Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»-таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор мегардад

«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»-таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор мегардад

21-05-2019, 12:02
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 майи соли равон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе барномаи идонаи фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур беҳтарин санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди Шуҳрат Сайнаков, Ситораи Кароматулло, Шаҳроми Абубакр, Ҷамшед Исмоилов, Суруш Холов, Мадина Ҳақназарова, Нишонаи Рустам, Иззат Шарифӣ, Хайриддини Шариф, Қурбон Алиев ва Комилҷон Зарипов иштирок намуда, бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.

Мақсад аз баргузор намудани барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ба ҳам овардани ҷавонон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 1997 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: