Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Душанбе Форуми ҷавонон ҷараён дорад

Дар Душанбе Форуми ҷавонон ҷараён дорад

23-05-2018, 15:55
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Форуми ҷавонон ҷараён дорад
Май 23, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, алҳол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Пешвои миллат — рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо, ҷавонон» ҷараён дорад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода конфронсро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони мамлакат аст, ки онҳо ба комёбиҳои беназир мушарраф мегарданд.
Дар Душанбе Форуми ҷавонон ҷараён дорад

«Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ рӯшан менамояд», — афзуд А.Абдуллозода.

Дар конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода изҳор кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.

Дар конфронс ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳадафи асосии сиёсати ҷавонон ин муттаҳид сохтани нерӯи созандаи насли ҷавон дар атрофии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири эъмори чомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад.

Конфронси мазкур давоми рӯз ҷараён гирифта, дар кори он роҳбарони ташкилоту идораҳо, ректорони муассисаҳои олии чумҳурӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҷавононро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: