Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ

Хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ

3-08-2018, 10:07
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ
Фархор: Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат», ки сокинони деҳаи Сайёраи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Итсиқлолияти Тоҷикистонро мутаҳид месозад, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ дар назди ҳозирин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия - Шаҳбози Искандар баромад намуда, саравал оиди маҳкум намудани амали терористие, ки санаи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи муташакилӣ ҷиноӣ бар зидди 7 – нафар сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд, ки боиси марги 4-нафари онҳо ва захми шудани ду нафари дигар гардида буд муфассал суханронӣ намуд. Ҳамчунин, оиди хатару таҳдидҳои тероризму экстримизм, назорати ҷиддии фарзандон ҷиҳати пешгирии гаравидани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротӣ ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз иштирокдорон хоҳиш намуд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд ва ҳангоми мушоҳидаи шахсони номаълум ва ҷинояткор зуд ба мақомотҳои дахлдор хабар диҳанд.
Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Талбова Дилбар баромад намуда, оиди баланд бардоштани мавқеъи занон дар ҷомеъа, рӯ овардани занони хонанишин ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, оиди сарфакорию сариштакорӣ, оиди пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона ру овардани сокинон ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуд.
Баъди анҷоми хониши сиёсӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки ҳунармандони деҳаи Сайёра омода намуда буданд, дидан карданд ва ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: