Моҷароҳои Украина18-12-2018, 08:18
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Мувофиқи нишондоди боду ҳаво санҷон дар Россия ва Украина ҳаво якбора рӯ ба сардӣ овардааст. Дар Украина то 15 дараҷа ва дар Россия бошад аз ин ҳам зиёдтар ҳаво хунук гаштааст. Аммо ин сардии ҳаво на танҳо ба табиати ин ду мамлакат таъсир расондааст, балки дар қалбу ниҳоди бошандагони ин давлатҳо низ то андозае таъсиргузор шудааст. Якдигарнофаҳмиҳо, муноқиша ва моҷароҳҳое байни ин ду мамлакат рӯй дода истодаанд, боиси нигаронии сиёсатмадорону мардумшиносони дунёӣ шудаанд. Бахусус моҷарои гулугоҳи Керч ин шабу рӯз байни Россия ва Украина дар мадди назари тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Шабакаҳои телевизионии Россия ва Украина мавзӯи зикргардидаро қариб ҳар шаб дар барномаҳои гуногуни сиёсиашон мавриди назар қарор дода, баҳсу мунозираи зиёде атрофи мавзӯи зикргардида доир мекунанд. Ин назарбозиҳо то куҷо ҳаллу фасли худро меёбанд, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ ва кай ин мавзуъ матраҳ мешавад? Албатта дар ҷодаи давлатдорӣ ва сиёсати башарӣ борҳо чунин моҷароҳо рӯй додаанд ва оқибати он таҳрикоти номақбулеро байни халқияту миллатҳои гуногун овардаанд. Субҳи 25-уми ноябр қаиқҳои хурди зиреҳпуши украинӣ «Бердянск», «Никопол» ва «Яни Капу» аз Одесса ба самти Мариуопол ҳаракат карданд. Ҳангоми наздик шудан ба гулугоҳи Керч онҳо ба киштиҳои сарҳади Россия рӯ ба рӯ шуданд. Сарҳадбонони Руссия ба онҳо огоҳӣ доданд, ки сарҳади давлатиро убур кардаанд, аммо киштиҳои украинӣ ба ин эътибор надода самти ҳаракати худро тағир надоданд. Он гоҳ ду самолёти муҳосиракунандаи СУ-25 ва як вертолёти зарбазани КА-52 ба ҳаво баромаданд. Ҳангоми бозгашт киштиҳои украинӣ аз ҷониби сарҳадбонони Руссия тирборон шуданд ва дар натича се маллоҳи украинӣ захм бардошт. Баъди ин бо фармони президенти Украина Пётр Порошенко дар як чанд шаҳрҳои Украина ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд, ки онро Раддаи Олии Украина пазироӣ намуд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маллоҳони украинӣ худро дидаву дониста ба коми марг раҳнамун сохтаанд? Ба хотири оне, интихоботи президенти дар Украина мавқуф гузошта шавад ва ё Пётр Порошенко тавонад, ки дар курсии давлатдориаш зиёдтар шинад? Ва ё ин амал аз ҷониби русҳо барқасдона иҷро гардид? Инҳо суолҳое ҳастанд, ки ҳар рӯз дар расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои телевионии Руссия бо ибрози андешаҳои гуногун гӯиё роҳи ҳалли худро меёбанд. Тарафи Россия эълон доштааст, ки аз ҷониби киштиҳои украинӣ барои гузаштан аз гулугоҳи Керч дархосте накардаанд, аммо украинҳо гуфтаанд, ки мо барои гузаштан дархост пешниҳод дода будем, аммо дархости мо қабул нашудааст. Мавриди зикр аст, ки дар атрофи моҷарои гулугоҳи Керч андешаҳои зиёде мавҷуд аст. Қисме аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ Россияро гунаҳгор мекунанду қисми дигар давлати Украинаро, аммо дар ҳама ҳолатҳо муносибати ин ду давлат баъди ин моҷаро боз ҳам бадтару сардтар гардид. Ба назар чунин мерасад, ки дар атрофи моҷарои Керч ақида ва андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо як моҳ аст, ки он роҳи ҳалли наёфта истодааст. Мо аз даврони гузашта медонем, ки гулўгоҳи Керч яке аз гузаргоҳҳои асосии обии баҳри Азов мебошад ва аз он ҳар рӯз даҳҳо киштиҳо мегузаранд. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2003 байни Маскав ва Киев шартнома дар боби «Ҳамкорӣ кардан ва якҷоя истифода бурдани баҳри Азов ва гулугоҳи Керч » баста шуда буд. Агар чунин бошад, пас чаро киштиҳои украинӣ аз тарафи сарҳадбонони рус тирборон карда шуданд ва 24 нафар маллоҳон асир афтоданд? Баъди ин ҳодиса президенти Украина Пётр Порошенко дар қисме аз шаҳрҳои Украина ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Чуноне, маълум аст, дар Украина моҳи марти соли оянда бояд интихоботи президенти баргузор мегардид. Мувофиқи нишондоди тадқиқоти ҷомешиносони украинӣ Пётр Порошенко вобаста ба амалҳои нисбат ба Руссия содир кардааш имрӯз ҳамчун ватандўст дар байни иддае аз мардуми Украина манзалати баланде пайдо кардааст ва дар давраи интихоботи президентӣ, ки он 31 марта соли 2019 баргузор мегардад, метавонад яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намояд. Ҳамин аст, ки ба вуқуъ пайвастани ин моҷароро зумрае аз сиёсатшиносони рус ба ин чорабинии сиёсии қарибулвуқўи Украина нисбат медиҳанд. Яке аз сиёсатшиносони машҳури рус профессор Лилия Шевсова моҷарои дар атрофи гулугоҳи Керч рӯйдодаро бар он маънидод мекунад, ки бо ин роҳ президенти Россия Владимир Путин мехоҳад рейтинги худро барои интихоби ояндаи президентӣ дар Россия баланд бардорад. Мувофиқи тадқиқоти гузаронидаи Лилия Шевсова имрӯз 33% фоизи шаҳрвандони Россия ба Украина нигоҳи хуб доранд, 55% фоизи дигар ба Украина бо шубҳа нигоҳ месозанд. Албатта ин мазмун ҳам баҳснок аст ва назари дақиқу рушанро тақозо дорад. Ҳамакнун сиёсатмадорони муосир бар он расиданд, ки байни намояндагони оини прославӣ низоъ ва ҷудоӣ андозанд. Тариқи шабакаҳои телевизионӣ ҳар шаб мо шоҳиди он мегардем, ки дар ин самт чӣ қадар хушунатҳо рух дода истодаанд.Ҷудо шудани калисои прославии Украинаро президенти Украина Пётр Порошенко мустақиляти диннии Украина донист ва дар Twitter чунин навиштааст: «15-уми декабр дар таърихи Украина ҳамчун рӯзи муқаддас дониста мешавад ва ин рӯзест, ки мардуми Украина бе мардуми рус мустақилона дини худро мепарастад…». Инчунин роҳбари ҳизби «Баткивщина» Юлия Тимошенко низ андешаҳои ӯро пайгирӣ намуда чунин гуфтааст: «Раҳмат ба патриарх Филарет, ки ин корро ба анҷом расонд ва орзуи чанддинсолаи моро амалӣ гардонид». Аммо ин ҷо бояд мо иброз дорем, ки дар ҳама давру замон манзалати дин дар байни халқияту миллатҳои гуногун муқаддас дониста мешавад ва ҳеҷ қуввае наметавонад, ки халқеро аз сарчашмаи эътимоди худ дур созад. Дар охир бояд иброз намуд, ки дар Украина бозиҳои сиёсии зиёде ба назар мерасанд. Барои мисол имрӯз собиқ депутати Радаи Олии Украина Надежда Савченко дар ҳабс гуруснагӣ эълон кардааст ва таи шаш рӯз аст, ки гуруснагӣ мекашад. Ҳол он ки соли 2016 баъди бахшидани гуноҳаш аз ҷониби Президенти Россия Владимир Путин ӯ ба Украина баргашт ва ба ӯ унвони Қаҳрамони Украинаро доданд. Хангоми депутат буданаш Савченко баромад карда гуфта буд, ки тайёр аст дар давраи интихоботи президентӣ моҳи марти соли 2019 иштирок намояд. Баъдтар Радаи Олии Украина ӯро аз ҳуқуқи депутатиаш маҳрум сохт ва бо айби мақсади табодулоти табаддуоти давлатӣ доштанаш ҳабс намуд. То ҳанӯз ҳабс шудани Надежда Савченко муаммои сарбастеро мемонад. Дар охир ҳаминро бояд иброз намоям, ки имрӯз Гарб аз мушкилоту проблемаҳои Украина монда шудааст, зеро тӯли чор сол аст, ки онҳо роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро наёфта истодаанд. Чанд рӯз пештар журналисти "Шпигель" Christian Neef навишта буд, ки имрӯз ҷанги Донбасс аз хотири мамлакатҳои Аврупо зудуда шудааст ва дар қитъа онро ба ёд овардан намехоҳанд. Албатта вақт саҳеҳтарин возеҳоти зиндагӣ дониста мешавад ва тафаккури солим дар ҳама давру замон дар ҳамбастагӣ бо вақт ғалаба мекунад. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.