Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲИЗБИЁН ТАШШАБУСКОР БОЯД БОШАНД

ҲИЗБИЁН ТАШШАБУСКОР БОЯД БОШАНД

21-04-2017, 11:33
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИЁН ТАШШАБУСКОР БОЯД БОШАНД
Бо ширкати аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Андоз пояи давлат», дар маҷлисгоҳи Раёсати мақомоти андоз дар вилояти Суғд ҷаласаи ҳисоботии семоҳаи аввали ташкилоти ибтидоӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат дошд.
Бахтиёр Султон , раиси ташкилоти ибтидоии «Андоз пояи давлат» иштирокчиёнро бо масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шинос намуд ва суханро ба муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Наим дод.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома-ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Андоз пояи давлат» дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифагузориҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҳизб Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ 5 январи соли 2017 баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи ҳизб, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ба Парлумони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз 22-декабри соли 2016, Маводҳои Конференсияи 11-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд, маводҳои Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ монда шуд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 35 нафар шахсони арзанда аз ҳисоби кормандони Раёсати мақомоти андоз дар вилояти Суғд ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд.
Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоӣ баҳои қанотбахш дода, барои боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ таклифҳои судманд дод ва дар вазъияти тантанавӣ барои хизматҳои шоиста дар пиёда намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии “Андоз пояи давлат” Бахтиёр Султонро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Дар ҷамъбасти кори ҷаласа Бахтиёр Султон бобати пардохти аъзоҳаққӣ, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва масъулиятшиносии ҳар як аъзои ҳизб сухан карда, даъват ба амал овард, ки ташаббускорию тозапардозӣ шеваи асосии ҳизбиён бояд бошад.
Дар охир ба якчанд нафар аъзои нав ба сафи ҳизб дохилшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Бо ҳамин ҷаласа ба кори худ хотима пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: