Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сатҳи тафаккури сокинон аз муҳити солими идеологӣ вобаста аст

Сатҳи тафаккури сокинон аз муҳити солими идеологӣ вобаста аст

21-02-2019, 06:29
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Сатҳи тафаккури сокинон аз муҳити солими идеологӣ вобаста аст

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Лоиҳакаш" хониши сиёсӣ доир карда шуд.Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер кушода, оид ба дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикстон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 7-уми феврали соли 2019 дар Маҷлиси ҷамбастии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъулин дода буданд, ҷиҳати дар амал тадбиқи онҳо ибрози ақида намуд.
Сипас, дар масъалаи ташаккул додани мафккураи зиддикорупсионӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Бо дарки маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: