Владимир Зеленский президенти Украина интихоб шуд22-04-2019, 12:58
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Дар даври дувуми интихоботи президентии Украина, ки рӯзи 21-уми апрел баргузор шуд, Владимир Зеленский бо 73,2 дарсад ё 11,2 миллион раъйи интихобкунандагон ба пирӯзӣ расид. Рақиби ӯ раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко бо ба даст овардани 24,5 дарсад овози интихобкунандагон сабқатро бохт. Ҳамин тавр, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор-Владимир Зеленский президенти Украина интихоб шуд.
Тибқи гузориши exit poll ба ҷонибдории Зеленский 72,7 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раисҷумҳури кунуниро танҳо 27,3% украиниҳо дастгирӣ карданд. Дар шарқи Украина ҳунарпешаро 88% аҳолӣ ва раисҷумҳури кунуниро 12% мардум дастгирӣ кард. Дар ғарби кишвар ба ҷонибдории Зеленский 56%, ба тарафдории Порошенко бошад - 43,6% овоз доданд. Пас аз эъломи натиҷаи интихобот Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.