Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018

1-08-2018, 08:15
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзнома ҳозирин ҳисоботи раиси кумиҷроияро вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи кори кумиҷроия шуниданд. Маликисломӣ Наим Мунаввар асосан дар бораи ҳаракати аъзоён, пардохти аъзоҳаққӣ, масъулият дар самти низоми ҳуҷҷатгузорӣ, дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани маъракаи обунашавӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018
Оид ба натиҷаҳои рафти обунашавӣ барои соли 2019 муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева баромад намуд.
Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроия аз муҳимияти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ сухан ронда нақши васоити ахбори омма, хосса нашрияҳои ҳизбиро дар баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии сокинон нек арзёбӣ намуд.
Ҷаласа бо тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм, тасдиқи як қатор қарорҳои кумиҷроия ба кори худ хотима бахшид ва дар вазъияти тантанавӣ фаъолон бо медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби аъзоёни кумиҷроия муроҷиатнома нисбат ба амали ноҷавонмардонаи нохалафон дар куштори сайёҳони хориҷӣ қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: