74 нафар аъзои ҳизб 1 нафар вакил муқаррар гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: