Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нусратулло Давлатзода: «Як сабаби таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои андоз пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ буд

Нусратулло Давлатзода: «Як сабаби таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои андоз пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ буд

9-02-2018, 06:58
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Нусратулло Давлатзода: «Як сабаби таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои андоз пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ буд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,8% таъмин гардид. Ба ҷои 9 млрд. 318 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 9 млрд 575,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 257, 4 млн. сомонӣ зиёд аст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма пешниҳод намуд.

Тибқи маълумот, инчунин дар ин давра иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 91,8 % ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 97,2 % таъмин гардид.

Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нишондиҳандаҳо доир ба андозҳои мазкурро раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар кам шудани манбаъҳои андозбандии онҳо ва дар баробари ин зиёд гардидани ҳиссаи амалиёти аз андозбандӣ озод ва амалиёти бо меъёри пасткардашудаи 5-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда андозбандишаванда дар баъзе соҳаҳо, инчунин дуруст ва пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ ва то ҳадди пешбинишуда афзоиш наёфтани шумораи коргарон ва музди меҳнати коргарони кироя вобаста донист.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: