Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад

23-05-2017, 08:23
Хабарро хонданд: 377 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад
Дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, пагоҳ дар пойтахти кишвар баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!» пагоҳ дар Муассисаи давлатии «Боғи Парчами миллӣ» доир мешавад.

Дар ҳамоиш 6 ҳазор нафар ҷавонони пойтахт иштирок намуда, 3 ҳазор нафари онҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ ва 3 ҳазор нафари дигар аз самти кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур вориди майдони «Боғи Парчами миллӣ» шуда, ба ҳам мепайванданд.

Дар қисмати фароғатии барнома ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ба рӯҳияи идонаи ҳамоиш шукӯҳи тоза мебахшанд.

Ҳамчунин бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт шоу-барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: