18 шаҳру ноҳия нақшаи буҷети давлатиро иҷро накардаанд3-08-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Давоми шаш моҳи соли равон 18 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро иҷро карда натавонистаанд.
Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 22 июли соли равон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, гуфт: «Ҳар як шаҳру ноҳия сабабҳои объективии худро дорад, лекин сабаби аслии он таъсири омилҳои буҳрони молӣ мебошад». Н. Давлатзода зикр намуд, ки феълан ҳамаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ дар иҷроиши нақшаи буҷети давлатӣ мушкил доранд. Ӯ инчунин афзуд, ки шояд дар нақшабандӣ ба баъзе камбудиҳо роҳ дода бошем, вале иҷроиши нақшаи андозҳо пеш аз ҳама ба фаъолияти корхонаҳо ва рушди истеҳсолот вобастагӣ дорад. Масалан, шаҳри Ҳисор тайи 3-4 соли охир нақшаи андозро таъмин карда наметавонад. Яке аз сабабҳояш ин аст, ки аксарияти соҳибкорон дар ин ҷо фаъолияташонро идома дода натавонистанд ва рафта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданд. Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, бо вуҷуди таъсири омилҳои буҳрони молӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҷойи 3,9 млрд. сомонии пешбинишуда, ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 4,1 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 200 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 375 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар нишаст инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин нимсола аз ҷониби мақомоти андози ҷумҳурӣ зиёда аз 12 400 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 104,5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида ва аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 53 млн. сомонӣ ворид гардидааст. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.