Инаугуратсия, сирки сиёсӣ ё демократияи инноватсионӣ?22-05-2019, 09:35
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
20 майи соли 2019 дар Украина маъракаи расман ба сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби кишвар Владимир Зеленский доир гашт.
Мавсуф дар интихоботи қарибулвуқӯъ бо дарёфти аксарияти овозҳо президент Порошенкоро, ки дастнигари Ғарб буда, тӯли 4 соли идора кардани ин давлат боварии мардумро аз даст дода буд,, дар ин вазифаи олӣ иваз кард. Давраҳои интихоботи президентӣ дар Украина, мусаллам аст, ки бо пурмоҷаро буданашон таваҷҷуҳи мардумони дигар кишварҳоро ба худ кашида буданд. Хоса силсилафилми "Слуга народа"-и дастаи номзад ба президентӣ – Зеленский, на танҳо таваҷҷуҳи интихобкунандагони украинӣ, балки шаҳрвандони дигар кишварҳоро низ ҷалб карда буд. Зеро усули пешгирифтаи тарғиботии ин номзад ғайримаъмулӣ буд. Зеленский барномаи интихоботии худро дар шакли саҳнаҳои телевизионӣ бо иҷро кардани нақши асосӣ дар он филмҳо, пешниҳод мекард. Ҷолибияти ин филмҳо он буд, ки Зеленский бо иҷро кардани нақшҳои мазҳакавӣ ҳама мушкилоти ҷомеаи украиниро бо инъикоси ҳукумати фурӯхташуда, парлумони коррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои ноуҳдабарои ҳукуматӣ ошкор мекард. Ин тарзи пешниҳоди мушкилоти бармало дидашаванда ва бо роҳи тамасхуру истеҳзо кушодани чеҳраи элитаи сиёсии кишвар тавонист, ки ба зеҳни мардум он чиро ҷо кунад, ки асли ҳукумати Порошенко чисту дурӯғҳои сиёсии ӯ кадомҳоянд. Ҳамин тариқ, дар давраи аввали интихобот Зеленский бо бартарияти овозҳо аз худ дарак дода, ахиран авлавияти интихоботро дар муқобили Порошенко ба қавли мардум " бозӣ ба бозӣ " соҳиб шуд. Зеро халқи аз ҷангу дурӯғҳои сиёсӣ хасташуда, қарзҳои торафт афзояндаи давлат, аз даст додани Қрим ва ҷангҳои Донбасс, ки натиҷаи таҳаввулоти сиёсӣ, бандерачигӣ ва мушкилоти сохтаи забонии давлат ин қисмати кишварро ба даргириҳо кашида буд, боиси шикасти Порошенко дар интихобот гашт. Инаугуратсияи Зеленский, ки ба қасдан аз ҷониби Рада (парлумон) ба рӯзи душанбе, яъне рӯзи корӣ, гузаронида шуда буд, аз назари президенти нав ҳамчун амали барқасдона дур намонд. Ҳарчанд Зеленский дар роҳи воридшавӣ ба қасри Парлумон худро ҳамчун як ҳунарманди мазҳака нишон дода, гӯё ба интихобкунандагонаш дарак медод, ки ӯ тағйир наёфтаву ҳамон Зеленскийи мардумист, вале сиёсатшиносони рус ин рафторҳои ӯро хуш накарданд. Хабари он ки Зеленский дар мулоқот бо намояндагони сиёсии кишварҳои даъватшудаи хориҷӣ, эълон доштааст, ки дар ҳалли масъалаи " агрессияи Россия" ба Амрико такя мекунад, Россияро нороҳат карда наметавонад. Россия, ки баъди дар давраи якуми интихобот бартарияти овозҳоро соҳиб шудани Зеленскийро ба қавли русҳо "На урра!" қабул карда буд, бо як баёнияи изҳордоштаи ӯ, ки ба қавли русҳо дастпарвар ва дастнигари Коломойский ( сарватманди гурезаи дар ғурбатбудаи украинӣ ) аст, умедашонро ҳанӯз дар даври дуюми интихобот аз Заленский канда буданд. Аммо, мутаассифона, дигар номзаде набуд, ки ба вай такя карда тавонанд. Аз ин рӯ ба ҷуз масхара кардани баъзе аз амалҳои ӯ тариқи ВАО- и худ, чорае надоштанд, магар эътирофи интихоби