Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Афзоиши имтиёзҳои андозӣ ба манфиати кист?

Афзоиши имтиёзҳои андозӣ ба манфиати кист?

28-03-2019, 11:23
Хабарро хонданд: 13 нафар
Назарҳо: 0
Афзоиши имтиёзҳои андозӣ ба манфиати кист?

Чанде қабл Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили мубрами андозӣ нишасти хабарӣ доир намуда, масъулини кумита ба бисёр саволҳои хабарнигорони васоити ахбори дохилию хориҷии муқими пойтахт ба таври муфассал ҷавоб гуфтанд.
Ба хотири он, ки нишасти мазкур на танҳо барои журналистон, балки барои соҳибкорону сармоягузорон низ аз манфиат холӣ нест, гузорише аз ҷараёни он пешкаши хонандагон намудем.
Дар аввал муовини раиси кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфӣ ба масъалаҳои андозу андозбандӣ ва сиёсати андозӣ дар ҷумҳурӣ дахл карда, таъкид намуд, ки солҳои охир таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд пешниҳод шудааст.
3,3 млрд. сомонӣ - ҳаҷми маблағи имтиёзҳои андозӣ
Аз ҷумла ба муҳлати то панҷ сол аз андози фоида озод намудани сармоягузорон вобаста ба ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ, лағви андози арзиши иловашудаи корхонаҳое, ки бо маснуоти заргарӣ, метал, сангҳои қиматбаҳо, пилла, наху калобаи пахтаи ба содирот нигаронидашуда ва амсоли ин сару кор доранд, содироти либосҳои шакли ягонаи мактабию томактабӣ, дорувории истеҳсолоти ватанӣ, воридоти таҷҳизоти навтарини истеҳсолӣ-технологӣ барои корхонаҳои дорусозӣ ва парандапарварӣ шумораи камтарини имтиёзҳое мебошанд, ки дар чанд соли охир роҳандозӣ шудаанд. Ҳар сол дар арафаи соли нави буҷетӣ ҷиҳати дастгирии соҳибкорону сармоягузорон имтиёзҳои иловагии буҷетӣ муқаррар карда мешаванд. Бахусус минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз низоми имтиёзноки андозӣ бештар бархурдоранд. Дар ин минтақаҳо субъектҳои хоҷагидор фақат андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ супурда, аз дигар намудҳои андоз озоданд.
Вале зимнан бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди муқаррар шудани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои коркарди пӯст, пашм, нахи пахта, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ин корхонаҳо то ҳанӯз аз имтиёзҳо ба таври лозима истифода набурдаанд.
Тибқи маълумоти мақомоти андоз дар солҳои 2013-2018 манбаъҳои андозбандии имтиёзнок афзоиш ёфта, маблағҳои имтиёзиашон ба 13,2 млрд. сомонӣ баробар гаштааст ва ҳиссаи онҳо 30,3 фоизи маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, ҳаҷми маблағи имтиёзҳои андозӣ тамоюли афзоишёбӣ дошта, агар дар соли 2013 зиёда аз 500 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2018 ба 3,3 млрд. сомонӣ расидааст. Маҳз афзоиши имтиёзҳои андозӣ аз арзиши иловашуда боиси мутаносибан коҳишёбии маблағҳои ҳисобшуда ва беиҷро мондани нақшаи андози мазкур дар соли 2018 гардид. Дар панҷ соли гузашта имтиёзҳои андозию гумрукии барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинишуда 71 номгӯйро ташкил дода, баъд аз ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз ин шумора дар соли 2018 ба 97 номгӯй баробар шудааст.
- Хулоса, ба танзим даровардани масъалаи имтиёзҳои андозӣ муносибатҳои андозию буҷетиро дар ҷумҳурӣ устувору шаффоф гардонида, раванди сармоягузориро ба низом медарорад, рақобати нобаробару носолимро пешгирӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳибкорӣ ва буҷети давлатӣ мусоидат менамояд,- гуфт муовини раиси Кумитаи андоз.

Пешпардохтҳои андозии асосдошта ё беасос
Дар посух ба саволи то кадом андоза қонунӣ будани пешпардохтҳои андозӣ зикр гардид, ки тибқи Кодекси андоз супорандагони андоз аз фоида дар давраи ҷамъбасти фаъолияти яксола ҳисоби ниҳоии пардохт анҷом дода, эъломияи ҷорӣ пешниҳод мекунанд ва бо назардошти камию зиёдии фоида нисбат ба соли қаблӣ маблағи пешпардохт ва ё уҳдадории андозсупоранда дар назди буҷет муайян карда мешавад. Баъд аз пешниҳоди эъломияи ниҳоӣ ва баргузории ҳисоббаробаркунии маблағи қаблан пардохташуда дар ҳисобварақаи андозсупоранда аз ҳисоби пардохтҳои ҷорӣ маблағи изофапулӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат маблағҳои изофавии аз ҳисоби андозҳои ҳисобшуда ҷамъомада дар ҳисобварақаи андозсупоранда барои давраи оянда моҳ ба моҳ ҳисоббаробаркунӣ намуда, изофапулии бавуҷудомада пӯшонида мешавад. Лекин ҳолати дигаре ҳам ҳаст, ки кормандони мақомоти андоз аз соҳибкорон беасос пешпардохти андозӣ талаб мекунанд. Дар чунин ҳолат тибқи талаботи фармоиши Кумитаи андоз аз 1 августи соли 2016, таҳти рақами 276 оид ба танзим даровардани маблағи зиёдапулии андозӣ барои беасос талаб намудани пешпардохти андозҳо ба кормандони мақомоти андоз муҷозот муқаррар шудааст. Ин масъала таҳти назорати доимии Кумитаи андоз қарор дошта, дар соли 2018 нисбат ба 14 корманди мақомоти андоз, ки беасос пешпардохт талаб кардаанд, муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид. Онҳо огоҳ карда шуданд, ки дар сурати такрор намудани ин амал аз кор ронда мешаванд.
Бақияи қарзи андозҳо - масъалаи хеле мубрам
-Воқеан, бақияи қарзи андозҳо имрӯз ба масъалаи хеле мубрам табдил ёфтааст, - гуфт дар ҷавоб ба саволи навбатӣ П. Юсуфӣ. - Тибқи маълумот ба 1 январи соли 2019 маблағи бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо 725,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. Вале мехоҳам таъкид кунам, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида вазни қиёсии маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбат ба ҳаҷми умумии воридоти андозҳои дохилӣ дар соли 2018 ба 7 фоиз баробар гардида, дар муқоиса ба солҳои 2015-2017 ду фоиз камтар шудааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо танҳо дар соли 2018 нисбати андозсупорандагон 6, 5 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи зиёда аз 1 млрд. сомонӣ қабул гардида, ҳамзамон аз ҳисоби қарорҳои ҳаммонанди соли 2017 ба буҷет 944,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2017 дар ҳаҷми 119,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Яъне, дар ин самт ҳам пешравиҳо ба назар мерасанд, лекин, мутаассифона, ҳоло мо гуфта наметавонем, ки масъала пурра ҳалли худро ёфтааст. Зеро дар ин ҷо бисёр омилҳое ҳастанд, ки ба баҳогузорӣ эҳтиёҷ доранд ва мо ин омилҳоро дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ки сиёсати андозиро пеш мебарад, омӯхта истодаем. Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳо доир ба ин масъала аз ҷониби Кумитаи андоз омода ва ба Вазорати молия пешниҳод карда, дар комиссияи муштарак баррасӣ мегардад. Барои аз эътибор соқит кардани қарзҳои андозӣ қонунгузорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудани онҳоро талаб дорад. Дар дигар ҳолатҳо бо фармоишоти муштараки Вазорати молия ва Кумитаи андоз қарзи андоз метавонад кам карда шаванд. Дар маҷлиси охирини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соқит кардани як қисм қарзҳо қарори алоҳидае қабул шуда буд. Яъне, аз эътибор соқит кардани қарз бояд асоси қонунӣ дошта бошад.
Маъмурикунонии андоз ё сабукиҳо ба андозсупорандагон
-Мавзуи дигаре, ки дар нишастҳои матбуотӣ аз саволҳои шумо бармеояд, маъмурикунонии андоз аст,- зикр намуд муовини раиси кумита. -Дар масъалаи такмили қонунгузории андоз бояд таъкид намоям, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, кам кардани сарбории андозӣ ва ба танзим даровардани санҷишҳои андозӣ солҳои охир ба санадҳои меъёрии андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҷиҳати ба андозсупорандагон додани сабукиҳо бисёр имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва асноди беасос дар Кодекси андоз моддаи алоҳида илова карда шуд, ки тибқи он ҳангоми вуҷуд доштани духӯрагӣ ё ихтилофот дар муқаррароти Кодекси андоз масъала ба манфиати андозсупоранда ҳал карда мешавад. Ғайр аз ин, тибқи қонунгузорӣ минбаъд қарзи андози андозсупоранда даромади андозсупоранда ҳисоб намеёбад.
Тафовут миёни санҷиши андозӣ аз назорати камералӣ
Ба гуфти Пӯлодҷон Юсуфӣ тибқи қонунгузорӣ санҷишҳои нақшавии андозсупорандагоне, ки даромади умумии онҳо дар давраи соли тақвимии гузашта бештар аз 25 ҳазор сомонӣ мебошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол ва камтар аз 25 ҳазор сомонӣ бошад, дар ду сол як маротиба анҷом дода мешаванд. Санҷиши аввалини нақшавии ҳуҷҷатии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд фақат пас аз 36 моҳи сипаришудаи тақвимӣ (қаблан 24 моҳ буд) аз рӯзи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардад. Инчунин муқаррар гардидааст, ки минбаъд ҳангоми қатъкунии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ санҷишҳои маҷмӯӣ ё мавзӯӣ гузаронида нашуда, нисбат ба ин категорияи андозсупорандагон санҷиши хотиравӣ анҷом ёбад.
Гуфта шуд, ки нисбати назорати камералӣ баъзе эъродҳо ҷой дошта, мутаассифона дар бисёр ҳолатҳо он бо санҷиши андоз як ҳел фаҳмида мешуд. Бояд ба инобат гирифт, ки тибқи қонунгузорӣ назорати камералӣ санҷиши андозӣ ҳисоб намеёбад. Санҷиши андоз аз назорати камералӣ фарқ дошта, як намуди назорати ҳуҷҷатии андозист. Барои анҷом додани ин гуна санҷиш тибқи тартиби муқарраршуда бояд, ки дар аввал нақшаи санҷишҳо барои ҳар нимсола омода ва тасдиқ карда, дар сомонаи Кумитаи андоз ҷой дода шавад. Ба ин васила андозсупоранда аллакай медонад, ки кадом вақт таҳти санҷиш қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2013 ин ҷониб дар санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор системаи баҳогузории хавфҳо истифода бурда мешавад. Яъне, дар асоси маълумотҳои зиёди ба Кумитаи андоз омада муайян карда мешавад, ки хавфи қонунвайронкунии андоз дар фаъолияти кадом андозсупоранда бештар ба мушоҳида мерасад ва ҳамон андозсупоранда ба нақшаи санҷиши андозҳо ворид мегардад. Ва баъд аз ин, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз аввал аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда огоҳинома фиристода, фақат пас аз на камтар панҷ рӯз дар асоси амрномаи алоҳида, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти андоз имзо шудааст, корманди мақомот рафта, фаъолияти андозсупорандаро дар маҳали фаъолияташ дар асоси тамоми ҳуҷҷатҳои мавҷуда таҳти санҷиш қарор медиҳад. Ин дар ҳолест, ки сухан агар дар бораи санҷиши маҷмӯии андоз равад. Назорати камералӣ бошад, бевосита дар худи мақомоти андоз гузаронида мешавад. Барои анҷом додани чунин назорат огоҳиномаю амрнома даркор нест. Ин назорат дар асоси ҳамон маълумоте, ки андозсупоранда аллакай ба мақомоти андоз дар шакли ҳисобот, эъломия ва ғайра пешниҳод кардааст, дар муқоиса бо дигар маълумотҳое, ки ба мақомоти андоз аз мақомоти дигари давлатӣ дастрас шудааст, гузаронида мешавад. Мақсади асосии назорати камералӣ пеш аз ҳама, аз маълумотҳои иловагии аз дигар мақомот ба Кумитаи андоз расида огоҳ кардани андозсупоранда буда, хусусияти ёрирасонӣ дорад. Фаразан, андозсупоранда ба Кумитаи андоз дар эъломияи худ маблағи бори воридшудаашро 200 ҳазор сомонӣ нишон додааст ва ин маблағ дар маълумотномаи гумрукӣ 500 ҳазор навишта шудааст. Ҳангоми гузаронидани назорати камериалӣ андозсупоранда огоҳ карда мешавад, ки ин «хато» - и худро ислоҳ намояд. Яъне, назорати камералӣ қабл аз ҳама, бо мақсади пешгирии ҷарима, фоизҳо ва ба вуҷуд наомадани мушкилоти ҳолати молиявии андозсупоранда гузаронида шуда, хусусияти ёрирасонию огоҳкунандагӣ дорад.
Бояд гуфт, ки назорати камералӣ ба моратория оид ба санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дохил намешавад, зеро он санҷиш ҳисоб намеёбад.
Ба рейтингҳои андозбандӣ бовар кунем ё не?
Ба фикри баъзе аз намояндагони доираи соҳибкории кишвар меъёри андозбандии мо дар қиёс ба бисёр мамлакатҳо баланд аст ва дараҷаи баланди имрӯзаи сарбории андозҳо метавонад дар пай оқибатҳои ногувор дошта бошад. Мувофиқ ба таҳқиқоти Paying Taxes, ки онро ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers дар ҳамдастӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ гузаронидааст, соли 2019 дар ҳоле, ки меъёри умумии андоз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоби миёна ба 32,8 фоиз баробар буда, танҳо дар 8 давлати дунё меъёри сарбории андозҳо нисбат ба Тоҷикистон баланд аст, ин нишондиҳанда дар ҷумҳурии мо 67,3 фоизро ташкил медиҳад. Ба таври дигар, аз се ду ҳиссаи воридоти маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии 17,8 млрд. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриро, ки аллакай муқаррар шудааст, андозҳо ташкил медиҳанд.
Роҳбарияти Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба ин гуна рейтингмуайянкуниҳо бо шубҳа менигаранд ва ба журналистоне, ки роҷеъ ба каму зиёдии дараҷаи андозбандӣ дар ҷумҳурии мо нисбат ба дигар кишварҳо суол пешниҳод мекунанд, ҳамин гуна тавсия медиҳанд.
Пулодҷон Юсуфӣ, муовини раиси Кумитаи андоз дар ин нишаст дар ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон изҳор дошт, ки дар вақти тартиб додани рейтинги охирини Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи ҳисоботи Doing Business на ҳамаи нишондиҳандаҳои Тоҷикистон доир ба бақайдгирии соҳибкорӣ ва андозбандӣ ба он ба ҳисоб гирифта шудааст ва бо сабаби барояш номаълум мамлакатҳое, ки меъёри андозбандиашон аз Тоҷикистон баланд аст, дар рӯйхати рейтинг аз мо боло гузошта шудаанд. Маълум, ки тартибдиҳандагони рейтинг ба қонунгузории андози Тоҷикистон чандон балад нестанд.
Бояд гуфт, дар нишасти матбуотии моҳи февралии ҳамин сол доир ба ҷамъбасти яксолаи фаъолияти мақомот раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода низ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфта буд, ки ба чунин рейтингмуайянкуниҳо бо шубҳа менигарад. Ба фикри мавсуф, меъёри андозбандӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар мамлакатҳо баланд нест.
Вале ба иттилои Завқибек Шодиён, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози кумита, айни замон вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш гирифтаанд, ки низоми андозбандии амалкунандаро омӯхта, доир ба кам кардани сарбории андозҳо ба ҳукумат тавсияҳо пешниҳод кунанд. Иҷрои ин супориш дар доираи ташаббуси роҳбарияти кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ гашта, ба андешаи мавсуф, сабук кардани сарбории андозҳо ба афзоиши сафи соҳибкорон ва даромад ба буҷети мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Кӯшиш барои дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ
Дар нишаст доир ба кӯшишҳои моқомоти андоз вобаста ба дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ низ сухан ба миён омада, хабар дода шуд, ки дар асоси як тарҳи қонун, ки вазорати молияи кишвар таҳия кардаасту рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад, ширкатҳои хориҷие назири «Гугл» ва «Фейсбук», ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, муваззаф хоҳанд шуд, ки ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд.
- Чунин тартиб дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла Россия роҳандозӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар қонунгузории андози Тоҷикистон набуд. Барои ба роҳ мондани он ба Кодекси андоз тағйирот ворид кардан лозим меояд, - қайд кард З. Шодиён.
Дар охир муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфӣ бори дигар журналистонро ба ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз даъват карда, хоҳиш намуд, ки аз сомонаи Кумитаи андоз самаранок истифода баранд ва дар инъикоси масоили андозӣ ҳар душворие, ки пеш ояд, ба Кумитаи андоз муроҷиат кунанд.

Неъматулло Худойбахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: