Фаъолияти нимсола қаноатбахш арзёбӣ шуд16-07-2019, 13:57
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ аз натиҷаҳои фаъолияти кумиҷроия ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, доир ба самтҳои алоҳидаи он аъзои фаъоли ҳизб Парвина Хоҷаева ва Фахриддин Рӯзибой маърӯза карданд.
Мудири шуъбаи ташкилӣ, назорат, омор ва кадри КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия баҳои хуб дода, қайд кард, ки дар робита ба маъракаҳои муҳими сиёсї ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати ҲХДТ фаъолият боз ҳам таҳким бахшида шавад. Дар маҷлис раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм иштирок ва суханронӣ кард. Дар ҷамъбаст ба чанд нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамзамон ба ташкилотҳои ибтидоие, ки саривақт нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбиро иҷро карданд, туҳфаҳо тақдим гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.