мардуми Украина. Ба ҳар сурат аз ду БАДӣ якеро бояд интихоб кард, мегӯяд мардуми рус. Дар ин ҳол Россия ҳам дар интихоби миёни Порошенко ва Зеленский, ба афзалият додани ахирӣ, роҳи дигаре надошт. Вале русҳо шояд ҳеҷ чашмдор набуданд, ки Зеленский ҳанӯз аз соатҳои аввали президентӣ ҳатто аз минбари инаугуратсия бо ин қадар осонӣ бартарияти муносибатҳояшро ба кишвари Амрико медиҳад, на ба Россия. Паёми сиёсии ӯ дар бораи ҳатман ба Украина баргардонидани Қрим ин қатраи охирине буд, ба косаи сабри сиёсии русҳо. Ин аст, ки ҳар як ҳаракати артистонаи Зеленский гаштаю баргашта, дар экрани телевизионҳои Россия давр мезанад, яъне масхара мешавад. Сарвари нави сиёсӣ Инаугуратсияи Заленский аз нигоҳи аксар соҳибназарони рус боз ҳам идомаи ҳамон нақшофаринияш дар филми мазҳакавӣ ба бинандаи телевизионҳо, талаққӣ мегардад. Шояд Зеленский бо игнор кардани ҳамаи расмиёти сиёсӣ мехоҳад бигӯяд, ки сарварии сиёсӣ шаклҳои наве ҳам дорад? Пароканда кардани парлумони Украина , озод кардани прокурори генералӣ, вазири мудофиа, аъзои ҳукумат ва дигар қарорҳои сиёсии нахустини Зеленский шояд ба ҳамин андешаи боло ишорат мекунад? Ба андешаи бархе аз коршиносони рус, аз ҷумла сиёсатшинос Сергей Кургинян инаугуратсияи Зеленский ин на каму на беш, балки як сирк ё масхарабозист. ӯ бар он назар аст, ки ин ҳамаи " политической цирк" ва дақиқан роҳ кушодан ба бетартибиҳои сиёсӣ дар ояндаи наздик аст. Аз он ки Зеленский на дар қасри президентӣ зиндагӣ мекунаду на бо кортеҷи президентӣ ба инаугуратсияи меояд, коршиносон чунин меҳисобанд, ки ӯ ҳанӯз аз нақши доимии «комик»- ияш ( масхарабозӣ) берун нашудааст. Ба андешаи онҳо Зеленский то ҳол дар нақши президент аз телесериали «Слуга народа» ( хизматгори халқ») буда, акнун дар саҳнаи сиёсӣ нақшофарӣ мекунад, на сиёсатмадорӣ. Аммо кас ба суханронии хеле ҷиддӣ ва паёмҳои таҳдидомези сиёсии ӯ нигариста, метавонад бовар кунад, ки ӯ ҳамчун як интихобшудаи мардум, дар амалҳои хеш хеле ҷиддист. Матни суханронии ӯ расмист, вале ҳар як ҳаракат ё нигоҳаш гӯё то андозае ҷиддӣ наметобад. Кас гумон намекунад, ки ин ҳама маъракаи муҳимтарини сиёсии як давлат аст, мегӯянд сиёсатшиносони рус, ки то андозае ғазаболуд менамоянд. Шояд коршиносони русро хуш наомад, ки Зеленский бо забони русӣ эълон дошт, ки Қрим ва Донбасс порае аз сарзамини Украина ҳасту онро ба касе намедиҳем, гарчанде ки чанд сол аст, ки Модар-Украина барои озодии ин фарзандонаш коре накардааст, онҳоро канор гузоштаву азоб ҳам додааст, илова мекунад, дар суханронияш Зеленский. Яке аз коршиносони рус Зеленскийро " Трампи украинӣ" номида таъкид бар он дошт, ки президенти Амрико низ корро чунин оғоз карда буд. Яъне ӯ бозингарона ҳукуматдорӣ кардани президент Трампро дар назар дошт. Ба қавли онҳое, ки дар студияи " Время покажет" - и телевизиони Россия истода ба тахт нишастани сарвари давлати дигареро муҳокима мекунанд, дар ин марҳалаи хеле ҷиддӣ ягона чизе, ки намерасад, ин ҷиддият аст, мегӯянд онҳо. Воқеан тарзе ки Зеленский имрӯз замони ба қасри Парлумон ё Радаи Украина дар муҳити тантанаҳои сиёсӣ омад, хеле хандаовар ва ғайриодӣ буд. ӯ чун писарбачаҳои бепарво роҳ рафта бо яке бӯсобӯсӣ мекарду бо дигаре селфӣ мегирифт, дасти якеро мефишурду бо дигаре аз ҷо ҷаҳида даст медод. Чарх мезаду бо мардум мулоқоти ғайримуқаррарӣ мекард, ки ин ҳамаро телевизионҳои Россия такрор ба такрор нишон медоданд. Чӣ мехост Владимир Зеленский бо ин ҳама рафторҳои пуропури артистизмаш? Ҳама дар ҳайратанд. Дмитрий Гордон - журналисти украинӣ ба ин амалҳои президенти тозаинтихобашон хушбин аст. Ба фикри ӯ Радае, ки Зеленский пароканда кардааст, тӯли 2 моҳи дигар имкон доранд, қонунҳои дуруст қабул кунанд ва корҳои коррупсионии худро як сӯ гузоранду аз нав ба хидмати мардум бигузаранд. Худро дубора ҳамчун вакили мардумӣ нишон бидиҳанд. Мавзӯи Қрим ва Донбасс доғ мешавад? Яке аз мавзӯъҳои ин муҳокимарониҳо ин буд, ки чаро ба инвугуратсияи Зеленский аз ҷониби Амрико вазири энергетика омадааст, на сарвазир ҳамчуноне, ки сатҳи чунин маърака талаб дорад? Ин масъала низ тарзе ташреҳ ёфт, ки гӯё ба манфиати Россия набуд. - Ҷанги Донбассро мо сар накардем, вале мо бояд онро анҷом диҳем,- гуфт президенти нави Украина - Владимир Зеленский. Мо бо аз даст додани Қрим ва Донбасс замини Украина ва халқамонро аз даст додем, таъкид дошт ӯ. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров аз эъломи Зеленский дар рафти инаугуратсия дар як мулоқот расман изҳори нигаронӣ кард. Президенти Украина масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони украинӣ ва асирони ҳарбиро тариқи шартнома ва бо усули " ҳама бо ҳама" аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ номид. Лавров ишора ба он кард, ки: " ку бубинем Зеленский ин ваъдаашро бо кадом роҳ амалӣ мекарда бошад, дар ҳоле, ки Қрим аллакай ин ҳудуди Россия аст". Тавре ки дар муҳокимаҳои телевизионӣ қайд гардид, ҳалли масъалаҳои бозгардонии Қрим ва анҷоми ҷанг дар дар Донетск ва Донбассро Порошенко, президенти қаблӣ низ ваъда дода буд. Вале коре аз дасташ наомад. Масъалаи забони русӣ, ки ҳатто зимни инаугуратсияи Зеленский аз забони худи ӯ ҳам, гӯё бо риоя нашудани қонун дар бораи забони давлатӣ, садо дод, аз масоили мавриди таваҷҷуҳи нишасту мубоҳисаҳои телевизионии русҳо гаштааст. Вақт нишон медиҳад, ки ин масъаларо Зеленский, ки худ русзабон аст, чӣ гуна ҳал мекунад. Аксҳои маро дар утоқҳои кориатон наовезед, ба ҷойи ин суратҳои фарзандони худро биовезед, то ки ҳангоми тасмими кореро гирифтан, онҳоро бубинед ва аз корҳои коррупсионӣ даст кашед,- гуфтааст Зеленский ҳангоми суханронияш дар ин маъракаи сиёсӣ. Ин иқдом ҳам як шикасти қолабҳои дигари сиёсии ин президенти ҷавон аст. Танҳо гузашти айём метавонад собит кунад, ки диди тоза ва инноватсионии ин президенти қолабшикан чи ба бор меорад. Ҷаҳонро ба сабки тозаи давлатдорӣ мекашад, ё дар шикастани қолабҳои асрҳо қабулгашта, худаш мешиканаду умедвориҳои демократияи навинро ба хок мекашад. Ба ҳар сурат мо ба интихоби халқи Украина арҷ мегузорем ва ҳақи дахолат ба рафторҳои Зеленскийро надорем. Мунтазир мешавем, ки роҳи ғайримаъмулии пешгирифтаи ин президент чи натиҷа медиҳад. Ба халқи Украина танҳо оромиву пешрафт орзу мекунем. Президенти нав муборакашон бод! Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.