Нақлиётчён созмони ибтидоӣ таъсис доданд16-03-2019, 06:51
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Хуҷанд: Дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ин муносибат ҷаласаи ҷомеаи меҳнатии коргоҳ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд. Номбурда ташкил шудани созмони ибтидоиро дар ин коргоҳ густариш ёфтани фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ намуд. Дар маҷлис иштирокдорон якдилона директори генералии КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” Саидхӯҷа Баҳоваддиновро раиси созмони ибтидоӣ интихоб намуданд. Баъдан ба 15 нафар кормандон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин корхона бештар аз 400 нафар фаъолият дошта, то имрӯз бештар аз 50 нафар хоҳиши ба сафи ҲХДТ дохил шуданро намудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.